Яке аз омилҳои таҳрибкор ва харобкунандаи субот ва амнияти миллӣ ин ангезиши фитна ва фиребкорӣ байни ҷомеа мебошад. Мутаассифона, дар асри ХХI созмонҳо ва равияҳое зуҳур карданд, ки бо ниқоби исломӣ амалҳои шайтониро анҷом медиҳанд. Аз ҷониби дигар камтаҷрибагӣ ва нокифоягии сатҳи маърифатнокӣ ва ноҳушёрии қишре аз ҷамъият аст, ки фирефтаи ниқоби исломии ин ҳаракатҳои тундрав гардида, замири хостаҳои ифлоси онҳоро пай намебаранд ва дар натиҷа гирифтори доми иблисонаи онҳо мегарданд. Ин гирифторияти бархе аз гурӯҳҳои осебпазири ҷамъият ба доми балои ин саркардагони хушунатангез халале ба амният, субот, тинҷӣ ва ваҳдату ягонагии миллӣ ворид месозад. Даҳсолаи охир дар ҷаҳони муосир вазъи сиёсии мамлакатҳоро таҳдиди терроризм ва ифротгароии исломӣ бештар фаро гирифта, рахна ба тинҷиву суботи кишварҳо овард. Дар натиҷаи анҷом ёфтани амалҳои ғайриинсонӣ ва иблисонаи гурӯҳҳои тафриқахоҳ ва тундрави ба ном исломӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташвиш афтода, дар ин асно аз ҳар фарди ҷомеа зиракӣ ва ҳушёрии амиқ, сатҳи баланди маърифатнокӣ тақозо мегардад.Мутаассифона, Тоҷикистон низ аз таъсири мафкуравӣ ва идеологии ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва ифротгароёна эмин нест. Бо истифодаи қувваҳои дохили кишвар онҳо мехоҳанд, сохти конститутсиониро барҳам зада, сулҳу субот ва тинҷиву амнияти мардумро халалдор созанд. Яке аз чунин гурӯҳҳои ҷудоихоҳ, ки бо сарпарастии «бародаронашон» ҷиҳати амалинамоии ҳадафу мақсадҳои сиёҳи хеш талоши беист меварзанд, ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати ислом мебошад, ки дастандаркори харобиҳои бемисл ва куштори бераҳмонаи солҳои 90-уми асри гузашта дар кишвар аст. Ин ҳизби бадандеш ва сиёҳкор, ки ниқоби исломӣ ба сар кашида, чеҳраи пурчин ва доғдори худро ҳамеша мехоҳад махфӣ дорад, яке аз шохаҳои равияи «Ихвон-ул-муслимин» буда, бо номи ислом ва «пуштибон аз ислом» ба анҷоми амалҳои иблисона машғул буда, ҳамоно талоши буданро дорад. Боиси таассуф аст, ки наҳзатиён дар давоми фаъолияти худ дар кишвар бархе аз ҷавонони соддаро мавриди ҳадаф қарор дода, онҳоро гирифтори доми беамони хеш сохтанд. Ҳодисаҳои солҳои 90-уми қарни узашта, ки бо дасти хоҷагонашон таҳрезӣ гашта буд, барояшон заррае раҳму шафқат ва пушаймониву истиғфорро пеш наовард. Наҳзатиёни қотил бо гузашти зиёда аз се даҳсола аз он рӯзҳои сиёҳ ҳанӯз дарк накарданд, ки оқибати ҷудоихоҳӣ ва тафриқаандозӣ миёни мардум мусибатноктарин саҳфаҳоро метавонад ба таърихи миллату давлат боз карда, монеаи пешрафту тараққиёт бошад. Илова бар ин, нафрину лаънати мардум ба онҳое, ки ҷангро оварданд ва азизтарин инсонҳояшонро ба коми марг кашиданд, дарси ибрат нагардида бошад, ки ҳамоно талош аз пайи амалинамоии мақсадҳои нопокашонро аз даст намондаанд.Баъди эълони ҳалномаи судӣ дар хусуси этироф кардани ташкилоти террористӣ - экстремистӣ, саркардагони ин ҳизби террористӣ аз давлатҳои ҷудогона паноҳгоҳ хоста, сару садо баланд намуданд, ки гӯё ҷониби Тоҷикистон нисбати онҳо поймолкунии ҳуқуқиро анҷом дода бошад. Аммо, ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам бо даргузашти на чандон фурсати тӯлонӣ аз воқеият ва асли хостаҳои ин ташкилоти террористии хатарзо огоҳ гардида, онро ба гунаи ташкилоти террористӣ этироф намуданд ва ҳамоно ин раванд идома дорад.С.Сулаймонӣ
Мадина Муъминова
Аблаҳон пордуми хар мемонанд
Яке аз омилҳои таҳрибкор ва харобкунандаи субот ва амнияти миллӣ ин ангезиши фитна ва фиребкорӣ байни ҷомеа мебошад. Мутаассифона, дар асри ХХI созмонҳо ва равияҳое зуҳур карданд, ки бо ниқоби исломӣ амалҳои шайтониро анҷом медиҳанд. Аз ҷониби дигар камтаҷрибагӣ ва нокифоягии сатҳи маърифатнокӣ ва ноҳушёрии қишре аз ҷамъият аст, ки фирефтаи ниқоби исломии ин ҳаракатҳои тундрав гардида, замири хостаҳои ифлоси онҳоро пай намебаранд ва дар натиҷа гирифтори доми иблисонаи онҳо мегарданд. Ин гирифторияти бархе аз гурӯҳҳои осебпазири ҷамъият ба доми балои ин саркардагони хушунатангез халале ба амният, субот, тинҷӣ ва ваҳдату ягонагии миллӣ ворид месозад. Даҳсолаи охир дар ҷаҳони муосир вазъи сиёсии мамлакатҳоро таҳдиди терроризм ва ифротгароии исломӣ бештар фаро гирифта, рахна ба тинҷиву суботи кишварҳо овард. Дар натиҷаи анҷом ёфтани амалҳои ғайриинсонӣ ва иблисонаи гурӯҳҳои тафриқахоҳ ва тундрави ба ном исломӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташвиш афтода, дар ин асно аз ҳар фарди ҷомеа зиракӣ ва ҳушёрии амиқ, сатҳи баланди маърифатнокӣ тақозо мегардад.
Мутаассифона, Тоҷикистон низ аз таъсири мафкуравӣ ва идеологии ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва ифротгароёна эмин нест. Бо истифодаи қувваҳои дохили кишвар онҳо мехоҳанд, сохти конститутсиониро барҳам зада, сулҳу субот ва тинҷиву амнияти мардумро халалдор созанд. Яке аз чунин гурӯҳҳои ҷудоихоҳ, ки бо сарпарастии «бародаронашон» ҷиҳати амалинамоии ҳадафу мақсадҳои сиёҳи хеш талоши беист меварзанд, ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати ислом мебошад, ки дастандаркори харобиҳои бемисл ва куштори бераҳмонаи солҳои 90-уми асри гузашта дар кишвар аст. Ин ҳизби бадандеш ва сиёҳкор, ки ниқоби исломӣ ба сар кашида, чеҳраи пурчин ва доғдори худро ҳамеша мехоҳад махфӣ дорад, яке аз шохаҳои равияи «Ихвон-ул-муслимин» буда, бо номи ислом ва «пуштибон аз ислом» ба анҷоми амалҳои иблисона машғул буда, ҳамоно талоши буданро дорад. Боиси таассуф аст, ки наҳзатиён дар давоми фаъолияти худ дар кишвар бархе аз ҷавонони соддаро мавриди ҳадаф қарор дода, онҳоро гирифтори доми беамони хеш сохтанд. Ҳодисаҳои солҳои 90-уми қарни узашта, ки бо дасти хоҷагонашон таҳрезӣ гашта буд, барояшон заррае раҳму шафқат ва пушаймониву истиғфорро пеш наовард. Наҳзатиёни қотил бо гузашти зиёда аз се даҳсола аз он рӯзҳои сиёҳ ҳанӯз дарк накарданд, ки оқибати ҷудоихоҳӣ ва тафриқаандозӣ миёни мардум мусибатноктарин саҳфаҳоро метавонад ба таърихи миллату давлат боз карда, монеаи пешрафту тараққиёт бошад. Илова бар ин, нафрину лаънати мардум ба онҳое, ки ҷангро оварданд ва азизтарин инсонҳояшонро ба коми марг кашиданд, дарси ибрат нагардида бошад, ки ҳамоно талош аз пайи амалинамоии мақсадҳои нопокашонро аз даст намондаанд.
Баъди эълони ҳалномаи судӣ дар хусуси этироф кардани ташкилоти террористӣ - экстремистӣ, саркардагони ин ҳизби террористӣ аз давлатҳои ҷудогона паноҳгоҳ хоста, сару садо баланд намуданд, ки гӯё ҷониби Тоҷикистон нисбати онҳо поймолкунии ҳуқуқиро анҷом дода бошад. Аммо, ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам бо даргузашти на чандон фурсати тӯлонӣ аз воқеият ва асли хостаҳои ин ташкилоти террористии хатарзо огоҳ гардида, онро ба гунаи ташкилоти террористӣ этироф намуданд ва ҳамоно ин раванд идома дорад.
С.Сулаймонӣ