Додгоҳ дар Ямало-Ненетск Ҳокимшоҳ Таваров — яке аз шахсиятҳои маъруфи собиқи диаспораи тоҷиконро — ба 3 соли зиндон ва пардохти 400 ҳазор рубл ҷарима маҳкум кард.

Ба қавли мақомоти Русия, ӯ дар ташкили “имтиҳонҳои сохта” барои гирифтани гувоҳномаи забони русӣ ба муҳоҷирон даст доштааст.
Ҳамроҳи ӯ ду нафар дигар — муаллима Марина Гернер ва корманди Институти давлатии забони русии ба номи Пушкин Артур Яҳёев — низ маҳкум шуданд.
Ин воқеа бо вуҷуди хусусияти ҳуқуқӣ, дар миёни ҷомеаи муҳоҷирон рамзи як раванд шудааст: фишор, назорат ва маҳдуд шудани фаъолияти мустақили диаспораҳо. https://smtlink.click/ih21p1

Комментарии

Комментариев нет.