Моҳи мубораки Рамазон, яке аз моҳҳои пурфайзу

баракат фаро расид ва бо фаро расидани моҳи
шариф мардуми мусулмон ҳар нафар мекӯшад аз
рӯи имконоти саломатиаш иҷозат медода рӯза
дорад. Аммо албатта ҳастанд нафароне, ки
вобаста аз ҳолати саломатии хеш наметавонанд
рӯза доранд, маҳз барои ҳамин кӯшиш
мекунанд, ки бештар садақа намоянду ҷуброни
рӯзаи надоштаашонро намоянд. Албатта на
танҳо шахсони рӯза надошта, балки кулли
мусулмонон дар моҳи Рамазон мекӯшанд
зиёдтар хайр намоянду бад-ин-васила дар
китоби амволи худ савоби бештареро сабт
гардонанд. Дар моҳи Рамазон мардум Ифтор
доир менамоянд ва дар хонаи худ ҳар хонавода
вобаста ба қуввату тавоноиаш хӯрокҳои
гуногуну хӯришҳо омода намуда ба мардуми
рӯзадор хӯроки шом медиҳанд. Аммо вақтҳои
охир муди наве пайдо шудааст, ки мардум
ифторро дар меҳмонхонаву тарабхонаҳои
қимматбаҳо доир менамоянд.
«Сирена» ба ивази 120 сомонӣ ба як нафар
ифтор медиҳад…
Чуноне ки ба суолҳои мо менеҷер оид ба фурӯш
ва маркетинги меҳмонхонаи «Сирена» Сулҳия
Ҳайдарова иттилоъ, барои ҳар як нафар
дастархони ифтор дар тарабхонаи меҳмонхона
120 сомонӣ муайан шудааст.
- Мизҳои мо ба дараҷаи олӣ ороиш дода шуда,
барои хӯроки шом
мизи шведӣ омода карда мешавад. Хӯроки якум
ва баъдан 7-намуд хӯроки гарми дуюм, 10-12
намуд хӯришҳои лазизи гӯштиву сабзавотии ҳам
милливу ҳам аврупоӣ, 10 намуди десерт, хӯриш
аз меваҷот, мевагиҳои гуногун ва пӯхтупазҳои
гуногуни нонӣ пешкаш мегарданд.
Барои ҳар як нафар дар «Сирена» ҳамагӣ 120
сомонӣ маблағ муайан шудааст. Ва ба ин
маблағ арзиши чою қаҳва низ дохил мешавад.
- Чанд нафар одамон дар як маротиба
метавонанд ба ифтор ҳозир шаванд?
- Тарабхонаи "Рудакӣ" то 70 нафарро ҷой карда
метавонад, илова бар ин
дар боғ дуто кат аст, инчунин дар ин боғ
метавон то 20 мизи дигар барои даҳ нафари
иловагӣ гузошт.
- Оё нафароне, ки мехоҳанд дар тарабхонаи
шумо ифтор доир намоянд, чунд рӯз қабл бояд
шуморо хабар кунанд?
- Албатта агар шумо қаблан оиди омаданатон
хабар диҳед беҳтар аст, аммо ин шартан муҳим
нест. Албатта дар сурате, ки меҳмонони шумо
аз 25 нафар бештар набошанд.
- Чӣ қадар вақт дар ихтиёри ифторкунандагон
гузошта мешавад?
- Ифтор аз соати 20:00 оғоз гардида, то соати
23:00 идома меёбад.
- Дар тарабхонаи шумо барои намозгузории
рӯзадорон ҷой ва дигар шароитҳои лозима
муҳайё карда шудааст?
- Бале, дар тарабхонаи мо ҳуҷраҳои алоҳида
барои намозгузорон муҳайё мебошанд.
- Рӯзҳое ҳастанд, ки фармоиш қабул
намекунед?
- Не, мо ҳамарӯза интизори меҳмононем, -
иброз медорад Сулҳия Ҳайдарова.
«Бохтариён» бошад ба рӯзадорон сихкабоб
пешкаш мекунад
Ба ғайр аз “Сирена” инчунин меҳмонхонаи
“Ҳайят-Реҷенси”, тарабхонаи
“Ал-шам” ва “Бохтариён” низ барои мардуми
рӯзадор, ки мехоҳанд ифторро на дар хонаи
худ, балки дар ҷойи дигар доир намоянд, ин
намуди хизматрасониро дар моҳи Рамазон
пешкаш менамоянд.
Ҳанӯз аз оғози моҳи Рамазон тарабхонаи
«Бохтариён» тавассути радиои «Ховар» эълон
намуда истодааст, ки онҳо омодаанд ҳамарӯза
мардумро барои ифтор қабул намоянд ва маблағ
сари як нафар ифторкунанда
37-сомонӣ мебошад. Дар ин тарабхона ду намуд
хӯроки гарм, нӯшокӣ ва хӯришҳо пешкаш
мегарданд. Сихкабоб бошад аз ҳисоби корхона
ҳамчун пазироӣ ба мизоҷон пешниҳод мегардад.
Истиқлоли бехабар
Дар меҳмонхонаи “Истиқлол” аз суоли мо
ҳайрон шуда, иқрор гаштанд, ки то ба ҳол
чунин намуди хизматрасониро ба мизоҷон
пешниҳод накардаанд.
Ифтори сарватмандон
Умуман ин нарху наво ва ин намуди
хизматрасониҳоро дидаву шунида суолҳои зиёде
пайдо мешаванд. Аввалаш ин, ки асоси ифтор
намудан дар моҳи Рамазон ин хайр кардан ба
шахсони дармондаву ятим ва камбизоат
мебошад. Ҷои шубҳа нест, ки дар чунин
тарабхонаҳои панҷситорадор ба мисли Сиренаву
Ҳаят танҳо шахсони сарватманд метавонанд
ифтор доир кунанд ва меҳмони шахсони
сарватманд албатта, ки ҳамнишинони ба
худашон монанд хоҳанд буд, ки аксарашон аз
моли дунё бениёзанд ва дар таҳияи хӯрокашон
танқисӣ намекашанд. Нафароне, ки дар воқеъ
ба хайр ниёз доранд, ба чунин тарабхонаҳо роҳ
ёфтанашон гумон аст. Хеле хуб мебуд агар
нафароне, ки мехоҳанд дар ҳақиқат барои
хайр, на ин ки барои худнамоӣ садақа намоянду
дасти мазлум ва ниёзманде бигиранд, беҳтараш
хӯрданиҳо омода карда, ба масҷидҳо бубаранд,
то мардуми намозхон даҳони бастаашонро
кушоянду дар ҳаққи шахси саховатпеша дуои
хайр намоянд. Ҳамчунин нафарони савобҷӯ, ки
имкони хайр кардан доранд, метавонанд ба
оилаҳои камбизоат кӯмаки молӣ намоянд, ё
хӯрокворӣ харида, ба онҳо расонанд, то вайҳо
дар навбати худ ҳамроҳи кӯдаконашон ин
ғизоро тановул намоянду дуои хайре дар ҳаққи
шахси садақанамуда бикунанд.
Исроф ҳаром аст, ай муъминон!
Нуқтаи дигар исроф аст, ки дар Ислом ҳаром
маҳсуб мешавад. Оё шумо ягон шахси
рӯзадореро дидед, ки беш аз як ё майлаш, ду
таом тановул карда тавонад? Намедонам, агар
шумо дида бошед ҳам ман надидам, чунки дар
вақти рамазон меъдаи одам ба як реҷа одат
мекунаду баъди кушодани рӯза як хӯрокро базур
истеъмол мекунад. Пас ин қадар хӯрок (7-
намуд хӯроки гарм) барои чӣ тайёр мекунанд?
Магар аз нисф зиёди он исроф намегардад? Бо
боварии том гуфта метавонам, ки ҳеҷ як
рӯзадор наметавонад аз ҳамаи ин хӯрокҳо ва ё
ҳадди ақал аз нисфашон истеъмол кунад. Пас
барои чӣ ва баҳри кӣ лозим аст ин ҳама
худнамоӣ? Барои чӣ мо бояд овозаи таърифу
тавсифи ифтори доирмекардаамонро ба тамоми
мардум паҳн созем? Як нуктаи дигаре низ ҳаст,
ки доимо маро дар хайркунандагони худамон
ҳайрон месозад. Дар ҳама кишварҳои пешрафта
мардум ба хайркунӣ машғуланд ва бештари
онҳо хайру садақаро тарзе менамоянд, ки аз он
касе хабардор намешавад. Яъне, танҳо
мегӯянд, ки хайр намудаанд, вассалом. Дар мо
бошад, Худое накунад, ки инсон як миқдор
пули муайянро садақа кунад ва ё ба ягон шахси
ниёзманде кӯмак намояд, дарҳол онро дастак
карда, дар хама ҷо гуфтан мегирад, ки дар
кадом ҳаҷму миқдор хайр намудаасту ба кӣ.
Магар мо хайрро низ барои худнамоӣ ва
забондарозии худ мекунем? Албатта миқдори
ками нафароне ҳастанд, ки аз Ислом хеле хуб
бохабаранду вақте хайр карданд ба касе
намегӯянд, аммо мутаасифона шумораи чунин
одамон хеле кам аст. Пас мо чӣ гуна
мусулмонем?
Андар боби фитру закот
Аз рӯи Шурои уламои Тоҷикистон садақаи фитр
имсол 3-сомонӣ муайян карда шудааст. Ин
маблағ аз руи арзиши миёнаи ду килограмм орд
аниқ гардидааст.
Ҳаҷми закот бошад аз маблағи 14 ҳазор сомонӣ
350 сомонӣ муайян гардидааст, ки ин маблағро
ҳар як фарди мусалмон бояд ба шахси
ниёзманде бидиҳад.
Аз рӯи ҳадисҳо маҳз дар моҳи рамазон ба
Паёмбарамон Муҳаммад
(с.а.с.) аввалин саҳифаҳои Қуръони Карим
расидаанд. Ба ин хотир тӯли ин моҳ мусулмонон
рӯза медоранду худро аз гуноҳу ифлосиҳо пок
месозанд.

Комментарии

Комментариев нет.