Худованди мутаъол аз зулм намудан ҳазар намуда чунин фармудааст:“Ва шумо Аллоҳро аз он чизе, ки золимон мекунанд, ҳаргиз ғофил машуморед.Ҷуз ин нест, ки Худо муҷозоти онҳоро барои онрӯзе ба таъхир меандозад, ки пилки чашмҳо азтарси он наметавонанд баҳам бихӯранд”Сураи Иброҳим: ояти 42.Ва Худованд фармудааст:“Пас вой бар касоне, ки ситам карданд, аз азоби дардовари қиёмат”Сураи Зухруф: ояти 65.Ва низ Худованд фармуда: “Огоҳ бошед, лаънати Худованд бар ситамкорон (золимон) аст”Сураи Ҳуд: ояти 18.Паёмбар (с) низ моро аз зулм ҳазар кунонида гуфтааст:“Аз зулм парҳез кунед, ки ҳамоно зулмзулумоти (торикиҳои) рӯзи қиёмат аст”Муслим.Расулуллоҳ (с) фармудааст:“Се дуъои иҷобатшаванда аст:дуои рӯзадор,дуои мазлумва дуои мусофир”Байҳақӣ.Ва низ Паембар (с) фармудаанд:“Мусалмон бародари мусалмон аст,ӯро зулм намекунад ва ӯро таслим намекунад”Бухорӣ.НАВЪҲОИ ЗУЛМЗулми инсон нисбат ба Парвардигораш:Ин чуниаст, ки инсон баофаридгораш имон намеоварадва ба Худованди мутаъол куфр меварзад.Худованд шарик овардани ба ӯро аз бузургтарин зулмҳо гардонидааст. Дар ин маврид фармуда:“Ба Худованд шарик маёвар, ки ширк зулми бузург аст”Сураи Луқмон: ояти 13.Зулми инсон ба инсон:Ин чунин аст, ки золим барнафсҳои мардум ё молҳои онҳо ё обрӯи онҳотаҷовуз мекунад. Пас дашном додани мусалмонон зулм аст ва гирифтани моли онҳозулм аст ва бар сари онҳо таҷовуз кардан зулм аст.Муслмон аз ин ҳама дур аст.Зулми инсон ба худаш:Ин намуди зулм бомуртакиб шудани маъсияту нофармон бардориҳо ва гуноҳон, дурӣ аз роҳи Худованди мутаъол вапайравӣ аз роҳи шайтон мебошад.ҶАЗОИ ЗУЛМ !Рӯзе Расулуллоҳ (с) асҳобашро пурсида гуфт:“Оёмедонед, ки муфлис кист?”. ГуфтандМуфлис дармиёни мо касе аст, ки на дирҳам дорад ва на моле.Расулуллоҳ (с) гуфт:“Муфлис аз уммати ман касеаст, ки рӯзи қиёмат меояд бо намоз ва рӯза ва закот ва меояд, ки инашро дашном додааст ва инашро тӯҳмат кардааст ва моли инашрохӯрдааст ва хуни инашро рехтааст ва инашро задааст. Пас инашро аз ҳасаноташ медиҳад ваинашро аз ҳасаноташ медиҳад, вақте ҳасаноташ, пеш аз адо кардани ончӣ бар гарданаш аст,тамом шуд, аз хатоҳои онҳо гирифташуда бар болояш андохта мешавад, сипас дар оташидӯзах андохта мешавад”. Муслим ва ТирмизӣРасулуллоҳ (с) ба адои ҳуқуқ ба соҳибонашон,пеш аз ин ки рӯзи қиёмат биёяду онҳоро Аллоҳтаъоло бар зулмашон муҳосаба намояд, ташвиқ Намуда аст.Расулуллоҳ (с) фармуда:“Албатта ҳақ ҳоро дар рӯзи қиёмат ба аҳлашон адомекунед, то ҳадде ки барои гусфанди бешох аз гусфанди шохдор қасос гирифта мешавад”Муслим.Бинобар ин ҳар махлуқ дар рӯзи қиёмат ҳақашро мегирад, ҳатто гусфанде, ки шох надорад, вақтеонро дар дунё гусфанде, ки шохдор аст зада бошад, яъне аввалӣ қасос ва ҳақашро аз дуввумӣ мегирад.Расулуллоҳ (с) фармуданд:“Касе ба андозаи якваҷаб аз замин зулм кард, онро аз ҳафт замингарданбанд карда мешавад” Муттафақун алайҳ.Калимаи “туввиқаҳу” ба ду маъно омадааст:Яке ин ки замин онро фурӯ мебарад ва он қитъаизамин бар гарданаш мисли гарданбанд гардонида мешавад.Дувумаш ин ки вазифадор бабардоштани он дар рӯзи қиёмат карда мешавад. Ҳар инсоне, ки зулм мекунад ва чизеро, ки ҳақи он нест мегирад, зуд аст, ки сахтӣ ва азоби он дар рӯзи охират бар гардани ӯ мебошад. Дар рӯзиқиёмат азоб дода мешавад, чун ҷазое барояшбар зулмеаш, ки дар дунё карда буд.Паёмбар (с) фармуданд:“Ҳамоно Худованд барои золим мӯҳлат медиҳад, ҳатто вақте киӯро ба азоб гирифт раҳояш намедиҳад” Муттафақун алайҳ.Сипас инро хонд, ки“Инчунин буд муҷозотиПарвардигорат, дар бораи шаҳрҳое, ки мардумаш ситам мекарданд, ки муҷозоти Парвардигор дарднок ва шадид аст”Сураи Ҳуд: 102.Расулуллоҳ (с) дар он ҳадисе, ки аз Раббу-л-иззат ривояташ мекунад гуфтааст:“Эй бандагони ман ! Ман зулмро бар худам ҳаром гардонидам ва онродар миёнатон ҳаром қарор додам, пас ҳамдигарро зулм накунед” Муслим.Ин аст нидои илоҳӣ бар бандагонаш, ки зулмробар худам ҳаром гардонидам. Онро дар миёнатонҳаром қарор додам. Пас касе дар ҳар мавриде вадар ҳам мавқеъе зулм кунад, кори ҳаромероанҷом додааст, ки онро Худованд эълом кардабуд. Ва дигар ин ки гуфта ҳамдигарро зулм накунед. Ин таъкид болои он гуфтаи ҳаромбудани ин кор аст. Пас вақте як инсон зулммекунад бидонад, ки ба гуфта ва нидои Аллоҳипок гӯш фаро наниҳодааст. Ҷуръат кардааст. Ин гӯш фаро наниҳодан ва инҷуръат барои ин банда ниҳоят сахт тамом мешавад. Инсони боҳуш ва бо ақл инро албатта нодида намегирад ва қадрихудро медонад ва гуфтаи он Зоти бузургро арҷ мегузорад.
ali vali
Як каме дар бораи зулм !
Худованди мутаъол аз зулм намудан ҳазар намуда чунин фармудааст:
“Ва шумо Аллоҳро аз он чизе, ки золимон мекунанд, ҳаргиз ғофил машуморед.
Ҷуз ин нест, ки Худо муҷозоти онҳоро барои онрӯзе ба таъхир меандозад, ки пилки чашмҳо аз
тарси он наметавонанд баҳам бихӯранд”
Сураи Иброҳим: ояти 42.
Ва Худованд фармудааст:
“Пас вой бар касоне, ки ситам карданд, аз азоби дардовари қиёмат”
Сураи Зухруф: ояти 65.
Ва низ Худованд фармуда: “
Огоҳ бошед, лаънати Худованд бар ситамкорон (золимон) аст”
Сураи Ҳуд: ояти 18.
Паёмбар (с) низ моро аз зулм ҳазар кунонида гуфтааст:
“Аз зулм парҳез кунед, ки ҳамоно зулмзулумоти (торикиҳои) рӯзи қиёмат аст”
Муслим.
Расулуллоҳ (с) фармудааст:
“Се дуъои иҷобатшаванда аст:
дуои рӯзадор,
дуои мазлум
ва дуои мусофир”
Байҳақӣ.
Ва низ Паембар (с) фармудаанд:
“Мусалмон бародари мусалмон аст,
ӯро зулм намекунад ва ӯро таслим намекунад”
Бухорӣ.
НАВЪҲОИ ЗУЛМ
Зулми инсон нисбат ба Парвардигораш:
Ин чуниаст, ки инсон баофаридгораш имон намеоварад
ва ба Худованди мутаъол куфр меварзад.
Худованд шарик овардани ба ӯро аз бузургтарин зулмҳо гардонидааст. Дар ин маврид фармуда:
“Ба Худованд шарик маёвар, ки ширк зулми бузург аст”
Сураи Луқмон: ояти 13.
Зулми инсон ба инсон:
Ин чунин аст, ки золим барнафсҳои мардум ё молҳои онҳо ё обрӯи онҳо
таҷовуз мекунад. Пас дашном додани мусалмонон зулм аст ва гирифтани моли онҳозулм аст ва бар сари онҳо таҷовуз кардан зулм аст.
Муслмон аз ин ҳама дур аст.
Зулми инсон ба худаш:
Ин намуди зулм бомуртакиб шудани маъсияту нофармон бардориҳо ва гуноҳон, дурӣ аз роҳи Худованди мутаъол вапайравӣ аз роҳи шайтон мебошад.
ҶАЗОИ ЗУЛМ !
Рӯзе Расулуллоҳ (с) асҳобашро пурсида гуфт:
“Оёмедонед, ки муфлис кист?”. Гуфтанд
Муфлис дармиёни мо касе аст, ки на дирҳам дорад ва на моле.Расулуллоҳ (с) гуфт:
“Муфлис аз уммати ман касе
аст, ки рӯзи қиёмат меояд бо намоз ва рӯза ва закот ва меояд, ки инашро дашном додааст ва инашро тӯҳмат кардааст ва моли инашро
хӯрдааст ва хуни инашро рехтааст ва инашро задааст. Пас инашро аз ҳасаноташ медиҳад ваинашро аз ҳасаноташ медиҳад, вақте ҳасаноташ, пеш аз адо кардани ончӣ бар гарданаш аст,тамом шуд, аз хатоҳои онҳо гирифташуда бар болояш андохта мешавад, сипас дар оташидӯзах андохта мешавад”. Муслим ва Тирмизӣ
Расулуллоҳ (с) ба адои ҳуқуқ ба соҳибонашон,пеш аз ин ки рӯзи қиёмат биёяду онҳоро Аллоҳ
таъоло бар зулмашон муҳосаба намояд, ташвиқ Намуда аст.
Расулуллоҳ (с) фармуда:
“Албатта ҳақ ҳоро дар рӯзи қиёмат ба аҳлашон адомекунед, то ҳадде ки барои гусфанди бешох аз гусфанди шохдор қасос гирифта мешавад”
Муслим.
Бинобар ин ҳар махлуқ дар рӯзи қиёмат ҳақашро мегирад, ҳатто гусфанде, ки шох надорад, вақте
онро дар дунё гусфанде, ки шохдор аст зада бошад, яъне аввалӣ қасос ва ҳақашро аз дуввумӣ мегирад.
Расулуллоҳ (с) фармуданд:
“Касе ба андозаи якваҷаб аз замин зулм кард, онро аз ҳафт замин
гарданбанд карда мешавад” Муттафақун алайҳ.
Калимаи “туввиқаҳу” ба ду маъно омадааст:
Яке ин ки замин онро фурӯ мебарад ва он қитъаизамин бар гарданаш мисли гарданбанд гардонида мешавад.
Дувумаш ин ки вазифадор ба
бардоштани он дар рӯзи қиёмат карда мешавад. Ҳар инсоне, ки зулм мекунад ва чизеро, ки ҳақи он нест мегирад, зуд аст, ки сахтӣ ва азоби он дар рӯзи охират бар гардани ӯ мебошад. Дар рӯзиқиёмат азоб дода мешавад, чун ҷазое барояш
бар зулмеаш, ки дар дунё карда буд.
Паёмбар (с) фармуданд:
“Ҳамоно Худованд барои золим мӯҳлат медиҳад, ҳатто вақте киӯро ба азоб гирифт раҳояш намедиҳад” Муттафақун алайҳ.
Сипас инро хонд, ки
“Инчунин буд муҷозоти
Парвардигорат, дар бораи шаҳрҳое, ки мардумаш ситам мекарданд, ки муҷозоти Парвардигор дарднок ва шадид аст”
Сураи Ҳуд: 102.
Расулуллоҳ (с) дар он ҳадисе, ки аз Раббу-л-иззат ривояташ мекунад гуфтааст:
“Эй бандагони ман ! Ман зулмро бар худам ҳаром гардонидам ва онро
дар миёнатон ҳаром қарор додам, пас ҳамдигарро зулм накунед” Муслим.
Ин аст нидои илоҳӣ бар бандагонаш, ки зулмробар худам ҳаром гардонидам. Онро дар миёнатонҳаром қарор додам. Пас касе дар ҳар мавриде вадар ҳам мавқеъе зулм кунад, кори ҳаромеро
анҷом додааст, ки онро Худованд эълом кардабуд. Ва дигар ин ки гуфта ҳамдигарро зулм накунед. Ин таъкид болои он гуфтаи ҳаром
будани ин кор аст. Пас вақте як инсон зулммекунад бидонад, ки ба гуфта ва нидои Аллоҳипок гӯш фаро наниҳодааст. Ҷуръат кардааст. Ин гӯш фаро наниҳодан ва инҷуръат барои ин банда ниҳоят сахт тамом мешавад. Инсони боҳуш ва бо ақл инро албатта нодида намегирад ва қадрихудро медонад ва гуфтаи он Зоти бузургро арҷ мегузорад.