Навҷавон рафти аз олам модари ғамхори ман.

Бениҳоят хуб азизу поку беозори ман.
Ёди руят мекунем мо се нафар фарзанди ту.
Бету доим пур зи обаст дидаи бедори ман.
Чун ба сери умр надида рафтаи ту аз барам.
Файзу роҳат дур гаштаст бету модар аз дарам.
Шаб,ки мешуд модарам дохили он тахти хоб.
Дур намемонди ту ҳеҷгоҳ дасти худро аз сарам.
Модарам руяш мисоли сурхиҳои лола буд.
Бар ҷиянҳо меҳрубон аммаю ҳам хола буд.
Сад дареғ нодида сери руйи фарзандони хеш.
Вақти рафтан аз замона модарам (30)сиҳсола буд!
(Бо дархости мухлисон навишта шуд)Ҷаъфари Худоёр

Комментарии