АЗ ТАЬРИХИ ПОНГОЗ.

Ба чунин шартномахо мардуми бовикору озоддусти Пунгазро шикастан осон набуд. Он замон мардуми Пунгаз дини зардуштиро мепарастиданд ва барои онхо кабули дини ислом бенихоят мушкил буд.
Дар Пунгаз иборае мавчуд аст ки онро пиру чавон хама медонанд
Пирони гузашта мегуфтанд ки "халки мо табар мусулмонем". Мазмун аз ин ибора он аст ки мардуми мо бо осони дини исломро кабул накардааст. Дар ин мавзуь ривояти дигаре низ хаст, ки гуфта мешавад: арабхо ба хар дари хона афсари силохдорро мондаанд, то ки дини исломро кабул кунанд агаре ки саркашон то ба хукми катл махкум мешуданд. Ва бо рохи зуровари мардумро ба дини нав мачбур месохтанд. Азбаски бо табар сарро мебуриданд ва тахдид мекарданд , аз ин чо ин ибораи "табармусулмон" пайдо шудааст.
Харчанд мардуми шарафманди Пунгаз дини исломро кабул карданд лекин забон ва урфу одатхои худро гум накарданд. Аз ин чост, ки забони Пунгази нисбати лахчахои эабонии дигар манотикхои Сугд решаи забони авлоду ачдодони худро то ба хозир тоза нигох дошта меоянд ва бисьер урфу одатхои ачдодони дини зардуштии худро низ дар хаети худ истифода мебаранд.
Дар забони Пунгази бисьер калимахо ва мафхумхое хастанд ки мардум зиеда аз 1400 сол пеш истифода мебурданд. Маслан калимахои сугуна, дахма, навруз,
алас, кирна номи куххо, махалхо, чуйборхо, чойхои таьрихи ки то ба имруз дар забони мардуми мо истифода бурда мешаванд.
Мисол маьнои калимаи " дахма" ва " сугуна" ро гирем. Ин хар ду аз дини зардушти ба мо омадаанд . Дар дини зардушти дар баландихо кабристон месохтанд. Кабристон аз чордевор иборат буда дар дошт. Лекин чордевор бом надошт. Мурдагонро ба ончо дароварда барахна мемонданд то ки лошахурон бадани онхоро хурда устухонашон сафед шавад. Баьдан ин устухонхоро чамь карда ба камари девор мегундоштанд . Чунин чойро "дахма" меномиданд. Дахма аз забони форси кадим маьнои оромгох, хонаи сукунатро дорад.
Калимаи дигар "сугуна". Маьнои ин калима низ аз забони форси кадим буда "суг"--устухон " гуна"--хона аст. Фарки байни калимахои кабр ва сугуна он аст ки кабр ин гури одами дар даруни замин аст ки ба дини ислом таьлук дорад. Сугуна он ки одамиро руи замин мемонанд ва болои онро мепушанд. Дар дини зардушти одамони пешворо чунин дафн мекарданд. Аз ин чост ки дар назди хар кабристони Пунгаз дахма ва сугуна вучуд дорад. Лекин бо мурури замон зери таьсири ислом дахмахо ба намозгох табдил дода шудаанд.
Сугунахо бошанд то ба хозир арзи вучуд доранд.
Мисол сугунахои бобои Дархон, Бурак, Хаддод, Муттак, Мир и Хаким ато ва гайрахо.
Яке аз осорхои таьрихии дини зардушти то ба хозир дар махаллаи Пушта дар Кальаи Бобои Муттак тачассум ефтааст. Ин дахма то ба солхои 1950--1970 амал мекард. Чунки ончо сугунаи бобои Муттак мавчуд аст. Сугуна дар тарафи гарбии дахма вокеь бошад дар кисми шаркии дахма хонае мавчуд аст ки дар дарунаш санги суфтаи калон дорад. Пештар кудакони ноболигро он чо бо таври дини зардушти дафн мекарданд. Он чунин сурат мегирифт. Мурдаи ноболигро кафанпеч намуда ба даруни дахма руи санг мемонданд агар якчандто мурда шавад баьд устухони онхоро гундошта ба кунчи дахма гарам мекарданд. Вакте бисьер шуд онхоро бароварда гур мекарданд. Дар гирду атрофи дахма бошад сугунахои одамони гирду атрофи кальа вучуд дорад.
Масалан сугунаи авлоди бобои Вали, Бобои Маматкул, Бобои Умар кори ва гайрахо ки тарзи гуронидани онхо ба дини ислом он кадра рост намеояд. Дини ислом исрор мекунад ки мурдаро зери замин дар даруни кабр дафн кунанд, на бо таври сугуна.
( Давом дорад).

Комментарии

Комментариев нет.