📜 НОМА 📜

* Тарҷумаи нома:
Валид ибни Маҳмуди Саҷистонӣ моро хабар дод, гуфт: Барои ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ номае навиштам ва аз ӯ дар бораи корҳое ки мардум дар сувги аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам анҷом медиҳанд пурсидам, пас барои ман навишт: Ёд кардан аз аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва тавсифи корҳои онон ва ситойиши онон ба ҳақ, ишколе надорад ва дурӯғ гуфтан дар бораи онон ва ифтиро задан бар онон қатъан ҳаром аст ва гиристан бар масоъиби онон ва сурудани шеър барои онон ҳаргоҳ рост бошад ишколе надорад ва задан бар сарҳо ва рӯйҳо ва синаҳо ва пуштҳо ба наҳве ки омма мекунанд кароҳат дорад; Ба далили сухани Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ки фармуд: «Аз мо нест касе ки бар рӯйҳо мезанад ва геребонҳо медарад ва ба фарохони ҷоҳилият фаро мехонад» ва сухани он Ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ки фармуд: «Ман аз ҳар кас ки мӯй канад ва шеван кунад ва ҷома дарад безорам» Ва танҳо коре ки писандида аст гиристан аст ва фаротар аз он кори машрӯъе нест; Ба далили сухани Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ки фармуд ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/2331/

Комментарии

Комментариев нет.