10 июн 2016

Бо файзу ба эҳсонаш, моҳи Рамазон омад,

Бо ризқи фаровонаш, моҳи Рамазон омад.
З-ин амри Худованд сарпечи макун ҳаргиз,
Эй банда, ба фармонаш, моҳи Рамазон омад
Ин руза ба мо фарз аст, бар гардани мо қарз аст,
Бар халқи мусулмонаш, моҳи Рамазон омад.
Як моҳ ба мо меҳмон, ин моҳи пур аз эҳсон,
Манмой пушаймонаш, моҳи Рамазон омад.
Аз ташнаги тарсони? В-аз гушнаги ларзони?
Аллоҳ кунад осонаш, моҳи Рамазон омад.
Бикшода дари ҷаннат, дузахт дараш баста,
Чун ҳадяи Раҳмонаш, моҳи Рамазон омад.
бигзор моҳи шарифи Рамазон ба хонадони Шумо Файзу Баракат ва Саодату Хушбахтиҳои зиёде оварда бошад! Ин моҳи Пурнур бароятон муборак бошад!

Комментарии