13 янв 2016

Дархости кумаки як зан аз президент: Барои ошкор шудани омилони марги писарам кумак расонед Имрӯз, 10:40 Оишамоҳ Давлатова, як сокини ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон барои муҷозоти омилони марги писари 17-солааш аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон кумак хостааст.

Оишамоҳ Давлатова дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, баъди он ки мақомоти ноҳияи Ҳамадонӣ ба қазияи марги писараш - Холбой Бозоров расидагӣ накарданд, маҷбур шуд, ба президент нома нависад. Хонум Давлатова мегӯяд, соати 19-и шоми 31 октябр писараш барои мулоқот бо як духтари шиносаш рафт, аммо пас аз чанд соат хабари марги ӯро оварданд: “Вақте писарам бо он духтар мулоқот доштаст, Орзу Шарипов, язнаи духтар омада, ӯро мезанад”. Ба гуфтаи Оишамоҳ Давлатова, Орзу Шарипов иддао дорад, ки писарашро латту кӯб накардааст, балки вақте Холбойро бо духтари хешаш дид, ӯ гурехт ва тақрибан 10-15 метр аз паси вай давид. Ӯ гуфта, ҳангоми давидан нохост афтид ва ба ҳалокат расид. Ташхиси тиббӣ ҳам сабаби марги Холбойро фишорбаландӣ гуфтааст. Гӯиё ӯ пешпо хурда, меафтад ва аз фишори баланд, қалбаш аз кор мемонад, аммо хонум Давлатова мегӯяд, ба ин бовар надорад: “Писари ман ҳеч вақт фишор надошт, ягон ҷояш ҳам дард намекард, варзишгар буд. Писарамро лату куб кардаанд”. Модари Холбой меафзояд, дар беморхона корманди Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Ҳамадонӣ нагузошт, ки писарашро бинад, “аммо бародарам маҷбуран даромада дид. Мегӯяд, баданаш хунолуд буд. Писарамро дар зери макаш задаанд, паси сараш пури хун буд, то замони дафнаш аз баданаш хун мерафт”. Ба қавли Оишамоҳ Давлатова, чандин маротиба ба мақомоти дахлдор, аз ҷумла додситонӣ ва Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Ҳамадонӣ дар робита ба марги фарзандаш муроҷиат кард, аммо парванда боз накарданд: “Барои марги фарзандам, боре маро даъват накарда, чизе аз ман напурсидаанд. Худам доим ба мақомот меравам. Дар прокуратура гуфтам, ҳамон духтарро биёред, то бо ӯ рӯбарӯ суҳбат кунам, аввал гуфтанд, ки чунин қонун нест, ки он духтарро бо шумо рӯбарӯ кунем. Вақте истодагарӣ кардам, духтарро оварданд. Аз вай пурсидам, ки вақте писарам наздат омад, аз саломатиаш шикоят кард? Духтар гуфт, ки “не”. Духтарро зуд аз наздам бароварданд, дигар намонданд, суҳбат кунам”. Хонум Давлатова мегӯяд, чун ҳама медонанд, ки як деҳқони камбағал аст, ба додаш намерасанд, аз ин хотир аз раисиҷумҳур дархости кумак кард. Дар номаи ӯ ба президент аз ҷумла гуфта шудааст, “Аз Шумо Ҷаноби Олӣ эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки оиди куштори писари ман Бозоров Холбой ба органҳои қудратӣ барои кушодани ҷиноят супориши махсус диҳед”. Ин зан умедвор аст, дар пайи номааш, Эмомалӣ Раҳмон барои ба ҷавобгарӣ кашидани омилони марги фарзандаш ба мақомот дастур медиҳад. Дар ҳамин ҳол, дар Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Ҳамадонӣ аз суҳбат дар мавриди ин қазия худдорӣ карданд.

Дархости кумаки як зан аз президент: Барои ошкор шудани омилони марги писарам кумак расонед Имрӯз, 10:40 Оишамоҳ Давлатова, як сокини ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон барои муҷозоти омилони марги писари 17-солааш аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон кумак хостааст. - 814191892579

Комментарии

  • 26 фев 2016 19:27
    бад  капидан одами кштагира е не
  • 29 мар 2016 09:49
    Дафша кати репт чои реп нависита найёфти дига. Бро ай ича
  • 25 апр 2016 09:49
    Очаша гом я каментария ташкил шава реп нависи сар меша керм дар репотон мрfен чиен кадом реп махкул бд,ки бо ай т махкул меша
  • 7 мая 2016 19:28
    дафша,ки чехрат макул нашид дафша
  • 10 мая 2016 17:50
    Рост мегуй бародар
  • 22 авг 2016 14:18
    Изо намекаши он зан аз марги фарзандаш шикоят дорад  шумо рэп реклама кадесай .Аз. АЛЛОХ битарс!!!дар кабр аз рэп намепурсан...
  • 27 ноя 2016 18:38
    Авало  хамдардии мо ба ин  модаре ки фарзанди худ аз  даст додааст    ва баьд   ин фочеа  начан  рост мебошаб     ба гуфтае ки офтид
  • 27 ноя 2016 18:43
    Агар  афтида бошад  бояд    бахшиш ки  хела солшид  дар ватан нестам ва забони  худ кариб фаромушкардам бо забони рус мозги тресение  яне  баьди афтидан одам метавонад    кома да галтат   на инки фишораш баланд мешавад
  • 27 ноя 2016 19:02
    Бародар худо рахматат кунад омин
  • 30 ноя 2016 10:12
  • 14 дек 2016 23:09
    Кии
  • 15 сен 2019 09:12
    Бародар худованд чота чанат кна омин