Бар ҳазрати Муҳаммад (с) чигуна салавот фиристем?

Аз худову малоикаву якояки ибод (бандагон)
Ҳамеша бод бар Муҳаммаду Олаш салавот!

Ассалом алейкум бародарон ва хоҳарони арҷманд.
Худованди Карим дар ояти 56 сураи Аҳзоб мефармояд:

“Ҳамоно Худованд ва фариштагонаш пайваста (ҳамеша) бар Пайғамбар дуруд мефиристанд. Эй касоне ки имон овардаед, бар Ӯ (пайғамбар Муҳаммад) салому салавоту дуруд фиристед”.

Тибқи фармони Худованд дар ин оят, салавот фиристодан ба ҳазрати Муҳаммад (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фарз аст. Ва ҳар касе ки салавот нафиристад тарки фарз карда, ва қатъан тарки фарз монанди тарки намоз, натиҷаҳое дорад, ки камтаринаш маҳрум шудан аз раҳмати Илоҳист!

Аммо ба Пайғамбар чигуна салавот бифиристем? Ки ҳам ба фармони Худо амал карда бошем ва ҳам салавотро дуруст адо карда бошем

Дар тафсири ин оя дар ҳадиси рақами 3370, 6357, ва 4797 Саҳеҳ Бухорӣ омадааст, ки Каъб ибни Уҷра мегуяд: аз Расули Аллоҳ пурсидем ки Ай Расули Аллоҳ, бар шумо Аҳлалбайт чигуна салавот фиристем?

Ҳазраташ дар ҷавоб фармуданд: ба Ман ингуна салавот фиристед:

 Аллоҳумму салли ало Муҳаммад ва ало Оли Муҳаммад, каммо саллайта ало Иброҳима ва ало Оли Иброҳима иннака ҳамидум маҷид.....

Чанд нуктаи муҳим дар бораи салавот:

1-ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) мефармояд: бахилтарин инсон касе аст, ки номи Маро мешунавад, аммо бар Ман салавоту дуруд намефиристад. Яъне ҳар вақте ки номи Пайғамбара бурда шавад, ҳар вақте ки дар ҳар ҷое номи ҳазратро шунидед, бояд салавот бифиристед.

2-салавот дар ташаҳҳуди намоз, далел бар дуруст будан ва комил будани салавот аст, ки калимаи ОЛ-ро низ дорад, ки бе он намоз дуруст нест. Ва дар салавоти ташаҳҳуд мехонем Аллоҳумма салли ало Муҳаммадин ва Оли Муҳаммадин. Яъне Худоё бар Муҳаммад ва хонадони Ӯ салому салавоту дуруд фирист ва баракат деҳ. Ҳамон тавр ки бар Иброҳим ва Оли Иброҳим салавот фиристодӣ ва баракат додӣ.

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.

Комментарии

Комментариев нет.