ИЛТИМОС ТО ОХИРАША ХОНЕД КИ КУРЬОНИ КАРИМ БАРОИ МО МУЬМИНОН ЧИ ГУФТААСТ ?

? ?
БИСМИЛЛОХИР РАХМОНИР РАХИМ ?
БО ТУ ХОХИ СУХАН ГУЯД ХУДО КУРЬОН БИХОН,
ТО ШАВАД РУХИ ТУ БО ХАК.
ОШУНО КУРЬОН БИХОН,
МАНАМ КУРЬОН МАНАМ КУРЬОН.
МАНАМ КУРЬОНИ ЧОВИДОН,
МАНАМ САРЧАШМАИ ИМОН.
МАНАМ БАРНОМАИ ИСЛОМ.
МАНАМ БАХРИ ХАТОЧУЁН,
ЧАРО МАВЧАМ НАМЕБИНЕД.
МАНАМ ДИЛЗОРИ ДИЛ ЧУЁН,
ЧАРО ЯК ГУЛ НАМЕЧИНЕД.
БИЁ ЭЙ ДУСТ ТАМОШО КУН,
ГУЛИСТОНИ МУХАММАДРО (С).
НАЗАР БА ОЯТХОИ ОН, НИГОРИ НЕКИ АХМАДРО(С). БИЁ ЭЙ БАНДАИ РАХМОН,
БИГИР КУРЬОН ТИЛОВАТ КУН.
ДАРУНИ ГУР МУХТОЧАМ,
БА РУХИ МАН РАВОНАШ КУН. МАРО БУРДАН БА ОН ГОРЕ, ДАРУНИ КАЖДУМУ МОРЕ. НАДОРАМ ХЕЧ ГАМХОРЕ,
БИЁ КУРЬОН ТИЛОВАТ КУН. ХУДОВАНДО ТАРАХУМ КУН, БИДЕХ ТАВФИК БА БАНДАХОЯТ.
КИ БАД АЗ МУРДАНАМ ХАРДАМ,
БИХОНАМ ОЯТИ КУРЬОН ? ? ?
пешаки узр агар хатоги бошад ? ? ?

Комментарии

  • 16 сен 2016 21:38
    Бихон Қуръон, ки дил ором гирад, Бихон, то ҷон зи ҷонон ҷон бигирад Бихон, то рози хилқатро бихони, Раҳи мулки саодатро бидони Зи Қуръон нест беҳтар ҷойгоҳе, Набошад мутмаинтар з-он паноҳе. Ту эй Қуръон шафии ҷони мо бош, Ба ҳар ҷо ҳофизи эмони мо бош. ﺪﻤﺤﻟﺍ ﻪﻠﻟ Рузе марде аз назди қабри 400- солае мегузашт.Аз даруни қабр садои қироати Қуръон мебаромад, ба монанди садои булбул. Вақте, ки мард ин ҳодисаро дид, гуфт: "Субҳаналлоҳ". Ва садо хомуш шуд. Боз каме роҳ рафт, боз садои қироат Қур'он баланд шуд. Сипас мард ба хона рафт, шаб дар хобаш марди нурониеро дид ва он марди нуронӣ гуфт: Ман ҳамон касе ҳастам, ки ту имруз аз назди қабри ман гузаштӣ ва садои қироати Қур'он шунидӣ Ман дар зинда буданам, аз Худо хоҳиш намуда будам, ки вақте аз дунё гузарам, ба ман рухсат бидеҳ, то рузи Қиёмат дар қабр Қур'он тиловат кунам. Ва вақте, ки ту "Субҳаналлоҳ" гуфтӣ, ман хомуш шудам. Мард гуфт: Сабаби хомуш шуданат дар чӣ буд? Марди нуронӣ гуфт: Агар ҳар шахс ҳарруз 100-маротиба "Субҳаналлоҳ" гуяд, баробар ба 400-сол қур'онхонии ман аст. Вақте, ки ту калимаи "Субҳаналлоҳ"-ро ба забон овардӣ, аз ҳамин сабаб хомуш шудам. ВалЛоху Аълам
  • 16 сен 2016 21:42
    АЛЛОХ АЗ ШУМО РОЗИ БОШАД.ДУСТАМ.
  • 16 сен 2016 21:43

    Зани хуби фармонбари порсо
    Кунад марди дарвешро подшо.
    Бирав панҷ навбат бизан бар дарат,
    Чу ёре мувофиқ бувад дар барат.
    Ҳама рӯз агар ғам хӯрӣ, ғам мадор,
    Чу шаб ғамгусорат бувад дар канор.
    ©Саъдии Шерозӣ

  • 16 сен 2016 21:46

    Дил  ба  даст Овар ки Х,ачи Акбар аст

    Аз Х,азорон Х,ач як Дил бехтар аст

  • 16 сен 2016 21:48
    Кардам аз акл саволе ки имон чун
    аст
    Акл дар гуши танам гуфт ки имон
    адабаст
  • 16 сен 2016 21:49

    Мо зи болоему боло меравем,
    Мо зи дарёему дарё меравем.
    Мо аз онч,ову аз инч,о нестем,
    Мо зи беч,оему беч,о меравем.
    "Ло илах,"андар паи "иллАллах,"аст,
    Х,амчу "ло" мо х,ам ба "илло" меравем.
    "К,ул таъолав" оятест аз ч,азби Х,ак,
    Мо ба ч,азби Х,ак,Таъоло меравем,
    Киштии Нух,ем дар туфони рух,
    Лоч,арам бе дасту бе по меравем.
    Х,амчу мавч, аз худ баровардем сар,
    Боз х,ам дар худ тамошо меравем.
    Рох,и Х,ак, танг аст чун "саммулхийот",
    Мо мисоли ришта якто меравем.
    Х,ин ,зи х,амрох,ону манзил ёд кун,
    Пас бидон,ки х,ар даме мо меравем.
    Хондаи,"Инно илайх,и роч,иъун",
    То бидони, ки куч,ох,о меравем.
    Эй сухан, хомуш кун, бо мо майе,
    Бин, ки мо аз рашк бе мо меравем.
    Эй кух,и х,астии мо,рах,ро мабанд,
    Мо ба кух,и К,офу анк,о меравем.
    Х,иммати олист дар сах,рои мо,
    Аз Али то Арши аъло меравем.

  • 16 сен 2016 21:51
    Сири худ бо ёри
    худ харчанд
    митвони магуй
    Ёрро ёре бувад аз ёри ёр андеша
    кун
  • 16 сен 2016 21:53

    МУХАММАД САРВАРИ ПАЙГАМБАРОН АСТ
    МУХАММАД ПЕШВОИ ИНСУ ЧОН АСТ
    МУХАММАД ДАР ХАКИКАТ НУРИ ОЛАМ,
    МУХАММАД ФАЙЗБАХШИ МУЪМИНОН АСТ.
    МУХАММАД ХОДИИ РОХИ ХИДОЯТ,
    МУХАММАД ТОЧБАХШИ САРВАРОН АСТ
    МУХАММАД ШАХСАВОРИ РУЗИ МАШХАР
    МУХАММАД ПОДШОХИ КОМРОН АСТ.
    МУХАММАД КОРИИ КУРЪОНИ АЪЗАМ,
    МУХАММАД ИЛМБАХШИ ОЛИМОН АСТ.
    МУХАММАД МУЪМИНОНРО ДУСТ ДОРАД,
    МУХАММАД ДУШМАНИ КУЛ КОФИРОН АСТ
    МУХАММАД НОИБИ АЛЛОХУ АКБАР,
    МУХАММАД БАР ХАЛОИК СОЯБОН АСТ
    МУХАММАД МУЧРИМОНРО МЕНАВОЗАД,
    МУХАММАД РАХНАМОИ ГУМРАХОН АСТ.
    МУХАММАД ХОТАМИ ХАТМИ РИСОЛАТ
    МУХАММАД ДАРГАХАШ ДОРУЛАМОН АСТ.
    МУХАММАД ФАТХИ БОБИ ЧУМЛА АРБОБ.
    МУХАММАД ОБРУЙИ УММАТОН АСТ
    МУХАММАД СОХИБИ ХАР ХАФТ ДУЗАХ,
    МУХАММАД НУРИ ТОБОНИ ЧИНОН АСТ.
    МУХАММАД ШОФЕИ РУЗИ КИЁМАТ,
    МУХАММАД УЗРХОХИ ОСИЁН АСТ.
    МУХАММАДРО ШАБИ АСРО НИГАХ КУН,
    МУХАММАД ХИЛВАТИ У ЛОМАКОН АСТ.
    МУХАММАД УММАТОНРО АЗ ХУДО ХОСТ,
    МУХАММАДРО ХУДОЯШ МЕХРУБОН АСТ.
    МУХАММАДРО ХУДО ИКРОМ КАРДА,
    МУХАММАД ДУСТДОРИ МУСТАЪОН АСТ.
    МУХАММАД АЗ КАМОЛИ ЛУТФИ ЭХСОН,
    ТАНИ ЗОРИ ХАСАНРО МЕХРУБОН АСТ

  • 16 сен 2016 21:56
    Ё Раб, чу ба болини лахад хоб
    шавам,Бедор бари РаСУЛУ АСХОБ
    шавам.Лабташна ба сахрои киемат
    оям,Аз биркаи рахмати ту сероб
    шавам.
  • 28 сен 2016 10:09
    Ма ша Аллоҳ кам нашавед сарбаланд бошед
  • 29 сен 2016 04:56
    Боракаллох бародар чазакаллоху хайран касиро . ин эчодийоти худат АСТ. Бехтарин.
  • 29 сен 2016 13:22
    Хушо чашме ки дида дар ҷаҳон рӯйи Муҳаммадро,

    Ба дида кард сурма гарди гесӯйи Муҳаммадро.

    Хами меҳроби олам шуд бино аз тоқи абрӯяш,

    Ҳама рӯ овариданд тоқи абрӯйи Муҳаммадро.

    Дар ин гулшан зи ишқаш ҳамчу булбул дар фиғон омад,

    Гирифт андар машом ҷони касе бӯйи Муҳаммадро.

    Зи «мо зоғалбасар» бишнав сифат аз чашми шаҳлояш,

    Назар дар сураи «Ва-лайл» кун мӯйи Муҳаммадро.

    «Музаммил» бо қабо васфи қиёму сулси лайли у.

    Қиёму лайл дард овард зонӯйи Муҳаммадро.

    Ба хулқи хуш фурӯ афканд фарқи саркшон охир,

    Худо додаст он ширинии хӯйи Муҳаммадро.

    Барои сайди ин ваҳшидилон омода сӯҳбатҳо,

    Ҷаҳон шайдосифат шуд базми дилҷӯйи Муҳаммадро.

    Ҳама олам шуда сероб аз ҷӯйи мусулмонӣ,

    Бинӯшад аҳли олам то ҷазо ҷӯйи Муҳаммадро.

    Бинолад ин Ҷунунӣ то дами мурдан аз ин ҳасрат,

    Накарда тавфи мӯҳри байни бозӯйи Муҳаммадро.

        САЛАВОТ ГУФТАНРО ФАРОМУШ НАКУНЕД.  ДУСТОНИ АЗИЗ..
  • 30 сен 2016 01:16

    Биё эй, ки умрат ба ҳафтод рафт.
    Магар хуфта буди,ки барбод рафт.
    Зи панҷоҳ дирам панҷ агар кам шавад.
    Дилат реши сарпанҷаи ғам шавад.
    Чу панҷоҳ солат бурун шуд зи даст.
    Ғанимат шумур панҷ рӯзе,ки ҳаст.
    (Саъдии Шерозӣ).

  • 1 окт 2016 09:54

    Ассалоту вассалому ъалайк ë расулаллоҳ

    Ассалоту вассалому ъалайк ë ҳабибаллоҳ

    Ассалоту вассалому ъалайк ë шафиъаллоҳ

    Ассалоту вассалому ъалайк ë хайри халқуллоҳ

    Дуруд ва салом бар  ту, эй фиристодаи  Худо.
    Дуруд ва салом бар ту, эй  дустдори Худо.
    Дуруд ва салом бар ту, эй дусти  якдили Худо.
    Дуруд ва салом бар ту, эй  баргузидаи Худо.
    Дуруд ва салом бар ту, эй  роздори Худо.
    Дуруд ва салом бар ту, эй  беҳтарин офаридаи Худо.
    Дурудҳои Худо ва фариштагон  ва Паёмбарон ва ҳомилони Арш ва тамоми
    офаридагони У бар  ту бод ва бар хонадон ва  асҳоби ту, ҳамчунин раҳмат
    ва  баракоти Худо.

  • 1 окт 2016 10:10
    Ба рохат дидахо гирён гаштан.
    Зи ишкат синахо бирён гаштан.
    Дидори мову ту бошад Киёмат.
    Бимирам аз бароят Ё.Мухаммад.
    Надидем чехраи нуроният мо.
    Валекин мо талаб дорем аз Аллох.
    Ки моро умати Ахмад бигардон.
    Набий мо ту боши Ё.Мухаммад.
    Бимирам аз бароят Ё.Мухаммад. Мухаммад Касам бар зоти поки Ин ду ьолам.
    Намонад хеч одам дар Киёмат.
    Бихохад аз Шафоатхои Ахмад.
    Бимирам аз бароят Ё.Мухаммад.
    Бимирам аз бароят Ё.Мухаммад
  • 1 окт 2016 10:22
    Бихон Қуръон, ки дил ором гирад, Бихон, то ҷон зи ҷонон ҷон бигирад Бихон, то рози хилқатро бихони, Раҳи мулки саодатро бидони .
    Зи Қуръон нест беҳтар ҷойгоҳе, Набошад мутмаинтар з-он паноҳе. Ту эй Қуръон шафии ҷони мо бош,
    Ба ҳар ҷо ҳофизи эмони мо бош.
  • 1 окт 2016 11:39

    Ба Азроил шуд фармони Субҳон,
    Ба изнаш аз Муҳаммад қабз куна ҷон.
    Ба ранҷи таб ба бастар буд Ҳазрат,
    Ба дар омад яке аъроби сурат.
    Би гуфт эҳтиёҷам бо Расул аст,
    Бувад изне, ки қасдам дар духул аст.
    Расонид арз Оиша ба Сарвар,
    Ки шасе, ки мунтазир истода бар дар.
    Бигуфт Аҳмад вадоъ ай донаи дурр,
    Ки шуд паймонаи мо ин замон пур.
    Баҳорам рафт ҳангоми хазон аст,
    Ки азми қобиз инҷо қасди ҷон аст.
    Куҷо он шахс аз аъробиён аст,
    Ки У маъмури қабзи инсу ҷон аст.
    Диҳедаш изн то пешам дарояд,
    Ризо дар қисматам чизе сарояд.
    Чунин гуфта ба ваҳяш мунтазир шуд,
    Ба ногаҳ Ҷабраилаш дил пазир шуд.
    Биёмад Ҷабраил аз амри субҳон,
    Ба назди Аҳмади хатми Расулон.
    Би гуфт Ҳазрат ба сар карда ишорат,
    Чи оварди зи Мавлоям башорат?
    Бигуфташ боби фирдавси кушода,
    Ба дасти ҳуру ғилмон ҷому бода.
    Ба ташрифта ҳама дар интизори,
    Дуруд гуят мулки раҳмат зибори,
    Бигуфт Аҳмад ба суи пайки танҳо,
    Намепурсам туро ман зин суханҳо.
    Нагардад зин суханҳо ҳал уқдаи ман,
    Ба пайғоми дигар кун муждаи ман.
    Бикун воқиф маро аз умматонам,
    Чи бошад ҳоли ҷамъи осиёнам?
    Аз ин Ҷибрил шуд бо назди Субҳон,
    Ки то донад ба уммат чист фармон.
    Худо гуфт умматонаш осиёнанд,
    Ба оби маъсият гили хокиёнанд.
    Туфайли ҳурмати Аҳмат ҳабибам,
    Ба дарди умматонаш ман табибам.
    Муҳаммадро диҳам муҳри шафоъат,
    Ки Худро мавҷ орам баҳри раҳмат.
    Бувад гар умматаш аҳли шаҳодат,
    Бишуёнам ба оби баҳри раҳмат.
    Кунад гар тавба бардаргоҳи бе чун,
    Кунам ман тавбааш бар ҷирми собун.
    Расионид Ҷабраилаш ин башорат,
    Басе хушнуд шуд зин мужда Ҳазрат.
    Ба азроил дод он лаҳза дастур,
    Ки шуд машғули қабзи он нур.
    Ба вақти назъ лабҳояш зади ҷуш,
    Фуру андохт як асҳоби У гуш.
    Каломаш уммати ё уммати буд,
    Дарин гуфтор ногаҳ чашм бикшуд.
    Шунав гуфт ай фулон ҳарфи ниҳонам,
    Саломамро расона бар умматонам.
    Муҳаммад гуй муштоқи шумо буд,
    Би шуд вобаста доми аҷал зуд.
    Ки будаш орзуи руи уммат,
    Дареғо, ки надодаш марг фурсат.
    Чунин гуфта зиолам чашм пушид,
    Зи Азроил шароби марг нушид.

  • 1 окт 2016 11:41
    Зинои Бо даст! "НаъузубилЛоҳ" Зарарҳои Истимно Шахсоне, ки бо даст худро холи мекунанд! Расули Худо (СалалалЛоҳу Алайҳи ва-с- салам) фармуданд ҳаркасе бодасташ шаҳваташро берун кунад лаънат шудааст. истимно (бо даст худро холи кардан) аз гуноҳони кабира аст. Осебҳо ва зарарҳои Истимно ба чи чисми Инсон. ―фаромушии бисёр дар кор ―заъфи памият ―миёндард ―зуд хастаги зонуҳо ―хира шудани чашм ―рехтани муй сар ва риш ―кури чашм ―ъарақ кардан ―хонашини ва танбали ―еҳсоси дард дар устухонҳо. ―аз даст додани қуввати бадан. ―чуқур шудани атрофи чашм. гоҳе бе насл шудан дар оянда. вақти наздики ба ҳамсар зуд ―омадани об ва аз байн рафтани лазат бо зан ―Ва хориҷ шудани мани бо қатрай хун Осебҳо ва зарарҳои истимно (бо даст худро холи кардан) ба руҳи Инсон. парешони зиёд. ―аз байн рафтани ирода. ―еҳсоси дард ва бе иштиҳо ―будани зиёд. ―нигарони ва нотавони ―ваҳшатноки руҳи ва еҳсоси ―пучи ва нобуди. истимно (бо даст худро холи кардан) марги хомуш. Чи ъилатҳо ва сабабҳо метавонад бошад ки шахс худашро бо даст ирзо (холи) мекунад. ―нигоҳ кардан ба филм ва суратҳо ва хондани достонҳой секси ва гуш додан ба суханони мустаҳчин ва секси. ―дохил шудан ба чойҳой номуносиб ва ҳамнишини дустони нобоб. ―нигоҳ ба номаҳрам. ―хурдани беш аз ҳад ғазоҳой пур енержи мисли хурмо Тухми мург Пиёз ва ғайра ―пурхури ва хоби зиёд ―бехабари аз гуноҳ. Худованд Раҳим аст. Дусти азизам инро хонди. Ба назарат инҳама бало ва зарарҳоро донисти ҳоло лазаташ ҳарчиҳам бошад, ки барой чанд дақиқа ҳаст. агар касе ҳазор бор ҳам ин корро анҷом дод бо канор гузоштани ин кор ба тарафи Худо бар гардад ва тамоми ин зарарҳоро ҷуброн кунад, зеро Худованд бениҳоянд тавбапазиру бахшанда аст. АЛЛОҲ мефармояд ей фарзанди одам аз шайтон пайрави накунед зеро у барой шумо душмани ошкор аст. ин ҳама Худо меҳрубон аст. Дуст ва Рафиқи хубам Худо хеле бахшанда аст. Равишҳой тарки дурусти ин гуноҳ ҳам зиёдаст кофияст 5 дар интернет таҳқиқ куни Ту метони Фақат кофист ки бихоҳи. истимно (бо даст худро ҳалол кардан) =ҷанг бо Худо =нобуди руҳ ва ҷисм=нобуди ҳақи ҳамсари ояндаат ва фарзанди ояндаат. хоҳиш мекунам ин матнро онқадар паҳн кунед ҳато агар як дустатонро битонед наҷот диҳед аз ин холати шайтони Худо подоши коратонро ба беҳтарин шакл медиҳад...
  • 1 окт 2016 12:40
    Рӯзе Паёмбари Худо
    (с.а.в.)
    гиря карданд. Асҳоб гуфтанд: Чи
    чиз мегирёнад туро эй Расули Худо
    (c)? Гуфт: "Иштиёқи дӯстонам".
    Гуфтанд: Магар мо дӯстонат
    нестем? Расули Худо (с) гуфтанд:
    "На! шумоён асҳоби ман ҳастед,
    аммо дӯстони ман касоне ҳастанд,
    ки меоянд баъд аз ман ва имон
    меоранд бар ман дар ҳоле, ки маро
    надидаанд. Ривояти дигар. Рузе
    Паёмбар (с) ба аcҳоб гуфтанд:
    "Имони кадом муъминон бар шумо
    тааҷҷубовар аст"? Асҳоб гуфтанд:
    Имони фариштагон дар назди мо
    тааҷҷубовар аст. Паёмбар (с)
    гуфтанд: "Қароргоҳи эшон назди
    Аллоҳ аст, имон наоварда чӣ кор
    мекарданд?" Асҳоб гуфтанд: Имони
    Паёмбарон. Расулуллоҳ (с) ба
    суоли онҳо ба суол ҷавоб доданд:
    "Ба онҳо ваҳйи Илоҳӣ мерасад
    имон наоварда чӣ кор мекарданд?"
    Асҳоби киром гуфтанд: Набошад
    имони мо. Расули Аллоҳ (с)
    гуфтанд: "Ман дар байни шумо
    бошаму имон наоварда чӣ кор
    мекардед?" Дар охир Расули акрам
    (с) худ чунин хулосаро натиҷа
    гирифт. "Имони касоне, ки баъди
    ману шумо ба дунё омадаву ба
    асарҳои ёфтаашон, чун Қуръон ва
    суннат имон оварда мувофиқ ба он
    амал менамояд тааҷҷубовар аст.
    Худоё моро аз дӯстдорони
    Худованди бузургу Расули барҳақ
    бигардон, Омин..!  
    Худованд  нигахор  хамаи шумо  Азизон.
  • 6 ноя 2016 20:52
    Аз хоҳишу табрикоти шумо раҳмат. Шумо муъминон аз аҳли суннат ва ҳам аз аҳли шиаъ ҳастед. Бо ҳам ҳамақида на ҳастед. ЧАРО?
  • 7 ноя 2016 10:15
    КАНИ ШУМО АКИДАТОНА НАВИСЕД.ЧИ АКИДА БОШАД КИ МО НЕВУ ШУМО КАРДЕСТЕН.
  • 8 ноя 2016 14:01
    Ягчахон ташакур бехтарин суханаи худо хорат накуна мувафакият дар хама кору зиндагият худо хушбахтат гардона бародаири ахли ислом
  • Комментарий удалён.
  • 19 ноя 2016 14:11
    Саломат бошен шумороам худо нигахбон бошад барори кор танисиат хушбахти орзумандам
  • 29 дек 2016 14:32
    рахмати худовад бар ту
  • 26 фев 2017 06:08
    Курьон дастагули хушбуест  аз боги чаннат бигиреду бибуед то халовати харду чахониро комеб гардед
  • 26 фев 2017 15:37
    MA SHA ALLOH ......
    behtarin suhan...
  • 26 фев 2017 15:41
    Қуръон бувад Баҳри калон,
    Сабзад ҳама бо оби он.
    Сабзаст ҳар ҷаннат ба он,
    Ҳам ду ҷаҳон ҳам се замон.
    Қуръон бувад Баҳри Худо,
    Сабзад ба обаш ду саро.
    Сӯзад ҳама ҷурму хато,
    Созад ба ҷаннат қасрҳо.
    Қуръон бувад бе ҳад Бузург,
    Бахшад ба мо омад Бузург.
    Ҳар хурдро созад бузург,
    Доим бувад бошад Бузург.
    Қуръон бувад Нӯри Худо,
    Сирри Худо Хони Худо.
    Ганҷи Худо кони Худо,
    Поянда эҳсони Худо.
    Қуръон бува хони Худо.
    Моем меҳмони Худо.
    Мо зинда бо ҷони ваем.
    Хон Қавлу фармони Худо.
    Қуръон шифо Қуръон давост.
    Қуръон барори кори мост.
    Қуръон ба ҷаннат раҳнамост.
    Дар ду ҷаҳон бар мо паност.
    Аз обӣ Қуръон мехурад
    Ҳарчӣ ба дашташ мечарад
    Ҷибрил бо болаш парад
    Ҳар чашм бо он бигзарад
    Қуръон ҳаётат медиҳад
    Илҳом зи Зотат медиҳад
    Аз ҳар балойи ду ҷаҳон
    Қуръон наҷотат медиҳад
    Аз обӣ Қуръон мехурад
    Ҳаркию ҳарчӣ неку бад
    Ҳар подавон ҳар паҳлавон
    Ҳар гову буз ҳар як асад
    Аз оби Қуръон мехурад
    Ҳар одаму рӯҳу малак
    Ҳар ваҳшу тайру инсу ҷин
    Бо маъне чун кони намак
    Қуръон кунад хушпешаат
    Созад чу шери бешаат
    Гар хурдӣ хурдӣ хурдакӣ
    Созад Бузургандешаат
  • 27 июн 2017 08:49
    Алхамдулиллох сипосгузорам бародарони исломи аз чунин як сухбати самимонаи рохи Хак обод бошед бо ХУШНУДИИ АЛЛОХ .Ч.Ч.