9 мар 2019

Агар солам расад бар синни хафтод,

Агар чашмам дар ин сурат биафтод.
Бигуям бо сад афсус он гох,
Чавон будам чавони кардам онгох,

Мактабамро ёд кардам назди девораш равам,
Кудакиро ёд кардам вориди он чо шавам.

Инак ду сол мешавад,ки мо хама ёру дустон хамсинфон дур аз огуши модару падар диёр ёру бародар хастем яке тахсили илм мекунаду дигари дар шахри мусофират барои ёфтани як бурда нон рафтааст.Хулоса хама аз паи зиндагии худ гаштааст.Вакте давроне бачагиам даврони мактабхониам ба ёдам меояд баъзан мехохам зор зор гиря кунам зеро чунон даврони тиллои аз даст рафтааст дигар бар намегардад ва бар нахохад гашт.Вакте хурд будему муаллимон ин гуна гапхоро мегуфтанд,ки рузе мешавад мактабро кудакиятро ёд мекуни ба кадраш бирас мо хеч эътиборе ба устодон намедодем анаакнун маънии он пандхоро фахмидем аммо афсус холо дер аст.Дигар он даврахо бар намегардад он давиданхову суруданхо бозихо дунболи Модар нолон нолон гаштанхо хурдани он ноне ки Модар нав аз танур кандааст хама акнун мисли афсона шуданду рафтанд.Факат онхоро ба ёд оварда метавонему бас.Дар хакикат конуни табиат чунин будааст ки инсон он чизеро сохиб аст на он кадар ба кадраш мерасад аммо вакте ки аз даст дод баъд ба кадраш мерасад.Кудаки огуши гарми Модар пандхои сехромези Падар ва даврони мактабхони низ чунин аст.Аз ин ру бояд ба кадри хамаи ин саривакт бирасид.

Комментарии