5 фев 2020

Гузаштаро фикр кардан ва аз он чӣ ки аз даст рафтааст ғусса хӯрдан,аҳмақист.

Ин одат миронанда накушандаи хоҳишу орзуи оянда аст. Орзуву хоҳише, ки хаёти наву шукуфоро дар бар дорад, маҳз ҳамин гуссахурии рӯзи гузашта ба коми фано мекашад. Инсони оқил аз фикри гузашта ғам намехӯрад, зеро бо гусса хӯрдан гузашта боз намегардад. Ба гузашта салавот. Бо рӯю мӯйканӣ гузашта ислоҳ намешавад, шишаи бишкаста пайванд намегардад. Ҳар чизе, ки рафтааст, бебозгашт рафтааст, бознамегардад. Пас бояд, ки руҳу равону нафсатро аз зиндони ғуссаи гузашта рахо кун. Оё мешавад, ки маҷрои дарёро ба қафо гардонӣ? Оё имконпазир аст, ки офтобро ба ҷойи баромадааш баргардонӣ ва ё тифлро ба раҳми модар аз сари нав баъди таваллудаш ҷой кунӣ? Ба гузашта гусса хӯрдан мисоли ҳамин гуфта аст, ки ҳамагй ғайриимкон мебошад. Ба гузашта печидану онро тадбир ҷустану вақтро зоеъи гузашта кардан, боиси суст ва номукаммал шудани корҳои оянда мегардад. Аз ҳама балои бад дар сари мо инсонҳо ин аст, ки ба ҳозира эътибор намедиҳем ва корҳои гузашта худро андармон кардаву ғам мехӯрем. Қасрҳои зебои ҳаёти ҳозираро нодида, ба кулбаҳои вайронаи гузашта ҳамеша -дилро аз ғам пур мекунем. Агар қудрату қуввати инсону ҷину деву парӣ якҷоя шаванд ҳам, гузашта барнамегардад
Қонуни дунё чунин аст, ки шабу рӯз пеш меравад, дарё ҳамеша рӯй ба пеш метозад, солу моҳтанҳо ва танҳо ба пеш меравад. Пас бо чунин маҷрои зиндагй мухолифат кардану муқобили он шино кардан, хатогии нобахшиданиест.
4/15 احمد جان

Комментарии

Комментариев нет.