Комментарии
- 10 фев 2015 04:29Бародар Абдулхафиз Эшони нуридину хочи мирзо инхо аьзои хнитан бародар инхо агар хнит рохи гач мебуд аьзои хнит намешудан барои хнит буданошон аз имоми хорич кард наворошона бин эшони нуридину кабири якчоянд
- 10 фев 2015 04:39ей мурги сахар ишк зи парвона бийомуз,онеро ки хабар шуд хабараш боз найомад. пас мухидин кабири дар мардуми тч.хеч хизмат накардаст мисли ооо. мегардад ва аз номи ислом истифода мебарад. мисли хаворич ки замоне ки барои котилони Усмон Алию Муовия ихтилоф кардан хаворич азмийони ешон баромад оятро байон кард ки хеч хукме нест магар хукми Худо Али дар чавоби ешон чавоби хубе доданд.. гуфтан калима хакаст зери ин калима иродаи бад доран. хаворичам аз номи ислом гап мезаб. пас мухидин хеч хизмат накарда аст мардум хобанд агар яхудира бийоран райиси хни монан вах и исломи бдай гуфта овоз медихан камол ота турк хам за оне ки кудратда нишаст масчиь сохт чиход елонкард дасти ятимора гирифт замоне ки да дили мардум чошид хамара фасод кард хато хилофати усмонира аз мийон бурд.... аз харакати яхуд огохбошем зеро ки тафрика меандозад хукумат мекунад....
- 10 фев 2015 04:45хни хаст амо ин нафареки хаст мисли сифр дарчомиа хаст яне хизмат намекна чида сатра ман кадан то хаждахсолара ман кадан аммо ягон вокуниш накард майлаш хочи М йо ешони Н мешуд ман дасгири мекардамн зероки сунатхора пайрави менан пас хукми ислома мардумда мефахмонан амоинн к ягон хизматашро надидам,
- 10 фев 2015 04:53Илтимос додарчони азиз дар парламент 63 вакил аст аз ин дуто аш аз хнит аст охи вайхо чи конуне бароран кабул мешад чунки вахо бисёр аст ту якбор Интернета нига кун худи хамисол кабири хост акалан то 18 солара ичозат тиян ичоза надод додари азиз кабири аз руи конун кор мекунад ту бародар бе далел хичи накарас нагу бисёр хизмат кард ин одам хами суханома агар кабул накуни додари азиз ман дигар гап надорам чунки бе фойда аст анахамин бас аст 61 нафар против 2 нафар
- 10 фев 2015 05:05Харчика азои хнит бисёр шавад додари азиз дар порламинт курси пештар мегирад хнит сони демократия конуное зиди ислом бароран ман каран метонанд ин хихбо аз руи конун кор мекунад барои хамун хнит та бас мезана ки одамаш бисёр шуд инхо холиб меояд вахо хархел конуна пешкаш каран наметонанд
- Комментарий удалён.
- Комментарий удалён.
- 10 фев 2015 06:19бародаро ман 23 сол дорам дар ин синусол хатиби чумахониям аз видиову сурат бехабарам амо чизеки аз китоб хондам йо аз забони уламо шунидам хамонро мегуям хечуламо яне98 % уламо бар ин хиз овоз додани нестан магар 2% мулохо чизе ки ман дар м йони ешонам медонам аз берун ман намегуям бародарон
- 10 фев 2015 06:22Бехтарин кайд карден бародар манхам хамин суханхое ки шумо навистен аз забони толиб илмхо шунидагиям и дар бораи акидахои вай шиахо бохабарам!!!
- Комментарий удалён.
- 10 фев 2015 10:42БАРОДАР МУХИДДИН КАБИРИ БЕХТАРИН ДЕПЛАМАТИ ТОЧИК АСТ! ДИГАР ИН, КИ ДИН АЗ ДАВЛАТ ЧУДОГИЯШ ХИЛОФИ ШАРИАТИ ИСЛОМ АСТ, ЧАРО ДАР ДАВЛАТЕ, КИ 99%ДАР 100% МУСАЛМОН АСТ ДИНРР АЗ ДАВЛАТ ЧУДО КАРДААНД? МО БОЯД ЗИНДАГИИ ИСЛОМИ ДОШТАБОШЕМ! ИСЛОМ ИН ХУДАШ ДИНИ СИЁСИ АСТ АЗ СИЁСАТ ЧУДО НЕСТ! ТУ КУРЪНИ КАРИМРО ХОН КАЛИМАХОИ СИЁСАТ АСТ ! ДИН БА ГУРУХУ ХИЗБ НИЁЗ НАДОРАД ИН РОСТ АСТ, АММО МО МУСАЛМОНХО ВАКТЕ, КИ ДАР ДАВЛАТИ ДЕМОКРАТИВУ КОФИРИ ЗИНДАГИ МЕКУНЕМ ЭХТИЁЧ БА ХИЗБИ ИСЛОМИ ДОРЕМ ТО ИН, КИ ДАР ПАРЛУМОНИ ТОЧИКИСТОН АЗ ХУКУКИ МО ДИФОЪ КУНАНД ВАКИЛОНИ ИН ХИЗБ! ДАР БОРАИ МУЛЛОХОИ ТОЧИКИСТОН ГУФТИ, КИ КАБИРИРО ХУРМАТ НАМЕКУНАНД ТУ ЯК ЧИЗРО ДОН, КИ МАН ШАХСАН ЯГОН МУЛЛОИ ТОЧИКИСТОРО БА ЧУЗ ТУРАЧОНЗОДАХО ЭЪТИРОФ НАМЕКУНАМ, ВАЙХО МУЛЛО НЕСТАНД АГАР МУЛЛО МЕШУДАНД ВАКТЕ, КИ ДАВЛАТИ ТОЧИКИСТОН 10 КОНУНИ ЗИДИ ДИНИ ИСЛОМ БАРОВАРД ОНХО МЕХЕСТАНД ХАЛКОР МЕХЕЗОНДАНД НИМАШ ШАХИД МЕШУД ( МЕМУРДУ) ИН КОНУНХОРО КАБУЛ НАМЕКАРДАНД ВА ЭЪТИРОФ НАМЕКАРДАНД! ТАК ЧТО ИЗАТ АЗ ОНИ ХУДОВУ РАСУЛУ МУЪМИНИН АСТ НА АЗ МУЛЛОХОИ ДАРБОРИИ ТОЧИКИСТОН! ПОЯНДА БОД ДИНИ ИСЛОМ, ЗИНДА БОД МИЛАТИ МУСАЛМОНИ ТОЧИКИЧТОН, ЗИНДА БОД УСТОД КАБИРИ , ПОЯНДА БОХ ХНИТ, МАРГ БАР ЗОЛИМО!!!!
- 10 фев 2015 10:52ту азаклут гап назан имом шофеи дигар уламо мегуяд дин аз давлат чудояй . 2 . соли чанг кадом турачонзодахот мурд одихкада гаштан мардуми бечора мурд. 3 . турзода худу бехуд мулохора йо мардумра хукм ба куфр мена ланат мена. 3 ки мулохои точик туразодатам дар 1 сум намегиран чунки ихели уламода мулохои тчк нийоз надоранд.
- 10 фев 2015 10:55мо фидои исломем бароиислом хизмат мекунем инштАллох факат дар хаки уламохои тчк дуо кунед бародарон
Для того чтобы оставить комментарий, войдите или зарегистрируйтесь
Радиои Озодӣ
Дар ҳоле ки то интихоботи порлумонии Тоҷикистон камтар аз як моҳи дигар мондааст, аксари ҷавонон, махсусан онҳое, ки бори аввал барои овоздиҳӣ ба ҳавзаи интихоботӣ мераванд, намедонанд, ки райъи худро ба кадом ҳизб ва ё номзади алоҳида бидиҳанд?
Ин бетафовутӣ аз як тараф, агар натиҷаи бе сару садо гузаштани маъракаи пешазинтихоботӣ бошад, аз тарафи дигар далелест, ки ҷавонон ба интихобот ва умуман ба сиёсат чандон таваҷҷӯҳ надоранд. Аксари ҷавонон ба муҳтавои порлумон, аҳамияту вазифаи он сарфаҳм намераванд.
Аз 10 сокини ҷавони пойтахт, ки рӯзи 5 феврал дар кӯчаҳои Душанбе ба Радиои Озодӣ назар доданд, танҳо 3 нафар медонист, ки интихоботи порлумонӣ 1 март баргузор мешавад. 7 нафари дигар аз баргузории ин маъракаи сиёсӣ аслан хабар надоштанд.
Бархе аз ҷавонон, ки бори аввал дар интихобот иштирок мекунанд мегуфтанд, ба вакиле райъ хоҳанд дод, ки барои беҳбуди вазъи иҷтимоии ҷавонон қонунҳои беҳтар нависанду ба тасвиб расонанд , шароити кор, таҳсил ва дигар масоили марбут ба ҳаёти ҷавононро бештар матраҳ кунанд. Аммо бархе ҳам овози худро дар ин интихобот беаҳамият ва баргузории ин маъракаро сарфи беҳудаи вақт унвон мекарданд.
Муҳиддини Ромиз, ҷавони 18-солаи тоҷик, ки қарор аст, барои аввалин бор дар интихоботи порлумонӣ ширкат кунад, рӯзи 5-уми феврал дар сӯҳбати сарироҳӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз намедонад ба ҷонибдории кадом ҳизб овоз диҳад, зеро ҳанӯз барномаҳои пеш аз интихоботии ҳама аҳзоби сиёсиро нашунидааст. Аммо Муҳиддин мегӯяд, барои он номзаде овоз хоҳад дод, ки нахустин шуда қонун дар бораи комилан ройгон шудани таҳсил дар донишгоҳҳоро дар порлумон пешниҳод кунад. Аммо ба ин суол, ки “оё бовар дорад овози ӯ дар ҳаёти ояндааш таъсиргузор аст?”- Муҳиддин гуфт, ба ин суол посух гуфтан барояш хело душвор аст.
Аз сӯи дигар дар байни хоҳишҳои овоздиҳандаи бузургсол ва ҷавонон тафовути зиёде мушоҳида намешавад. Онҳоро низ масоили иқтисодиву иҷтимоӣ ва набуди барқ нигарон кардааст.
Намозалӣ Абдуназаров, сокини ҷавони пойтахт, ки ҳам аз рӯзи баргузории интихобот огоҳ ҳаст ва ҳам мехоҳад шахсан варақаи овоздиҳиро ба қудди партояд, бовар дорад, ки райъи ӯ дар интихоботи қарибулвуқуъ нақши хело муҳим дорад. Ӯ афзуд: “Одамон бояд вакили баргузидаи худро интихоб кунанд. Мо ҷавонон бояд нафареро депутат интихоб кунем, ки бештар барои ояндаи мо андеша кунад. Он ғояҳоеро амалӣ кунад, ки пештар анҷом нашуда буданд. Аз ҷумла тамоми Тоҷикистонро бо нерӯи барқ таъмин кунад.”
Рустам Сайфуллоеви 18-сола, донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон мегӯяд, бо ҳамсабақонаш тасмим доранд дар ин маъракаи сиёсӣ ширкат кунанд. Рустам мегӯяд, аллакай дар донишгоҳи онҳо ҳавзаи интихоботӣ ташкил шудааст. Ҳар шом барномаҳои пеш аз интихоботии аҳзоби сиёсиро тамошо мекунанд, аммо ҳанӯз тасмим нагирифтаанд, ки ба ҷонибдории кадом ҳизб овоз медиҳанд. “Овози ман ояндаи маро месозад. Ман бо овозам депутатеро интихоб мекунам, ки оянда барои рушди Тоҷикистон кор кунад. Овоз медиҳам то ин ки Тоҷикистон миёни дигар кишварҳо як зина болотар равад,”- мегӯяд бо эҳсос Рустам.
Аммо барои Шоҳмурод Диловаров, ки аз ноҳияи Рашт ба Душанбе меҳмонӣ омадааст, интихобот чандон аҳамият надорад. Ӯ мегӯяд, ки райъаш чизеро дигар нахоҳад кард ва порлумони оянда низ чун порлумонҳои қаблӣ хоҳад буд.
“Аввал ин ки худи хамин интихоботи парлумонияш чӣ аст? Ман намефахмам. Лекин агар рафта иштирок кунем ягон чиз дигар мешавад? “ - суол мегузорад Нигора Исматова, сокини дигари пойтахт.
“Ман иштирок мекунам дар интихобот. Қарзи шаҳрвандии худро ба ҷо меорам, аммо то куҷо овози ман арзиш дорад ё не инро намедонам,” - мегӯяд Лола, як сокини ҷавони пойтахт, ки бори аввал райъ медиҳад.
Дар интихоботи раисиҷумҳур, ки моҳи ноябри соли 2013 баргузор шуда буд, ҳудуди 200 ҳазор райъдиҳанда барои аввлин бор ба ҳавзаҳои интихоботӣ рафтанд. Гуфта мешавад, дар интихоботи порлумонии моҳи март эҳтимол шумораи интихобкунандагони ҷадид боз ҳам аз 200 ҳазор бештар бошад. Дар интихоботи қарибулвуқӯъ беш аз се миллион шаҳрванд ҳаққи ширкат доранд.
Аммо то ҳол ягон интихоботи на порлумонӣ ва на президентии Тоҷикистон аз сӯи нозирони байналмилалӣ ҷавобгӯи меъёрҳои ҳадди ақали як интихоботи озоду демократӣ эътироф нашудааст.