Мардуми мо чунон динзадаву хурофотзада шудаанд, ки метарсам садҳо соли дигар лозим шавад то ки инро дарк кунанд.

Сарзамини Арабистон мисли сарзаминҳои мо бо меваю ҳайвону паррандаҳои гуногунаш бой нест. Ҳар он чизи каме, ки доштанд, бо истифода аз дин, барои мо азиз сохтанд.
🔸Мисвоқашон зани, савобаш беҳтар аст гуфтанд, мо ҳам бовар кардем.
🔸Хурмоашон барои кушодани рӯза савобу беҳтар аз дигар ғизоҳо аст гуфтанд, мо ҳам бовар кардем.(Ҳол он ки сарзамини мо бо меваҳои гуногуну ширинаш бой аст)
🔸Шутурашонро қурбони кардан нисбат ба дигар ҳайвонҳо беҳтару савобаш зиёдтар аст гуфтанд, мо ҳам бовар кардем. (Ҳол он ки мо беҳтарин ҳайвонҳои гӯштиро дорем)
🔸Оби зам-замашон беҳтарину шифобахш аст гуфтанд, мо ҳам бовар кардем (ҳол он ки мо ҳазорҳо чунин чашма дорем)
🔸Нӯшидани шошаи шутурашон суннату шифобахш аст гуфтанд, мо ҳам бовар кардем. (Ҳол он ки ҳама ҳайвонҳои мо ҳам шоша доранд😏)
🔸Санги сиёхашонро тавоф карда бӯсидан ҳам савобаш беҳтар аст гуфтанд, мо ҳам бовар кардем (ҳол он ки болини ҳар яки мо имрӯз санг аст)ва ҳар он чи, ҳатто моли Чини ҳам бошаду аз Арабистон харидори куни табаррук аст гуфтанд, мо ҳам бовар кардем🤦
🔸Дигар регу сусмору гӯҳашон монда, ки мардуми мо табаррукаш нашуморида бошанд.
‼️Аммо! Аммо, ҳар он чи мо доштем ҳаром хонданду, мо ҳам аз гумроҳи бовар кардем.
🤷Ҷашнӣ Наврӯз, ки дар дунё беназир асту ҳамто надорад ва ниёгони мо бо илму донишашон дар асоси гардиши замину сайораҳо гӯем сохтаанд, ҳаром аст гуфтанд, мо ҳам бовар кардем. Шарм бар мо бод!
🤷Нарда, ки донишмандони ниёгони мо бо илму донишашон офариниши инсону худову рӯзу моҳу солу фаслҳоро дар он ҷо намуда ва ё нуҳуфта карданд ва бо он бози кардан барои тамрини зеҳну ҳисобу китоб муфид аст ҳаром хонданд, мо ҳам бовар кардем. Вой бар ҳоли мо.
🤷Аввалин Пайомбари соҳибкитоб Зартуштро ҳам тӯҳматҳо зада мушрикаш хонданд, мо ҳам бовар кардем.
Беҳ аст, ки бимирем.
🤷Ҳатто ҳайвонҳо, беҳтарин дӯсти инсон, сагро ҳам ҳам ҳаром хонданд, мо ҳам бовар кардем.
🤷🤦Ва бисёр ҷашну урфу одату қадриятҳои миллии моро ки торихи ҳазорҳо сола доранду аз яктопарастиву бо илмиву инсондӯству тамаддунофарии мардуми мо дараку нишона медиҳанд, ҳаром хонданд, мо ҳам бовар кардем.
Эҳ войи мо, то ба кай?
Агар шуур аст, як нуқта бас аст...

Комментарии

  • 12 мая 13:16
    Аз пастии шуурнокиву таклидкорист..
  • 12 мая 17:59
    А мурдаро ҷаноза кардан?
  • 13 мая 18:46
    Салом бо арзи адаб хидмати хама бародарони озод андешон
    Аксари мардум Араб параст хастанд то хато аз падару модар ва бародаронаш дида
    Аму хонаи сиех ки ба ном хонаи ходо АСТ
    (Худоро кай сарову хона бошад
    Куништу каьбаву Бут хона бошад)
    Маблаг сарф карда ба он Макон меравад Оби зам зам гуфта як Оби дигаро бо пул мехаранд лекин модар е бародар
    Ки дар як гушаи дех зиндаги дора як борам намебини е намешунави ки бо Дасти Пур модар е бародари маюбашро хабар гирад
    Е Дасти кумак ба онхо дароз кунад
    Аммо хач меравад
    Ин кадар куваи хаели мардум ба акшашон голибаст ки
    умр гарони худашонро бо хурофот парасти барбод доданд
  • 14 мая 05:50
    Холиқи якто касеро баҳри дӯзах н-офарид,
    Иддае бо феъли худ бар сӯи дӯзах мераванд.
    (Бедил)
  • 15 мая 19:10
    Салом.Ман.зи.Кааба.пурсидаам.чаро.либоси.сиех.пушидаи.Кааба.ба.ман.гуфт.шарм.медорам.аз.ин.хочиени.пургунох..
  • 16 мая 06:13
    Таҳлили кӯчаке дар бораи мардуми ноҳияи мо:
    Пештар дар Россия кор, савдо карда пули бисёр меоварданд, тӯйҳои боҳашамат мекарданд. Дар як рӯз пулҳои дар давоми 2-3 сол ҷамъ карданашонро сарф мекарданд. Арақ якчанд сад дона мерафт. Дар тоқии ҳофиз, рақс кунандагон банд- банд пул мепошиданд.
    Ҳоло ин хел нест. Дар тӯй ба ҷои ҳофиз мулло амри маъруф мегӯяд, дар охир яклухт пул мегирад. Барои обрӯ гирифтан
    Сафари Макка мекунанд. Сафари макка низ бе пул намешавад.
    Хулоса:
    Мардуми мо чӣ пештар, чӣ ҳозир пули худро бе мақсад сарф мекунанд, пештар барои арақу ҳофиз, ҳозир барои муллову Макка.
  • 16 мая 08:59
    Шайхе барахи ишки бутон эмон бохт
    Риштаи тасбехи худ зи зунор сохт
    Мешавад хар мударозе хирка пуш
    Ох аз ин савдогарони дин фуруш
    Аьузу б-биллохи мин муллохои рачим