Исми Ҳаётзода Мастура, мудири бахши сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар миёни аҳолии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо хушмуомилагию хушрафторӣ ва як қатор хизматҳои беназираш шинос аст.Новобаста аз он, ки шаҳрванд аз кадом қишри ҷомеа ҳасту барои ҳалли мушкилот ба бахши САҲШ-и ноҳия муроҷиат мекунанд, муаллимаи азиз кӯшиш мекунанд бо истифода аз малакаи касбии хеш мушкилоти муроҷиаткунандаро дар камтарин фурсат ҳаллу фасл намоянд.Яке аз хизматҳои шоистаи ин бонуи хушрафтору хушгуфтор ба аҳолӣ бо мақсади эҳё намудани номҳои миллии тоҷикона ва бо истифода аз адабиётҳои таърихӣ барои тифлони навзод номҳои нек, ки хусусияти хоси миллӣ доранду кӯдак метавонад дар оянда бо номи ба ӯ гузошташуда ифтихор кунад, ба волидайни ҷавон маслиҳат додан аст.Чун 16-сол муқаддам барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуди фарзандон ба ин бахш муроҷиат карда будаму бо айби собиқ кормандони ин бахш исми фарзандонам дар шаҳодатномаҳои таваллуд хато навишта шуда, имрӯз барои гирифтани шиносномаи шаҳрвандӣ мушкилот эҷод кард, маҷбур шудам бо маслиҳату машварати сардори раёсати САҲШ-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муаллимаи азиз Ализода Майнисо барои ислоҳи хатогӣ дубора ба бахши САҲШ-и ноҳия сар занам.Моро мудири бахш, бонуи ҳалиму меҳрубон Ҳаётзода Мастура бо як самимият пешвоз гирифтанду баъди баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда, ба корманди бахш хоҳари азиз Саидзода Малика гуфтанд, ки ислоҳ ва бартараф намудани камбудиҳо ва расонидани ёрии амалӣ ба тамоми кишри ҷомеъа вазифаи аввалиндарачаи мо хизматчиёни давлатӣ ба ҳисоб меравад ва ҳамзамон дастур доданд, ки шаҳодатномаҳои фарзандонам дар кӯтоҳтарин фурсат омода карда шаванд.Албатта ин гуфтаҳо на ба хотири худнамоӣ ва таърифу тавсифи як нафар хизматчии давлатӣ аст. Ҳадаф дар он аст, ки вақте ки шаҳрванд барои сари вақт ҳал намудани мушкилотҳои худ ба ин даргоҳ меоянд, хушгуфторию хушахлоқии кормандони он ҳар нафарро водор месозад то бо як калима бар ивази ин ҳама меҳрубониву садоқат ба кори худашон изҳори сипос гуфта бошанд.Ман низ ҳамчун як корафтода ба тамоми ин ҳама самимияту инсонгарии кормандони бахши САҲШ-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ аввалан ба Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ мӯҳтарам Қодирзода Руслан барои интихоби кадрҳои арзандаи роҳбарикунанда ва баъдан ба аҳли коллективи кормандони бахши САҲШ-и ноҳия ҷаҳони сипоси худро баён намуда гуфтанӣ ҳастам, ки дар воқеъ бо роҳбарии бонуи ҳалиму меҳрубон Ҳаётзода Мастура аҳли коллективи ин бахш пайравони содиқи Пешвои муаззами миллат ҳастед. Ҳалолатон бод номи пуршарафи пайрави содиқи Пешвои муаззами миллат будан!Бо эхтиром ва самимият, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви иттифоқи журналистони Ҷумхурии Точикистон Камолиддин Каримов.
Точикам аз ТОЧИКИСТОНАМ
ПАЙРАВОНИ СОДИҚИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ
Исми Ҳаётзода Мастура, мудири бахши сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар миёни аҳолии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо хушмуомилагию хушрафторӣ ва як қатор хизматҳои беназираш шинос аст.
Новобаста аз он, ки шаҳрванд аз кадом қишри ҷомеа ҳасту барои ҳалли мушкилот ба бахши САҲШ-и ноҳия муроҷиат мекунанд, муаллимаи азиз кӯшиш мекунанд бо истифода аз малакаи касбии хеш мушкилоти муроҷиаткунандаро дар камтарин фурсат ҳаллу фасл намоянд.
Яке аз хизматҳои шоистаи ин бонуи хушрафтору хушгуфтор ба аҳолӣ бо мақсади эҳё намудани номҳои миллии тоҷикона ва бо истифода аз адабиётҳои таърихӣ барои тифлони навзод номҳои нек, ки хусусияти хоси миллӣ доранду кӯдак метавонад дар оянда бо номи ба ӯ гузошташуда ифтихор кунад, ба волидайни ҷавон маслиҳат додан аст.
Чун 16-сол муқаддам барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуди фарзандон ба ин бахш муроҷиат карда будаму бо айби собиқ кормандони ин бахш исми фарзандонам дар шаҳодатномаҳои таваллуд хато навишта шуда, имрӯз барои гирифтани шиносномаи шаҳрвандӣ мушкилот эҷод кард, маҷбур шудам бо маслиҳату машварати сардори раёсати САҲШ-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муаллимаи азиз Ализода Майнисо барои ислоҳи хатогӣ дубора ба бахши САҲШ-и ноҳия сар занам.
Моро мудири бахш, бонуи ҳалиму меҳрубон Ҳаётзода Мастура бо як самимият пешвоз гирифтанду баъди баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда, ба корманди бахш хоҳари азиз Саидзода Малика гуфтанд, ки ислоҳ ва бартараф намудани камбудиҳо ва расонидани ёрии амалӣ ба тамоми кишри ҷомеъа вазифаи аввалиндарачаи мо хизматчиёни давлатӣ ба ҳисоб меравад ва ҳамзамон дастур доданд, ки шаҳодатномаҳои фарзандонам дар кӯтоҳтарин фурсат омода карда шаванд.
Албатта ин гуфтаҳо на ба хотири худнамоӣ ва таърифу тавсифи як нафар хизматчии давлатӣ аст. Ҳадаф дар он аст, ки вақте ки шаҳрванд барои сари вақт ҳал намудани мушкилотҳои худ ба ин даргоҳ меоянд, хушгуфторию хушахлоқии кормандони он ҳар нафарро водор месозад то бо як калима бар ивази ин ҳама меҳрубониву садоқат ба кори худашон изҳори сипос гуфта бошанд.
Ман низ ҳамчун як корафтода ба тамоми ин ҳама самимияту инсонгарии кормандони бахши САҲШ-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ аввалан ба Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ мӯҳтарам Қодирзода Руслан барои интихоби кадрҳои арзандаи роҳбарикунанда ва баъдан ба аҳли коллективи кормандони бахши САҲШ-и ноҳия ҷаҳони сипоси худро баён намуда гуфтанӣ ҳастам, ки дар воқеъ бо роҳбарии бонуи ҳалиму меҳрубон Ҳаётзода Мастура аҳли коллективи ин бахш пайравони содиқи Пешвои муаззами миллат ҳастед. Ҳалолатон бод номи пуршарафи пайрави содиқи Пешвои муаззами миллат будан!
Бо эхтиром ва самимият, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви иттифоқи журналистони Ҷумхурии Точикистон Камолиддин Каримов.