АЗ ТАЬРИХИ ПОНГОЗ

Баьди фаромадани торики 40 нафар аскарони аккачини араб Аз даруни качобахо берун омада ба посбонхои кальа хамла карда
Хамаи онхоро ба катл мерасонанд . Аз руи ривоят гуё ки аз кальа чуи хун равон гаштааст. Ва арабхо кальаро забт карданд. Рузи дигар хабар ба гуши хокими Бободархон расида фавран рох пас мегирад. Арабхо ки тайери ин кор буданд бо кумаки дастахои даррасида аз болои афсарони хоким галаба карданд. Мардуми деха ба хифзи ватани худ хестанд чанги шадиде ба амал омад. Арабхо ба мардуми кальахои боло косид фиристоданд ки агар онхо сар нафароранд хамаро ба катл мерасонанд ва шартхои худро гузоштанд. Мардуми деха низ шартхои худро гузоштанд. Дар натича созишнома чунин шуд; Понгоз дар холати худидоракуни карор мегирад. Сардор аз худи деха интихоб мешавад.
Шарти арабхо ин буд; 1) кабули дини ислом, 2) додани ушр ва закот, 3)итоати бевосита ба арабхо.4) ичрои конунхои шариат.
Аз руи навиштачотхои таьрихи арабхо ба Сугд ва водии Фаргона ду маротиба лашкар кашидаанд, бораи аввал Кутайба соли 715 ба Шаш ва Фаргона лашкар кашид ва Косон пойтахти Фаргонаро забт мекунанд. Шохи Фаргона ба сарвари Хитой мурочиат намуда ери талаб мекунад ва дар чавоб сарвари хитоихо Тан 10000 аскарони савораро ба ери мефиристад, дар натича Фаргона боз ба дасти шохи Фаргона баргардонида мешавад . Дар ин асно дар байни афсарони араб ошуб ба амал омада ошубгарон Кутайба ва ахли оилаашро ба катл мерасонанд. Баьди ин ходиса арабхо ба Шаш пас гашта меоянд. Ба чои Кутайба хокими Хуросон Муслим ибн Саид таин шуд. Лекин мардум уро хуб пазирои накарданд. Дар натича дар сарзамини Сугд чанд шуришу ошубхо ба амал омаданд, ки халифоти арабро ба ташвиш овард.
Барои мустахкам кардани хокимияти худ халифат сарвари Хуросонро иваз мекунад. Хокими Хуросон Саид аль Хашари таьин мешавад. Хашари доною маккор буд. Ва дар мобайни сарварони Сугд тарафдорони худро пайдо мекунад. Дар натича Бухорою Самарканд боз ба дасти арабхо мегузарад.Баьдан солхои 739--740 арабхо Шаш ва Фаргонаро зердаст намуданд. Таасуфовар аст ки дар бораи кай хамрох шудани Понгоз ба халифати араб ягон маьлумоти таьрихи нест.
Чуноне ки осорхои таьрихи нишон медиханд Пунгаз такрибан дар мобайни солхои 715--740 ба халифати араб хамрох карда шудааст.
(Давом дорад).

Комментарии

Комментариев нет.