ЗОДРӮЗИ 70 СОЛАГӢ МУБОРАК БОШАД! - 996157369069

ЗОДРӮЗИ 70 СОЛАГӢ МУБОРАК БОШАД!

Нурмуҳаммад -- номи дар ҳақиқат зебо аст ва бо рафтори неку кирдори нек сазовори ин номи воло бояд буд.
Бо шунидани ин ном ду чеҳраи дурахшони миллат бевосита пеши чашмонам ҷилвагар мешаванд, ки соҳибони арзандаи ин ном ҳастанд.
Яке раҳматӣ, устод Нурмуҳаммад Ниёзӣ буданд, ки аз сӯҳбаташон баҳраҳо бардоштаему шеърҳояшонро аз китобҳояшон ҳар гоҳ варақ зада қироат мекунем. Дар одаму одамгарӣ низ дар байни шоирон фарқ карда меистоданду бар замми шоири вологуфтор буданашон инсоне бо ҳарфҳои калон буданд.
Бори охир якчанд моҳ пеш аз вафоташон дар "Чойхонаи адибон"-и шаҳри Хуҷанд бо устод Нурмуҳаммад Ниёзӣ ва устод Шодибек Дадоматов сӯҳбати хотирмоне дар атрофи адабиёт доштем, ки аз хотир нахоҳад рафт.
Дар он вохӯрӣ қиссаи номи Нурмуҳаммад ва бо шарофати он зиндаву саломат мондани соҳиби онро ба устодон нақл кардам, ки чунин аст:
-- Дар Афғонистон солҳои ҷанг бо супориши ҳукумат қаҳрамони мо Нурмуҳаммад Маъруфзода (Маърифхонов) адои хизмат мекарданд. Боре бо ҳамроҳии як афсари рус ҳангоми паҳлӯ ба паҳлӯ хоб буданашон афғонҳо ба сарашон меоянд ва чун мебинанд, ки ҷавони мусалмоннажод аст аз ӯ ном мепурсанду ҷавоби номи Нурмуҳаммадро мешунаванд ва мегӯянд, ки ба хотири номат туро кордор намешавем. Афсари дар паҳлӯяшон бударо мепаронанду мераванд.
Устод Шодибек пас аз нақли банда дарҳол рақамҳои мобилии қаҳрамони қисса Нурмуҳаммад Маъруфзодаро аз телефонашон ёфта занг заданд ва пас аз аҳволпурсӣ телефонро ба устод Нурмуҳаммад Ниёзӣ доданд. Дуи Нурмуҳаммад сӯҳбати ширине анҷом дода ба ҳамдигар муваффақиятҳо хостанду бо ҳам вохӯриро ваъда карданд, вале умр ба устод Ниёзӣ вафо накарду ҳамсӯҳбаташон дасти дуои охират бардоштанд. Устоди гиромиро худо раҳмат карда бошад!
Дигаре Нурмуҳаммад Маъруфзодаанд, ки доимо нури Муҳаммадӣ аз чеҳраашон дурахшон асту бо накӯкориву ҷавонмардиву маърифати баланд маъруф ҳастанд ва сазовори ному насаби худ мебошанд.
Қаҳрамониҳо намуда тан ба тан,
Хизмати мардона карда бар Ватан.
Дар саховатмандӣ Нурмуҳаммадакою бародаронашон аз паи падар рафтагӣ ҳастанд, зеро бобои Маърифхон бо саховатмандиву накӯкориву худоҷӯйиашон байни мардуми диёр машҳур буданд ва аз дороияшон доимо барои кори хайру камбағалон ҷудо мекарданд.
Нурмуҳаммад Маъруфзода яке аз донишмандони барҷастаи соҳаи ҳуқуқшиносӣ мебошанд ва ба адабиёт майли беандоза доранд. Чандин сол ҳамчун прокурори ҳарбӣ дар Ватан кор кардаанд ва устоди касби худ ҳастанду сарбаландона ба нафақа баромадаанд.
Шогирдони зиёдеро тарбия кардаанд, ки имрӯзҳо ба Ватан хизмати мардона мекунанд ва агар гӯем, ки шоҳсутуни марзу буми Ватан ҳастанд хато нахоҳем кард. Донишу ҷаҳонбинии кофӣ доранду бародарону шогирдонашонро дар рӯҳияи баланди ватандӯстиву ҷавонмардӣ тарбия намудаанд.
Нурмуҳаммадако ба аҳли адаб, шоирону нависандагон робитаи зич доранд. Сӯҳбатҳои он кас ба инсон рӯҳияи тоза бахшида ба дуриҳои дур мебараду илҳом мебахшад. Маслиҳатҳои хеле судмандашонро ба ёру дӯстон ҳеҷ гоҳ дареғ намедоранд.

Комментарии

  • Сб 05:10
    dd237e659e
  • Сб 05:10
    d38d88aec6
  • Сб 06:35
    Дусти азиз ва инсони нек мухтарам Нурмухаммадро аз самими калб ба зодрузашон табрик намуда ба Эшон умри дароз ва саломати хохонем.
  • Сб 07:35
    Зодруз муборак шавад саломати умри дароз ризки бутун хушбахти омади кор доимо хамрох бошад Орзую хаваси фарзандону наберагонро бинетон.
  • Сб 10:54
    ЗОДРӮЗ МУБОРАК БОД ! ИЛОҲО ҲАМЕША СИҲАТУ САЛОМАТ БОШЕД
  • Сб 10:58
    Салом алейкум зодруз муборак шавад саломати умри дароз ризки бутун хушбахти омади кор доимо хамрох фарзандону наберагонро бошанда
  • Сб 11:51
    Зодруз муборак обод ако азиз. Садсола шавед
  • Сб 14:44
    Зодруз муборак бод. Худованд ба тамоми орзухояшон расонад.
  • Сб 16:07
    Салом алейкум ако зодруз муборак садба равед хачба равед худованд орзухои дилатонба расонад домой сихатманду сарбаланд бошед
  • Сб 19:52
    Ассалому алейкум зодруз Муборак бошад Акои Азиз
  • Сб 19:53
    Шуморо аз Номи Ахли оилаамон табрик мегуем
  • Сб 20:02
    Ассалому алейкум 70 солаги муборак акои азиз хамеша саломату сарбаланд бошед
  • Пн 10:26
    МУБОРАК БОДО РӮЗИ ТАВАЛЛУД АКО. ИЛОҲО СИҲАТУ САЛОМАТ БО УМРИ ДАРОЗУ БОБАРАКАТ АКО
  • Пн 21:12
    Саломалейкум Саломати кору боро нагзми Ахли оила хама нагзетонми Зодруз муборак Худои мехрубон хамаи орзухоятонро амали бигардонад давлати пири тияд Омин