Як нафар нон дошт, аммо бе наво дандон надошт,

Он яке бечора дандон дошт, аммо нон надошт.
Дашт бовар дошт, ки гурге дар миёни галла буд,
Галла бовар дошт аммо ман намедонам чаро бовар саги чӯпон надошт.
Он ки бовар дошт рӯзи мерасад бечора буд,
Он ки бар аъмоли дунё ғарқ буд имон надошт
Як нафар полони харро дар миёни хона пинҳон карда буд,
Он яке бо бори хар мерафту хар полон надошт .
Як нафар Фирдавс ро арзон ба мардум мефурӯхт
Нақшаҳо ку дошт дар пиндори худ шайтон надошт.
Ҳар куҷо дасти ниёзе буд аз суи дароз
Райати бечора башиш дошт аммо хон надошт.
Ҳикоя....
Нафаре гову гусфандашро ба чаро мебурд, ногаҳон гов лағжиду уфтод, соҳиби гов ҳарчанд кӯшиш кард ӯро ба по хезонда натавонист, ноилоҷ домпизишк яъне духтури ҳайвонотро овард то чорае кунанд.
Домпизишк гуфт пояш шикаста аст даво мебандам агар то се рӯз ба по нахест қассобро биёр бикуш!
Гусфанд ин моҷароро шунида ба гов гуфт ту бояд то 3 рӯз сари по исти.
Гов рузи аввал ҳарчанд кӯшиш кард натавонист рӯзи дуввум ҳам сари по нашуд, гусфанд ки аз оқибати кор огоҳ буд ноилоҷ рӯзи саввум омаду гуфт агар имрӯз ба по нахезӣ туро мекӯшанд.
Гов аз шунидани ин ҳарф тамоми қувваашро ҷамъ намуду сари по шуд бархест.
Вақте соҳиби гов омаду дид говаш сари по истодааст аз хушҳолӣ шукргузорӣ кард дастурхон густурду гусфандро сар бурид ва бо аҳлу байташ хушиву ҷашн гирифтанд!
Ин ҳикоя моро ба ин водор месозад ки дар зиндагӣ мисли гусфанд ҳамеша ғамхору ёрирасони ҳамагон набошем
Ва боз ҳам ба ин ҳушдор месозад ки ба ҳар як гове набояд кумак кард!!!
Saidakbar!!!

Комментарии

Комментариев нет.