25 Jun 2018

ТОҶУДДАВЛАИ РАШТӢ

Дар бораи зиндагию рӯзгор, инчунин, соли таваллуду вафоти шоира Тоҷуддавла маълумоти кофӣ дастрас нест. Тоҷӣ Усмон дар асараш «Бисту се адиба» (Сталинобод, 1957) ва муҳаққиқ Усмон Назир дар (Энсиклопедияи советии тоҷик) зиндагии ӯро ба асри XIX мансуб донистаанд. Тибқи маълумоти дастрасшуда шоира дар хонадони шоҳони Ғарм зоида вав ба камол расидааст. Шоҳони Қаротегину Дарвоз аз асрҳои XVII–XIX аз як шаҷараву кунда буда, бо ҳам муносибати хешутаборӣ дошта будаанд. Аз ин ҷост, ки писару духтарони худро бо ҳам хонадор карда, сулолаи шоҳиашонро идома медодаанд. Тоҷуддавлаи малика – духтари шоҳи Ғарм ҳам дар ҳусну ҷамол, ҳам дар ақлу дониш овоза пайдо карда буд. Ин овоза ба шоҳи Дарвоз низ мерасад ва ӯ малика Тоҷуддавларо хостгорӣ намуда, ба Қалъаи Хум мебарад. Номи шоҳи Дарвоз дар баъзе сарчашмаҳои адабию таърихӣ Исмоил буда, дар нимаҳои асри XIX ҳукмронӣ кардааст ва маркази шоҳигариаш дар Тавилдара будааст, вале аз баъзе сарчашмаҳои дигари таърихӣ бармеояд, ки дар нимаҳои асри XVII Исмоил шоҳи Дарвоз будааст.
Ба қавли донишманди тоҷик Тоҷӣ Усмон, қабри шоира Тоҷуддавла дар даруни заставаи Қалъаи Хумб будааст ва дар болои он санги катибадоре гузошта шудаа будааст ва имрӯз маълум нест, ки гӯри ин суханвари маъруфи тоҷик мавҷуд аст ё аз байн рафтааст.
Ба қавле аз Тоҷуддавла рубоие, низ боқӣ мондааст, ки ин аст:
Шаҳ кард бинои қалъаро дар боғе,
Офат нарасад ба мевааш аз зоғе,
Таърихи бинои Қалъаи Хум кардам:
«Дар синаи душманон ниҳодам доғе».
Тавре овозхони маъруф Дона Баҳром дар китобаш «То ба Юнон бурдаанд хокистари Дарвозро» овардааст, ки санаи таърих дар рубоӣ калимаҳои «боғе» ва «зоғе» буда, аз он соли 1637 бармеояд, ки соли вафоти Исмоил ва бунёди қалъаи нав ба ҳамин сол рост меояд. Аз ин ҷо бармеояд, ки шояд ин Исмоил номи дигар шоҳ бошад ва аз ин ҷо низ бармеояд, ки Тоҷуддавла дар асри XVII зиндагӣ ба сар бурда будааст.
Аз чанд пораи шеърии боқимондаи Тоҷуддавла маълум мешавад, ки ӯ шоираи тавоно ва аз осори бузургони адабиётамон ба хубӣ огоҳ будааст. Ғазали «Агар ба бод диҳам…», ки аз ҷониби чандин ҳунармандони маъруфи кишвар суруда мешавад, далели истеъдоди баланди Тоҷуддавла мебошад. Ривоят ҳаст, ки ӯ худ мутрибаи бомаҳорате низ будааст ва овози гӯшнавозе дошта ва ин ғазалро месароидааст.
Агар ба бод диҳам зулфи анбаросоро,
Ба доми хеш кашам оҳувони саҳроро.
Агарчи кабкхиромам, валек шаҳбозам,
Ба пойи ман нарасад даст ҳеҷ анқоро.
Агар ба талъати хубам назар кунад Юсуф,
Дигар ҳавас накунад дидани Зулайхоро.
Чу Тоҷуддавла нишон шуд, ки хубрӯёнам,
Сабо, зи толеи ман мужда деҳ шаҳаншоро.
Муҳтарам ҲОТАМ
Аз китоби "Фарзонагони Раштонзамин"

Comments

  • 27 Jun 2018 13:59
    Аз хамдиеронам , пеш аз хама аз мардони сохиби аклу хирад , зиеиен ва онхое ки хамин хоку замин , хамин боду хаво , хамин мардуми бонангу номус , мехнати ва Ватанпарвар азизу гироми аст , хамин номи туркии КАРОТЕГИН аз ин макони шоирхез , фархангдуст тамоман то рузи киемат ба нобуди ва фаромуши равад . Диди ки нашуд , монед ки ном ва сулолаои онхо танхо дар сахифоти таърих хамчун як разми як бегонапарасти , худкушу ачнабипараст монаду халос !
    Хамин холати бегонапарасти , ба ин зотхо ва зогхои бадмур бовари карда ,ба сари кудрат овардани эшон аст , ки хоки мукадаси Хуросонзамин ба порахо таксим гардид ва холо боз мочарои нави талош ба замини точикони азизи Исфара хали худро наефтаа аст .
    Бигузор номи аслии РАШТИ азиз танинандоз гардад ...
    Чи хеле маълум аст ин сарзамини сирф точикон бонангу номусанд , шоиртабиат хам хастанд , Гармии асил бо когазу калам ба воя мерасад .
    Аз ин макони мукадас на ин ки як Точудавлахо , балки Авлие Хасанхо , Гулханихо барин шахсиятхои маъруф чигаргушаи илму хирад , фалсафаи форсизабонхоянд ..
    Муалиф дуруст кайд карданд ки шоираи Худорахмати дар асри  17 милоди умр ба сар бурдааст , ба шавхар баромаданаш ба зодаи Дарвоз низ дуруст ...
    Амо афсус ки дар солхои шуми сиюми асри гузашта мардум китобхои кадима ки мероси гузаштогонамон буданд , ба даре мепартофтанд , таги хок мекарданд .
    Баъзе ин сарвати бебахо дар тамоми  мамолики дуне пахну парешонанд , кай он замон мерасад ки маркази хосаи осори чамъоварии ин ганинаи ганч дар Душанбе ташкил гардад . Кош ки дар байни ин ганчина осори ба меросмондаи хамин духтари зебо ва боаклу тамиз Точудавлаи Рашти пайдо гардад .....
  • 27 Jun 2018 21:03
    Офарин хамшахри азиз. Джафар ака