Комментарии
- 20 мая 2018 10:53Шумо ҳам бародари азиз ҳамеша шоду фараҳманд бошед...худованд ҳар куҷое набошед дар ҳифзу амонаш нигоҳ дорад! Омин....
- 22 мая 2018 01:56Мошоаллоҳ. Ғазали беҳтарин,дилнишин,омма фаҳм, ҳассос. Худованд бар умратон баракат диҳад устод. Омин
- 14 июн 2018 20:17Сабук сози худовандо ту мизони гунохамро ба вакти пурсишат вое забони солимам бинмой рахмат
- 16 июн 2018 16:33Аҳсан Бародар беҳтарин муноҷот ,, ба Шумо ақлу зеҳни заки қалами бурро ва муваффақияҳои навро хоҳонам Худованд аз мо рози бошад Илоҳо Омин!
- 16 июн 2018 19:41Омин Худои мехрубон моро забони гуе ва имонамонро ба саломат бидорад
- 16 июн 2018 20:58Мамнунам Синоҷон додари қадрдон....худованди қкддус ҳамаамонро дар амонаш нигоҳ дорад
- 17 июн 2018 01:24Ахсанту, манам бечораи бахов,умед аз рахматат дорам.нигох дор аз сакар е раб ту чисми нотавонамро амин.
- 17 июн 2018 05:14Худовандо дуои кулли мустамандонро қабул фсрмоӣ ва мо гунаҳкорони боргоҳи бемунтаҳоятро тавфиқи ибодат иноят фармо...ОМИИИН
Для того чтобы оставить комментарий, войдите или зарегистрируйтесь
Муллошохон Косимов
МУНОҶОТ БА ДАРГОҲИ ҚОЗИЮЛҲОҶОТ:
Худоё рӯҳи ман шод кун гиреҳи қалби ман бикшой
Шудаст торик рӯзи ман ту рузи равшанам бинмой
Замин сахту фалак чандон танам ҳамвора месӯзад
Манам дармондаву ҳайрон ту роҳи равшанам бинмой
Гирифта рӯйи оламро ғубори тираву торе
Худоё ин чи рӯзи сахт ту рузи равшанам бинмой
Хаёлам медарад кӯҳу замин ҳамвора месӯзад
Дилам аз атш месузад ту оби кавсарам бинмой
Ҳамон вақте ки охир мешавад аҳди ту эй холиқ
Равад ҷонам зи тан вое имони комилам бинмой
Чу оянд ду малак андар лаҳад пурсанд худоят кист?
Ту эй холиқи лаҳну ҷон забони нотиқам бинмой
Қиёмат мешавад наздик надорам тӯшаи охир
Манам шармандаву расво ту роҳи равшанам бинмой
Ҳақиқат растахез дар пеш сироталмустақим дар пеш
Ба вақти даргузаштан вой ту роҳи равшанам бинмой
Сабук созӣ худовандо ту мизони гуноҳамро
Ба вақти пурсишат вое забони солимам бинмой
Худоё меҳрубонӣ кун манам бечораи ҚОСИМ
Ба сӯи ҷаннатат ё рабб ту роҳи равшанам бинмой.
ШОҲ ҚОСИМ (муллошоҳон).