🔸🔹 ПУРСИШ ВА ПОСУХ 🔹🔸

🔸 Матни пурсиш:
Бо таваҷҷуҳ ба назари эшон дар хусуси рибо ва аз онҷойе ки мавзӯъи рибо бисёр муҳим аст тамоюл дорам суъолеро матраҳ кунам.
Иноят доред ки таваррум дар Тоҷикистон болост шояд ҳудуди 20 дарсад; Яъне агар касе пулашро нигоҳ дорад солона 20% аз пулаш кам мешавад. Дар ин шаройит аз лиҳози иқтисодӣ шаройит дар замон ба зарар мебошад. Ҳоло агар касе пулашро ба бонк бидиҳад ки 18% суд медиҳад ҳанӯз 2% аз арзиши пулаш ба сурати солона кам шуда ва дар воқеъ яъне ҳеҷ суде дарёфт накардааст.
Мустадъӣ аст назари эшонро эълом бифармойед. Бо ташаккур
🔸 Матни посух:
Таваррум ба маънои афзоиши ғайри мутаносиби сатҳи умумии қиматҳо ва дар натиҷа коҳиши арзиши пул, қоъидатан барои пардохт кунанда ва гирандаи супурда яксон аст ва бо ин васф, наметавон онро мисдоқи зарар донист. Бо ин ҳол, агар мисдоқи зарар бошад низ аз як сӯ ба гирандаи супурда марбут намешавад то ҷуброни он бар ӯҳдаи ӯ бошад ва аз сӯӣ дигар ҷуброни он бо гирифтани рибо ҷойиз нест. Ба иборати дигар, касе ҳақ надорад товони зарари молии худро аз ғайри зарар расонанда бигирад ё зарари молии худро бо гирифтани рибо аз мардум ҷуброн кунад; Зеро чунин коре монанди он аст ки барои ҷуброни зарари молии худ ба камфурӯшӣ рӯй оварад ё ба баҳонаи вуҷуди таваррум ба сирқат иқдом кунад, дар ҳоле ки чунин коре бидуни шак ҷойиз нест ва ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/3115/

Комментарии

Комментариев нет.