Марди оқил ҳаст фахри ҳар замон,

З-ин сабаб хостанд вакилаш мардумон.
Баҳри истиқлол , ваҳдат дӯстӣ ,
Ҳамчу роҳбар роҳи нек меҷустӣ.
Офарин бодо туро марди шуҷоь,
Номи олӣ шуд муборак бар шумо.
Ҳар замон бо аҳли заҳмат рӯ ба рӯ,
Бо табассум мекунӣ ту гуфтугӯ.
Мулки Фархорат макони зарнисор,
Дасти деҳқонаш ҳамеша пурбарор.
Ҳар ки қадри аҳли заҳмат мекунад,
Чун касонро Ҳақ ҳимоят мекунад.
Офтоби бахти ту тобанда бод,
Назми Мискин баҳри ту арзанда бод.
( МИСКИН).

Комментарии

Комментариев нет.