______________________________ السميع ____________________________

Ас Самиъ

______________________________ السميع ____________________________  - 848931005037
Ас Самиъ: Шунавои ҳама садоҳо.
Ӯст ҳар садоро (овозро) дар олам (дунё) мешунавад. Ӯст Шунавои садои ҳар як сайёра ва ситора, ки бо суръати баланд дар чодари фазо дар ҳаракатанд, инчунин Шунавои садоҳои миллиардҳо махлуқот, ки баъзеаш ба чашми инсонҳо ноаёнанд, чун Офарандаи тамоми махлуқот Аллоҳ аст. Ин ҳақиқатест, ки Худованд дар Қуръони карим дар Сураи АНБИЁ (Паёмбарон) ояи 4 фармудааст:

قَالَ رَبِّي يَعْلَمُ الْقَوْلَ فِي السَّمَاءِ وَالْأَرْضِ ۖ وَهُوَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ

Гуфт: «Парвардигори ман аз ҳар сухане дар осмону замин огоҳ аст ва ӯ шунавову доност».

Худованд дар ҳар лаҳза тавонои шунидани ҳамаи садоҳои олам аст, ки яке аз далелҳои бузургӣ ва қудрати беохири Ӯст. Худо дар як лаҳза шунавои ҳама дуову ибодатҳои ҳар як бандааш ҳаст, ва бар нидои ҳама ҷавоб медиҳад. Дар ояти дигаре ба ин маъни мефармояд:

وَإِذَا سَأَلَكَ عِبَادِي عَنِّي فَإِنِّي قَرِيبٌ ۖ أُجِيبُ دَعْوَةَ الدَّاعِ إِذَا دَعَانِ ۖ فَلْيَسْتَجِيبُوا لِي وَلْيُؤْمِنُوا بِي لَعَلَّهُمْ يَرْشُدُونَ

186. Чун бандагони Ман дар бораи Ман аз ту бипурсанд, бигӯ, ки Ман наздикам ва ба нидои касе, ки Маро бихонад, посух медиҳам. Пас ба нидои Ман посух диҳанд ва ба Ман имон оваранд, то роҳи рост ёбанд!

Сураи БАҚАРА (гов)
______________________________ السميع ____________________________  - 848934007661
Лафзи Ас Самиъ дар Қуръони карим дар Сураи БАҚАРА (гов) ояи 127; 137; 224; 227; 256 ва ба ин маъни дар ояи 186; Сураи ОЛИ ИМРОН (Хонадони имрон) ояи 34; 35; 38; Сураи Нисо (Занон) ояи 58; 134; 148; Сураи МОИДА (Дастархон) ояи 76; Сураи АНЪОМ (Чорпоён) ояи 13; 115; Сураи АНФОЛ (Ғаниматҳо) ояи 17; Сураи ЮНУС ояи 65; Сураи ЮСУФ ояи 34; Сураи ИБРОҲИМ ояи 39; Сураи АНБИЁ (Паёмбарон) ояи 4; Сураи ШУЪАРО ояи 220; Сураи Ғофир (Мӯъмин) ояи 20; 56; Сураи Фуссилат ояи 36; Сураи ҲУҶУРОТ (ҳуҷраҳо) ояи 1 ва Сураи МУҶОДАЛА (ҷидол кардан) ояи 1 зикр шудааст.

Комментарии