Арзи таслият ба Эрони ҳамзабон.

Эрони азизи ман, Эрони азизи мо!
Эй синаи ғақи хун аз ҳамлаи душманҳо!
Гарчи камарат имрӯз бишкаст аз ин таркиш,
Мардона ту ҳам бишкан шодии рақибонро.
Мотам ба дилам биншаст аз марги шаҳидонат.
Бигрист дили маҳзун бар қалби пурармонат.
Эй кош шавад маскун бар синаи бадхоҳон,
Ин дарду ғаме ки ҳаст, имрӯз чу меҳмонат.
Ҳар тир, ки бар ноҳақ аз душмини ҷонат зад.
Мекӯш, ки ба ҷонаш сад мартаба беш ояд.
Номард баромад, вой... ҳамсояи бадбахтад,
Кошо зи дилаш хунаш фавворазонон шорад.
Ғамгин машав, эй Эрон, баръакс қавитар бош!
Бар хок нишон душман, ӯро ту ситамгар бош!
Аз рӯзи азал душман барбоди туро хоҳад ,
Барбод ту ӯро деҳ, худ соҳиби ховар бош!
Ғайратҷон Ҳотамӣ

Арзи таслият ба Эрони ҳамзабон. - 982057822329

Комментарии