ЗАМОНЕ МЕОЯД.

------------------------------
• Замоне меояд, ки фосиқон ва ҷоҳилон бар қабоил бар мардум роҳбарӣ мекунанд.
(Тирмизӣ: 2211)
• Замоне меояд, ки мардум зинокорӣ ва шаробхуриро ҳалол медонанд.
(Бухорӣ: 5590)
• Замоне меояд, ки занон либос пушидаанд, аммо дар ҳақиқат лухтанд (яъне бараҳнаанд) бо либоси нозук ва часпида дар тан.
(Мухтасари Муслим: 2128)
• Замоне меояд, ки касе таваҷҷуҳ ва парво намекунад, ки он чиро ба даст овардааст аз ҳалол аст ё аз ҳаром?
(Бухорӣ: 2059)
• Замоне меояд, ки мардуме пайдо шаванд, ки дини хешро ба матоъи ночизи дунё мефурушанд.
(Мухтасари Муслим: 118)
• Замоне меояд, ки хондану гирифтани илм барои мақсадҳои дунявӣ ҳосил мешавад.
(Тирмизӣ: 2211)
• Замоне меояд, ки занон муйҳояшонромонанди кӯҳони уштур . мекунанд.
(Мухтасари Муслим: 2128)
• Замоне меояд, ки мардум мусиқӣ ва олатҳои мусиқиро ҳалол медонанд.
(Бухорӣ: 5590)
• Замоне меояд, ки мардум шаҳодати дурӯғро меписанданд ва ҳақро пинҳон мекунанд.
(Муснади имом Аҳмад: 3870)
• Замоне меояд, ки мардуме пайдо шаванд ба номи дин дурӯғҳо гӯянд, то мардум гумроҳ шаванд.
(Муслим: 1822)
• Замоне меояд, ки пайрави кардан аз расму оину фарҳанги куффор ривоҷ ёбад (яъне бегонапарастӣ кунанд, идҳо ононро ҷашн гиранд).
(Бухорӣ: 7319 /3456 )
• Замоне меояд, ки мард аз занаш итоъат кунад ва ба хотири ҳамсараш аз волидайнаш нофармонӣ кунад.
(Тирмизӣ: 2211)
• Замоне меояд, ки кор ба ғайри он супурда мешавад, (яъне ба шахсе, ки аз ӯҳдаи ҳамон кор намебарояд).
(Бухорӣ: 59)
• Замоне меояд, ки мардум ба сурати комил закоти моли хешро пардохт намекунанд.
(Тирмизӣ: 2211)
• Замоне меояд, ки дар замин қонуни Аллоҳ татбиқ ва амалӣ намешавад.
(Муснади имом Аҳмад: 22160)
• Замоне меояд, ки теъдоди занон аз мардон зиёд мешавад.
(Бухорӣ: 81, мухтасари Муслим: 2671)
• Замоне меояд, ки қотил (одамкуш) намедонад барои чи мекушад ва мақтул (кушташуда) иллати кушта шуданашро намедонад.
(Бухорӣ: 7061)
• Замоне меояд, ки замин ганҷинаҳояшро берун андозад мисли тилло, нуқра, нефт ва ғайра...
(Мухтасари Муслим: 1013)
• Замоне меояд, ки дар байни мусалмонон занони хонанда (артистка) ва раққоса зиёд мешавад.
(Тирмизӣ: 2211)
• Замоне меояд, ки шароб ошкоро нушида шавад ва зинокорӣ ошкор сурат гирад
(Бухорӣ: 81)
• Замоне меояд, ки мардум дар сохтани биноҳои баланд бо ҳам рақобат мекунанд.
(Бухорӣ: 7121)
• Замоне меояд, ки бисёр одамҳо амонатҳоро хиёнат мекунанд.
(Бухорӣ: 6497/ 59)
• Замоне меояд, ки бахилӣ дар байни мардум зиёд мешавад.
(Бухорӣ: 7061 ва Муслим: 2672)
• Замоне меояд, ки занон бо шавҳаронашон дар тиҷорат мушорикат мекунанд.
(Муснади имом Аҳмад: 3870)
• Замоне меояд, ки ҷаҳл ва нодонӣ зуҳур мекунад.
(Бухорӣ: 7061 ва Муслим: 2672)
• Замоне меояд, ки баъзе аз қориён дар муқобили тиловати Қур'они Карим, аз мардум пул талаб мекунанд.
(Абудовуд: 830)
• Замоне меояд, ки фаҳшову мункарот дар байни мусалмонон зиёд мешавад.
(Муснади имом Аҳмад: 6514)
• Замоне меояд, ки масоҷид зиёд ва бо нақшу нигор мешавад, аммо дар дохилаш намозхон кам аст.
(Абудовуд: 449)
• Замоне меояд, ки моли дунё ва сарват зиёд мешавад.
(Бухорӣ: 7121 ва мухтасари Муслим: 1012)
• Замоне меояд, ки муфтиҳои ҷоҳил пайдо мешавад ва бо фатвоҳои нодуруст мардумро гумроҳ мекунанд.
(Бухорӣ: 100)
• Замоне меояд, ки робитаи хешовандӣ миёни хешу табор қатъ мешавад.
(Муснади имом Аҳмад: 6514)
• Замоне меояд, ки дар дунё қатлу куштор зиёд мешавад.
(Мухтасари имом Муслим: 2908)
• Замоне меояд, ки мардум ба хотири фитнаҳои замона орзуи маргро мекунанд.
(Бухорӣ: 7121/ 7115 )
------------------------------
Агар ҳар вақт бо ин фитнаҳо рӯ ба рӯ шудед, мунтазири Қиёмат бошед.
Чунки инҳо ҳама нишонаҳои Қиёмати суғро, яъне Қиёмати хурд аст.
Бо мо бошед → ok.ru/tazkiyavaehson

ЗАМОНЕ МЕОЯД. - 869261149115

Комментарии