Комментарии
- 18 сен 2023 16:05Рахмат КабутовОли.Офарин!Аз хондани ин мисраъхои чонсуз ман хам гиря кардам.
- 18 сен 2023 16:59Иброхим ТошматовОфарин УСТОД!!!
- 18 сен 2023 20:56неъматчон холматовОбод бошед ахсан
- 18 сен 2023 22:31Хакимов НаимчонРахмат малум оличаноб
- 4 окт 2023 22:59Абдумумин ЙулдошевРахмат ба суханхои самими дустон обод бошед!
- 7 окт 2023 02:59jamshed BegmatovОфарин таго канд занед
- 7 окт 2023 18:35НИЁЗМАД БОЙМАТОВБеҳтарин эъҷод.Омадҳо ёратон бод.
- 7 окт 2023 22:13Зафар УмаровБехтарин. Хамеша худованд нигох бонатон бошад акоча
- 22 окт 2023 16:33Абдумумин Йулдошев ответил НИЁЗМАДУ БОЙМАТОВУХазор рахмат саломат бошед!
- 22 окт 2023 16:34Абдумумин Йулдошев ответил Зафару УмаровуРахмат саломат бош!
- 22 окт 2023 16:34Абдумумин Йулдошев ответил jamshed BegmatovРахмат чиян саломат бош!
- 25 окт 2023 17:40ok ru
Для того чтобы оставить комментарий, войдите или зарегистрируйтесь
Абдумумин Йулдошев
Як шабе омад ба ëдам рафта ëрон ,гиря кардам.
Бар ҷавонмардони неку ҳақгузорон гиря кардам.
Ку ҷавониву нигорам?Ку нумӯи навбаҳорам?
Бар гули пажмурдаи ишқ,чун ҳазорон гиря кардам.
Ошиқи дилхун набинам,Лайлию Маҷнун набинам,
Бар дурӯғин ишқҳои дӯстдорон гиря кардам.
Меравам аз мулки ҷаннат,бо ҳавопаймои қисмат,
Аз дами дар то ба ғурбат,раҳсаворон гиря кардам.
Мешавам шӯридахотир,дида аҳволи муҳоҷир,
Ман ба фарзанди мусофир, чашмдорон гиря кардам.
Панду дарси умр гӯям,ханда месозад ба рӯям,
Бар мазоқу хандаҳои нобакорон гиря кардам.
Ғӯрамаргон карда такфин,сӯхт аз ғам ҷони мискин,
Бар хазони умри ширин,дар баҳорон гиря кардам.
Рафт модар дилшикаста,риштаи ҷонам гусаста,
Чун ятими паршикаста,дар канорон гиря кардам.
Омадам маҳзуну ранҷур,оҳ аз ҳасрат дилам пур,
Модарам дилташна дар гӯр,мисли борон гиря кардам.