30 мар

Чӣ гуна хонаҳои худро нуронӣ кунем?

Ба номи Худо

Паёмбари Акрам ҳазрати Муҳаммади Мустафо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд:

نَوِّرُوا مَنازِلَکُم بِالصَّلاةِ وَ قِرائَةِ الْقُرآنِ

Хонаҳои худро бо хондани намоз ва қироати Қуръон нуронӣ кунед!

خانه‌های خودرا با خواندن نماز و قرائت قرآن نورانی کنید
کنز العمال، جلد 15، صفحه 392
Канзул-уммол, ҷ. 15 (понздаҳ), саҳ. 392

Бо ту гар хоҳӣ сухан гӯяд "Худо", Қуръон бихон

То шавад рӯҳи ту бо ҳақ ошно, Қуръон бихон
Эй башар ёди "Худо" оромиши дил медиҳад
Медиҳад Қуръон ба ҷону дил сафо, Қуръон бихон

Намоз сутуни дин, меъроҷи муъмин ва калиди биҳишт аст.

Ва дар рӯзи қиёмат аввалин саволе, ки аз банда пурсида мешавад, намоз аст.

Рӯзи маҳшар, ки ҷонгудоз бувад
Аввалин пурсиш аз намоз бувад

Парвардигоро, хонаҳои моро ба баракати намоз ва қироати Қуръон нуронӣ бигардон. Омин

Комментарии

Комментариев нет.