2 июн 2024
Пайрави ба шеъри Устод Лоик "дар кучо мемири охир, шоири шуридахотир".
Аз Ватан дуру дилафгор,
Ë, ки дар огуши дилдор,
Ë ки дар гирдоби такдир,
Ë зи макри ëру агëр?
" Дар кучо мемири охир, "
Эй Муродии мухочир.
*****************
Ë, ки дар байни рафикон,
Ë, ки дар фанди ракибон,
Гаштаи сарсону дилгир
Дида ахволи гарибон,
"Дар кучо мемири охир"
Эй Муродии мухочир.
********************
Ë шабе дар хоби гафлат,
Ë ба фикри молу давлат,
Ë замингиру замонгир,
Ë ба ëди халку миллат.
"Дар кучо мемири охир, "
Эй Муродии мухочир...
(Х.Муроди. 2-06-2024.Екатеринбург).
Аз беҳтаринҳо қалам буррову тез бод ҳамеша