Ҳайфи фарзанде,ки гирад аз гиребони Падар.

Бози дорад дар сари му ҳар нафас ҷони Падар.
Ҳайфи фарзанде,ки намегирад пандашро ба гӯш.
Ру битобад ҳар замон аз амру фармони Падар.
Ҳайфи фарзанде, ки мероси Падар ҷуё шавад.
Ҳолати танги накушад баҳри дармони Падар.
Ҳайфи фарзанде,ки лаънат оварад бар ҷадди хеш.
Дар дами пири намегардад нигаҳбони Падар.
Ҳайфи фарзанде,ки андар шаҳру деҳи зиндагӣ.
Мешавад сарчашмаи ду чашми гирёни Падар.
Ҳайфи фарзанде,ки дилкур асту гавҳар ношинос.
Заҳр бодо бар тани у луқмаи нони Падар.
Ҳайфи фарзанде,ки аз илми Падар бебаҳра монд.
Қадр нанмояд миёни халқ ирфони Падар.
Ҳар писар,ки шод бошад халқ аз афъоли у.
Нуши чонаш бод, Шайдо гавҳари кони Падар.

Комментарии

Комментариев нет.