Сураи “Фалақ”113-уми сураи Қуръон буда, дар Маккаи мукаррама нозил шуда аз 5 оят иборат аст.Дар ин сураи “Фалақ” Худованди меҳрубон барои мардуме, ки ба сӯйи Ӯ паноҳ мебаранд, ҳимояи худашро эълон доштааст. Ҳимояи Ӯ ҳамеша бехавфӣ, осудагӣ ва оромиро таъмин менамояд. Парвардигор меҳрубону ғамхори он мардумест, ки Ӯ таъолоро бо дуъо ёд мекунанд ва худро дар паноҳи Ӯ мегиранд.Бинобар ин сураи “Фалақ” навъи саҳеҳу махсуси паноҳ бурдани мардумро аз бадии кулли махлуқоти зиёнрасон ба ҳимояи Раҳмон таълим додааст. Аз он ҷумла, аз бадии шаб, ҳар вақто торик шаваду фоҷирону бадкорон аз маконҳояшон берун омада, парешон шаванд ва бар нафсҳо тарсу ваҳшат ҳукмфармо шавад.Дар хотимаи сура бошад ба Аллоҳ паноҳ бурданро аз бадии кулли соҳирону ҳасадхӯрандагон ва инчунин аз кулли бадиҳое, ки дар олам арзи вуҷуд доранд, баён сохтааст. Ин сура яке аз он ду сура аст, ки Расулуллоҳ (с) доимо худашонро ба он даму нафас менамуданд. Ин буд назаре ба муқаддимаи сураи “Фалақ”.بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِОғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.قُلۡ أَعُوذُ بِرَبِّ ٱلۡفَلَقِ ١1. Бигӯ (эй Муҳаммад): «Паноҳ мебарам ба Парвардигори субҳАллоҳтаъоло ба ҳабиби Худ (с) фармудааст, ки эй Расули Ман (с), ҳар вақто ки туро паноҳгоҳу муолиҷа лозим шавад, бигӯ, паноҳ мебарам ба Парвардигори субҳ, чунон субҳе, ки бо амру фармону итоати Парвардигори худ пардаи торикии шабро медараду зоҳир мегардад.Дар маънои калимаи "Фалақ" луғати бисёреро истеъмол кардаанд. Аммо қавли саҳеҳ бар ин аст, ки “фалақ” субҳ аст. Барои ихтисор шудани сухан якчанд ривоятҳоро, иншоаллоҳ, ин ҷо зикр мекунем.1. (Фалақ) хонаест дар Ҷаҳаннам, чун ҳар вақто дари он кушода шавад, аз шиддати гармии хона тамоми аҳли нор ба доду фарёд медароянд.2. Ё чоҳест дар Ҷаҳаннам сарпӯшида.3. Ё ишорат аст ба сӯйи Қодири мутаъол, яъне Зоте, ки бо дур кардани зулмоти сахт қодир аст. Ӯ ба дур кардани хавфу хатар аз касоне, ки аз ҷивори раҳмати Ӯ паноҳ меҷӯянд, низ қодир аст.Баъзе аз муфассирин дар шарҳи мазмуни ояти мазкур чунин фармудаанд: "Аз байни ҳамаи махлуқот хос гардонидани субҳ ва паноҳ ҷустан ба Парвардигори субҳ барои он аст, ки одатан баъди торикии сахт равшании субҳ оҳиста-оҳиста пайдо мешавад. Инҷо ишоратест ба тартиби омадани хурсандиҳо баъди кашидани ғаму андӯҳ, омадани ҳолати оромӣ баъди хавфу хатар ва интизории дуру дароз ва ғайра".Чуноне ки дар сураи “Зуҳо” ишора шуд, "тулӯъи субҳ" ҳам ишорат аст ва ҳам башорат. Инсон набояд дар мушкилоти худ дилшикаста шавад, балки доимо дар дуъою дар паноҳ ҷустан аз Парвардигор бошад, зеро мерасад вақте ки Аллоҳтаъоло ба ӯ кушоиш ато фармояд.مِن شَرِّ مَا خَلَقَ ٢2. аз бадии (тамоми)-он чи ки (Худо) халқ кардааст -Аллоҳтаъоло ба ҳабиби Худ (с) фармудааст, ки аз шарри ҷамиъи махлуқоти зарардиҳанда, ки онҳоро ҳам Худованд барои ҳикмате халқ намудааст, ба Холиқи онҳо паноҳ бибар. Зеро Ӯ таъоло чунон Зотест, ки туро дар назди худ мақому паноҳгоҳ медиҳад! Инчунин:..وَمِن شَرِّ غَاسِقٍ إِذَا وَقَبَ ٣3. ва аз бадии шаб, ҳар вақто ки торик шавад -Дар ин оят амру фармони Аллоҳтаъоло бар Пайғамбари Худ (с) расидааст, ки аз бадии шаб, ҳар вақто ки маҳтоб ғоиб ва торикӣ ба дунё ҳукмфармо шавад, махлуқоти зараррасон мисли даррандагон, хазандагон, ҷинон, дузду ғоротгарон дар ҳаракат шаванд, ту, эй Ҳабиби Ман (с), аз ин ҳолатҳо дар ҳазар шуда, аз шарру зиёни онҳо аз ҷавори Раҳмати Парвардигори хеш паноҳ талаб намо, на аз ғайри Ӯ. Инчунин:..وَمِن شَرِّ ٱلنَّفَّٰثَٰتِ فِي ٱلۡعُقَدِ ٤4. ва аз бадии занони нафасзананда (ҷодугар) дар гиреҳҳо -Дар ин оят Аллоҳтаъоло фармудааст, ки аз бадии занҳои сеҳргар, ки риштаҳоро гиреҳ мекунанду дар он гиреҳҳо нафасу дам меандозанд, то ки бандаҳои Худоро зарар расонанд ё зану шавҳарро аз ҳам ҷудо созанд, ё алоқаи зану шавҳарро банданд, ба Парвадигори худ паноҳ бар. Сеҳри соҳирон, чуноне ки дар ояти 102-юми сураи “Бақара” гузашт, ба инсон таъсир дорад.وَمِن شَرِّ حَاسِدٍ إِذَا حَسَدَ ٥5. ва аз бадии ҳасудон, ҳар вақто ки ҳасад баранд».Ва, эй Муҳаммад (с) паноҳ бар ба сӯйи Парвардигори хеш аз шарри ҳасадхӯрандагон (мисли Лабид ибни Аъсам) Дар ривояте омадааст, ки Лабиди яҳуд бо ҳамроҳии духтаронаш ба воситаи як хизматгор якчанд дандонаи шона ва мӯйи сари Он ҳазрат (с)-ро пайдо намуда, дар ресмоне 11 гиреҳ андохта, дар ҳар гиреҳе сӯзан, дандонае аз шона ва мӯи он ҳазрат ниҳода, дам андохта, ҷоду намуда, онро дар зери санге дар як чоҳ пинҳон намуданд. Ба ривояте ҳазрати Расули Акрам (с) то муддати 6 моҳ назди модарҳоямон рафта натавонистанд.Баъди 6 моҳ Худованд он сеҳргар, сеҳр ва ҷойи онҳоро ба воситаи малоик ба Расули Худ (с) дар хобаш нишон дод. Он ҳазрат (с) ба ёронаш фармуд ва он ресмонро оварданд. Худованд Ҳабибашро ба хондани ин ду сураи муборака амр намуд. Ҳангоме ки ҳар як оятеро аз ин сураҳо мехонд, яке аз он гиреҳҳо кушода мешуд ва Расули Худо (с) дар худаш як сабукие ҳис мекард. Чун ҳамаи оятҳои ин ду сура хонда шуд, ҳамаи он гиреҳҳо кушода шуд. Он ҳазрат (с) аз ҷояшон бархостанд, мисли ин ки аз банд озод шуда бошанд. Ба ҳамин мазмун дигар ривоятҳои дароз ҳам ҳаст, лекин мо ин ҷо мухтасарашро овардем.Инчунин паноҳ талаб кун ба сӯйи Парвардигори худ аз захми чашм, чунки он асар мекунад. Дар таъсири захми чашм шак ва шубҳае нест.Хулоса: ҳасад - бадтарин сифатҳои инсон аст, зеро бухлу туғёнро ба миён меорад. Инсон набояд ҳасад барад, балки аз Худо талаб кунад, ки мисли неъматҳои ба касе додааш, бар ӯ низ ато кунад.Аввалин бадкориҳои ҳаёти олам низ аз ҳасад сар шудааст. Ба ёд оред қиссаи Ҳобилу Қобилро ё ҳазрати Одаму шайтони лаъинро. Шайтон бар Одам (а.с.) ҳасад кард, рондаи даргоҳи Илоҳӣ шуд. Аз ин рӯ, аз ин хулқи бад - "ҳасадбарӣ", ки бар сари ҷамъияти инсон оқибатҳои нохуш меорад, ба куллӣ даст кашидан лозим аст. Ҳасад бурда, "оҳу-воҳ" кашидан нодуруст аст. Ба ҷойи ин "Мошоаллоҳ" гӯед, чашматон ба касе ё чизе таъсир намекунад.Поёни сураи “Фалақ”. Ва лиллоҳил ҳамд.Адибе гуфтааст.Ҳасадро оташе дон, ки чун барафрӯхт,Ҳасуди лаъинро ҳамон лаҳза сӯхт.Гирифтам ба сурат ҳамдин шавӣ,Ҳасад кай гузорад, ки ҳамдин шавӣ?
Инша Аллаҳ
Сураи “Фалақ”
Сураи “Фалақ”
113-уми сураи Қуръон буда, дар Маккаи мукаррама нозил шуда аз 5 оят иборат аст.
Дар ин сураи “Фалақ” Худованди меҳрубон барои мардуме, ки ба сӯйи Ӯ паноҳ мебаранд, ҳимояи худашро эълон доштааст. Ҳимояи Ӯ ҳамеша бехавфӣ, осудагӣ ва оромиро таъмин менамояд. Парвардигор меҳрубону ғамхори он мардумест, ки Ӯ таъолоро бо дуъо ёд мекунанд ва худро дар паноҳи Ӯ мегиранд.
Бинобар ин сураи “Фалақ” навъи саҳеҳу махсуси паноҳ бурдани мардумро аз бадии кулли махлуқоти зиёнрасон ба ҳимояи Раҳмон таълим додааст. Аз он ҷумла, аз бадии шаб, ҳар вақто торик шаваду фоҷирону бадкорон аз маконҳояшон берун омада, парешон шаванд ва бар нафсҳо тарсу ваҳшат ҳукмфармо шавад.
Дар хотимаи сура бошад ба Аллоҳ паноҳ бурданро аз бадии кулли соҳирону ҳасадхӯрандагон ва инчунин аз кулли бадиҳое, ки дар олам арзи вуҷуд доранд, баён сохтааст. Ин сура яке аз он ду сура аст, ки Расулуллоҳ (с) доимо худашонро ба он даму нафас менамуданд. Ин буд назаре ба муқаддимаи сураи “Фалақ”.
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.
قُلۡ أَعُوذُ بِرَبِّ ٱلۡفَلَقِ ١
1. Бигӯ (эй Муҳаммад): «Паноҳ мебарам ба Парвардигори субҳ
Аллоҳтаъоло ба ҳабиби Худ (с) фармудааст, ки эй Расули Ман (с), ҳар вақто ки туро паноҳгоҳу муолиҷа лозим шавад, бигӯ, паноҳ мебарам ба Парвардигори субҳ, чунон субҳе, ки бо амру фармону итоати Парвардигори худ пардаи торикии шабро медараду зоҳир мегардад.
Дар маънои калимаи "Фалақ" луғати бисёреро истеъмол кардаанд. Аммо қавли саҳеҳ бар ин аст, ки “фалақ” субҳ аст. Барои ихтисор шудани сухан якчанд ривоятҳоро, иншоаллоҳ, ин ҷо зикр мекунем.
1. (Фалақ) хонаест дар Ҷаҳаннам, чун ҳар вақто дари он кушода шавад, аз шиддати гармии хона тамоми аҳли нор ба доду фарёд медароянд.
2. Ё чоҳест дар Ҷаҳаннам сарпӯшида.
3. Ё ишорат аст ба сӯйи Қодири мутаъол, яъне Зоте, ки бо дур кардани зулмоти сахт қодир аст. Ӯ ба дур кардани хавфу хатар аз касоне, ки аз ҷивори раҳмати Ӯ паноҳ меҷӯянд, низ қодир аст.
Баъзе аз муфассирин дар шарҳи мазмуни ояти мазкур чунин фармудаанд: "Аз байни ҳамаи махлуқот хос гардонидани субҳ ва паноҳ ҷустан ба Парвардигори субҳ барои он аст, ки одатан баъди торикии сахт равшании субҳ оҳиста-оҳиста пайдо мешавад. Инҷо ишоратест ба тартиби омадани хурсандиҳо баъди кашидани ғаму андӯҳ, омадани ҳолати оромӣ баъди хавфу хатар ва интизории дуру дароз ва ғайра".
Чуноне ки дар сураи “Зуҳо” ишора шуд, "тулӯъи субҳ" ҳам ишорат аст ва ҳам башорат. Инсон набояд дар мушкилоти худ дилшикаста шавад, балки доимо дар дуъою дар паноҳ ҷустан аз Парвардигор бошад, зеро мерасад вақте ки Аллоҳтаъоло ба ӯ кушоиш ато фармояд.
مِن شَرِّ مَا خَلَقَ ٢
2. аз бадии (тамоми)-он чи ки (Худо) халқ кардааст -
Аллоҳтаъоло ба ҳабиби Худ (с) фармудааст, ки аз шарри ҷамиъи махлуқоти зарардиҳанда, ки онҳоро ҳам Худованд барои ҳикмате халқ намудааст, ба Холиқи онҳо паноҳ бибар. Зеро Ӯ таъоло чунон Зотест, ки туро дар назди худ мақому паноҳгоҳ медиҳад! Инчунин:..
وَمِن شَرِّ غَاسِقٍ إِذَا وَقَبَ ٣
3. ва аз бадии шаб, ҳар вақто ки торик шавад -
Дар ин оят амру фармони Аллоҳтаъоло бар Пайғамбари Худ (с) расидааст, ки аз бадии шаб, ҳар вақто ки маҳтоб ғоиб ва торикӣ ба дунё ҳукмфармо шавад, махлуқоти зараррасон мисли даррандагон, хазандагон, ҷинон, дузду ғоротгарон дар ҳаракат шаванд, ту, эй Ҳабиби Ман (с), аз ин ҳолатҳо дар ҳазар шуда, аз шарру зиёни онҳо аз ҷавори Раҳмати Парвардигори хеш паноҳ талаб намо, на аз ғайри Ӯ. Инчунин:..
وَمِن شَرِّ ٱلنَّفَّٰثَٰتِ فِي ٱلۡعُقَدِ ٤
4. ва аз бадии занони нафасзананда (ҷодугар) дар гиреҳҳо -
Дар ин оят Аллоҳтаъоло фармудааст, ки аз бадии занҳои сеҳргар, ки риштаҳоро гиреҳ мекунанду дар он гиреҳҳо нафасу дам меандозанд, то ки бандаҳои Худоро зарар расонанд ё зану шавҳарро аз ҳам ҷудо созанд, ё алоқаи зану шавҳарро банданд, ба Парвадигори худ паноҳ бар. Сеҳри соҳирон, чуноне ки дар ояти 102-юми сураи “Бақара” гузашт, ба инсон таъсир дорад.
وَمِن شَرِّ حَاسِدٍ إِذَا حَسَدَ ٥
5. ва аз бадии ҳасудон, ҳар вақто ки ҳасад баранд».
Ва, эй Муҳаммад (с) паноҳ бар ба сӯйи Парвардигори хеш аз шарри ҳасадхӯрандагон (мисли Лабид ибни Аъсам) Дар ривояте омадааст, ки Лабиди яҳуд бо ҳамроҳии духтаронаш ба воситаи як хизматгор якчанд дандонаи шона ва мӯйи сари Он ҳазрат (с)-ро пайдо намуда, дар ресмоне 11 гиреҳ андохта, дар ҳар гиреҳе сӯзан, дандонае аз шона ва мӯи он ҳазрат ниҳода, дам андохта, ҷоду намуда, онро дар зери санге дар як чоҳ пинҳон намуданд. Ба ривояте ҳазрати Расули Акрам (с) то муддати 6 моҳ назди модарҳоямон рафта натавонистанд.
Баъди 6 моҳ Худованд он сеҳргар, сеҳр ва ҷойи онҳоро ба воситаи малоик ба Расули Худ (с) дар хобаш нишон дод. Он ҳазрат (с) ба ёронаш фармуд ва он ресмонро оварданд. Худованд Ҳабибашро ба хондани ин ду сураи муборака амр намуд. Ҳангоме ки ҳар як оятеро аз ин сураҳо мехонд, яке аз он гиреҳҳо кушода мешуд ва Расули Худо (с) дар худаш як сабукие ҳис мекард. Чун ҳамаи оятҳои ин ду сура хонда шуд, ҳамаи он гиреҳҳо кушода шуд. Он ҳазрат (с) аз ҷояшон бархостанд, мисли ин ки аз банд озод шуда бошанд. Ба ҳамин мазмун дигар ривоятҳои дароз ҳам ҳаст, лекин мо ин ҷо мухтасарашро овардем.
Инчунин паноҳ талаб кун ба сӯйи Парвардигори худ аз захми чашм, чунки он асар мекунад. Дар таъсири захми чашм шак ва шубҳае нест.
Хулоса: ҳасад - бадтарин сифатҳои инсон аст, зеро бухлу туғёнро ба миён меорад. Инсон набояд ҳасад барад, балки аз Худо талаб кунад, ки мисли неъматҳои ба касе додааш, бар ӯ низ ато кунад.
Аввалин бадкориҳои ҳаёти олам низ аз ҳасад сар шудааст. Ба ёд оред қиссаи Ҳобилу Қобилро ё ҳазрати Одаму шайтони лаъинро. Шайтон бар Одам (а.с.) ҳасад кард, рондаи даргоҳи Илоҳӣ шуд. Аз ин рӯ, аз ин хулқи бад - "ҳасадбарӣ", ки бар сари ҷамъияти инсон оқибатҳои нохуш меорад, ба куллӣ даст кашидан лозим аст. Ҳасад бурда, "оҳу-воҳ" кашидан нодуруст аст. Ба ҷойи ин "Мошоаллоҳ" гӯед, чашматон ба касе ё чизе таъсир намекунад.
Поёни сураи “Фалақ”. Ва лиллоҳил ҳамд.
Адибе гуфтааст.
Ҳасадро оташе дон, ки чун барафрӯхт,
Ҳасуди лаъинро ҳамон лаҳза сӯхт.
Гирифтам ба сурат ҳамдин шавӣ,
Ҳасад кай гузорад, ки ҳамдин шавӣ?