Нαмоз Чисτ ?

Ҷαβοδ Нαмоз Чисτ! 1.Намоз ин Фарз аз ҷониби Аллоҳ ба банда аст 2.Намоз ин ба ҷо овардани ҳаққи бандаги. 3.Намоз ин даъват ба суи ҳама некуйҳост. 4.Намоз ин иҷобати инсон аст, 5.Намоз ин наҷоти инсон аст. 6.Намоз ин насибшудан ба Раҳмати Аллоҳ аст. 7.Намоз ин ҷалбкунандаи ризқу рузи. 8.Намоз ин нигаҳдорандаи саломати. 9.Намоз ин бартарафсозандаи азияту озор. 10.Намоз ин дурсозандаи дардҳо. 11.Намоз ин қувватдиҳандаи дил. 12.Намоз ин ҷилодиҳандаи чеҳра. 13.Намоз ин хурсандибахши ҷон. 14.Намох ин аз байнбарандаи танбали. 15.Намоз ин фаъолсозандаи аъзои бадан. 16.Намоз ин мададрасони неруҳо. 17.Намоз ин бозсозандаи сина. 18.Намоз ин гизодиҳандаи руҳу равон. 19.Намоз ин нурбахши Қалб. 20.Намоз ин нигаҳдорандаи неъмат. 21.Намоз ин дуркунандами азоби илоҳи. 22.Намоз ин ҷалбкунандаи баракат. 23.Намоз ин дурсозандаи Шайтон. 24.Намоз ин василаи наздикшави ба Аллоҳ таолост. 25.Намоз ин хушбахтии инсон дар дунё ва охират. 26.Намоз ин Ишқ ва Ишқварзидан бо Маъшуқи худ... БЕНАМОЗ Ё ШАЙТОН - КАДОМ АЗ ИН 2 БЕХТАР? Ё ШОЯД ХАРДУ = ? (ШАЙТОН БАРОИ АЗ АМРИ АЛЛОҲИ МЕҲРУБОН САРКАШИ КАРДАН ВА САҶДАРО БА ҶО НАОВАРДАН АЗ ҶАННАТ РОНДА ШУДУ АБАДУЛАБАД ДАР ДУЗАХ ХОҲАД МОНД. АММО БЕНАМОЗ ЧИ?!...) Намоз, саҷда, Дуо воситаҳои ёд кардани Аллоҳи Меҳрубон ҳастанд. Воситаҳои сарфи вақти худ дар роҳи ибодат ҳастанд. Намоз воситаи муошират байни ОФАРИДАГОР ва МАХЛУК аст. Ҳамчунин намоз ПОЯИ ДУЮМИ БИНОИ ИСЛОМ мебошад. Аллоҳи Меҳрубон дар бисёр ҷойи Қуръони Карим амри ба НАМОЗ кардааст ва ин маънои онро дорад, ки ФАРЗ АСТ адо карданаш. НАМОЗ (хамчунин дигар ибодатҳо) ИНСОНРО АЗ БАДИҲО ҲИФЗ МЕКУНАД ВА БА ГУНОҲ НАЗДИК ШУДАН НАМЕГУЗОРАД. (албатта агар аз сидқи дил хонда шавад). Новобаста аз он ки Аллоҳи Меҳрубон ин амрро борҳо такрор амр кардааст, боз мебинем, ки аксари мардуми " мусулмон" аз ин амр итоат намекунанд. Аввалин махлуке, ки аз сачдаи барои (эҳтироми махлуки беҳтарини Аллоҳ) инсон саркаши карда буд Ҷине бо номи "ИБЛИС"(алайҳиллаъна) буд. Вақте ки амр шуд то ба Инсон сачдаи эҳтиром бикунанд, хамаги саҷда карданду у саркаши кард. Бахонааш ин буд, ки " оташ аз хок болотар аст". Аз лиҳози такаббури аз Чаннати Ҷовидони ронда гашт. Акнун менигарем ба он махлуқе, ки сабаби дузахишавии шайтон гашт- яъне инсон. Чи сабаб аст, ки Инсон ба Парвардигори худ саҷда намекунад? ШОЯДАМ "ДИЛИ ПОКИ У БОШАД", КИ ТО ҲАДДЕ ПОК ШУДААСТ, КИ ҲАТТО НАМОЗ НАМЕХОНАД? ВА ШОЯДАМ ТАКАББУРИИ У БОШАД. Инсон- албатта оне, ки худро Мусулмон меҳисобад, медонад, ки НАМОЗ хондан ФАРЗ аст. Аммо боз ҳам баҳона мекобад. Бахонаҳои ин махлуқи "беҳтарин"-ро бубинед: 1. Наметавонам ( шоядам ягон бор ягон кас нагуфта бошадаш, ки намоз чист). 2. "Оли бад мехонм"( гуё медониста бошад, ки чанд сол мезиҳад). 3. Саломатиям хуб нест, табобат гирифта сар мекунам ( гуё намоз дарди уро зиёд мекарда бошад). 4. "Вақт нест","кор бисёр"( ин тоифа барои СОХИБИ ВАҚТ ҳатто вақт надоранд. Чи мешуда бошад вақте, ки аз кораш ронда шавад ва ё амсоли инҳо?) 5. "Шумо брен ма Таҳорат карда дарёбтон мекнм" ( рости гап гуё ин тоифа умуман намедониста бошанд, ки Мусулмон бояд ҳамеша поку ботаҳорат бошад). 6. "Либосам бенамоз" ( бовар кунед, то хол чунин бахонаи "ахмакона"-ро нашунида будам. Гуё бемории "занона" дошта бошанд). 7. "Э ҲАМИ ДИЛ СОФ БОША"( тавба- тавба одами "дилсоф", ки ин хел бошад, чи гила аз " дилсангон"). Ба монанди инҳо боз даххо баҳонаҳои пучи бекора... Оё мардуми бенамоз худашон фикр намекунанд, ки Мусалмони дар амал бояд намудор бошад (шояд боз ҳамун бенамозон гуянд, ки " э мо бхонем барои хдмон мехонем"). Мехохам аз онхо бипурсам, ки " ШУМО БЕҲТАРЕД Ё ШАЙТОН? " Албатта аз чиҳати офариниш инсон аз ҳама махлуқот боло аст, аммо ҳатто ҳамун махлуқоти поёнтар аз инсон буда низ ОФАРИДАГОРАШОНРО ибодат мекунанд. Аммо боз ин " дилсофҳо" агар коре кунанд ба сари "акаи шайтон" бораш мекунанд (ҳамун шайтон дар як тараф истода шоядам бигуяд, ки " рута сиёҳ накн"). Аз дасти инсони Дуо кунем Худованд ҷамии бе намозонро тавфиқ ба Намозхондан иноят фармояд. Омин ё рабул оламин. Хонди шди ? Акъ класса бчкъ

Комментарии

Комментариев нет.