15 июн 2015

Хар гахе бе ман бимони, дар гами ман гиря кун!

Бо хазорон нолаю фарёду шеван гиря кун! Дар сари санге нишеман доштем, эй тахти бахт, Чун нишини бе ман андар он нишеман, гиря кун! Домани кухе замоне будамон домони васл, Хар гахе бе ман рави, бар кухдоман гиря кун! Ишки мо чун гунчаи гул буду як хандиду мурд, Гунчаи пажмурдае бини ба гулшан, гиря кун! Дар бахори шавки ман сардии дай аз ту вазид, Ёд кун з-он хандахо, чун абри бахман гиря кун! Беачал кушти мухаббатхои ширини маро, Бар сари ин зиндаги то рузи мурдан гиря кун!

Комментарии

Комментариев нет.