🔹 Гуфтор 🔹

🔹 Мавзӯъ: Гуфторе аз он ҳазрат ҳокӣ аз инки дин, занҷирае ба ҳам пайваста аст ки кулли он бо ҳам суд мерасонад ва бидуни ҳокимияти валии Худованд судманд нест.
-------------------
🔹 Тарҷумаи гуфтор:
Юнус ибни Абдуллоҳи Хатлонӣ моро хабар дод, гуфт: Назди Мансури Ҳошимии Хуросонӣ будам, пас ба ман ишора кард ва фармуд: Биё эй Юнус то динатро ба ту биёмӯзам! Пас ба ӯ наздик шудам то инки дар канораш нишастам, пас дасти манро монанди падарӣ меҳрубон гирифт ва фармуд: Бидон эй фарзандам ки ин дин низоме монанди низоми мӯҳраҳост ки бархӣ аз он тобеъи бархӣ дигар аст ва бархӣ аз он ҷуз бо бархӣ дигар комил намешавад! Оё надидӣ ки Худованди баландмартаба ҳангоме ки валии худро гумошт фармуд: «Имрӯз динатонро бароятон комил ва неъматамро бар шумо тамом кардам ва Исломро бароятон ба унвони дин писандидам»[1]?! Пас ба Худо савганд дин комил ва Ислом писандида набуд то он гоҳ ки Худованд валии худро гумошт! Пас ҳангоме ки мардум аз вилояти ӯ хориҷ шуданд, динашон нуқсон пазируфт ва Ислом ба ҳамон ҳолате бозгашт ки ҳанӯз писандида набуд ва имрӯз низ бар ҳамон ҳолат аст! Огоҳ бош ба Худойе ки ҷонам ба дасти Ӯст савганд ки дин ҳаргиз комил намешавад ва Ислом аз чизе кифоят намекунад магар бо вилояти валийе ки Худованди аззаваҷал ӯро гумоштааст! ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/1661/

Комментарии

Комментариев нет.