Мустаким М М -----------
12 янв

БАХШИШИ ЗИЁД АГАР ҚОФИЯ НАДОШТА БОШАД.

Макон кӯҳи баланд асту қадам бар пастиҳо дорем,
Ба мулки дигаре рафта, ғуруру мастиҳо дорем.
Намедонем ҳаққи худ, ҳуқуқи худ, ки меҳмонем,
Зи дасти бесаводе мо азобу сахтиҳо дорем.
Касеро эҳтироме нест, худро мебарем боло,
Ба мизбонони ин меҳан қазову зиштиҳо дорем.
Ба сурат бингарӣ, риши дарозе аз худотарсист,
Даруни сина қалби пур зи рашку кинаҳо дорем.
Миёни ҷамъи ёрон гар суханҳо аз Худо гӯем,
Ба ҷои дигаре рафта, шаробу шишаҳо дорем.
Бибӯсем дасти бегона, бародар зери по созем,
Куҷое ҳамзабон бошад, ҷазою зӯриҳо дорем.
Забон кай рост меояд ба рафторе, ки моро ҳаст,
Ки мегирем худ мулло, ҳазорон рустиҳо дорем.
Ба чашми хеш дидӣ дар ғарибӣ, Мустақим, имрӯз,
Ба молу давлати ёрон ду чашми иштиҳо дорем.
12-01-2025
Мустақим

Комментарии

Комментариев нет.