Андеша кун зи пириву кори савоб кун, Ба кадри вакт рас ва шукри шабоб кун!

Андеша кун, ки сахт пушаймон нагарди пас, Як сабр пеш аз он, ки ба коре шитоб кун. Хохи, ки бахтманд шави дар давоми умр, Аз хар гунах хазар куну тарки шароб кун. Рахмон дихад ба субх туро хайру ризки нек, Шайтон чун душманат аст, бигуяд, ки хоб кун! Умри дарозу тансихат ар орзу куни, Аввал шикам ва равгани худро хароб кун. Рохи дурусти зиндаги аст, илму ишки Хак, Ин рохи хуби зиндагиро интихоб кун! Чон дар азоб мекуни аз бахри нафсу кин, Бехтар, ки нафсу кини дилат дар азоб кун. Аз танбали ба камбагали мебарад хаёт, Бо танбали мубориза кун, инкилоб кун. Хар орзу, ки мекуни чун хоби хуш бувад, Бе азм боши, рав хама хобат ба об кун. Озодиро нахохи, начуйи наёби гар, Мисли гулом хидмату кори чаноб кун.

Комментарии

Комментариев нет.