27 мар 2024

* * *

Шабе, ки охирин ҳарфи ҷудоӣ қотили ман буд,
Чароғи хонаат ҳам мурда монанди дили ман буд.
***
Ҳарчанд чораи дили бечораи манӣ,
Тасвири нотамоми ман - ангораи манӣ.
* * *
То пасту баланди зиндагонӣ бошад,
Лағжидани мард ногаҳонӣ бошад.
* * *
Бигзашт ҷавониям ба афсонаи дил,
Ман мондаму дард монду вайронаи дил.

Комментарии

Комментариев нет.