Баъзе аз ширкатдорон дар нишасте дар шаҳри Душанбе, ба дур шудани Тоҷикистон аз мадори сиёсии Русия ва рӯ оварданаш ба самти Чин ишора карданд.

Ин нишаст, ки “Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар даврони истиқлол” унвон гиртфта буд, бештар ҷамъомадеро мемонд, ки баъзе меҳмононаш ба гунае Тоҷикистонро ба ҳамроҳшавӣ ба Иттиҳоди АвроОсиёи таҳти назари Русия таҳрик медоданд. Ин нишаст 11 сентябр бо иштирок коршиносони дохиливу хориҷӣ, намояндагони баъзе сафоратҳои кишварҳои узви Ҷомеъаи Муштаракулманофеъ дар Душанбе баргузор шуд. Ба назари баъзе иштирокдорони нишаст, Тоҷикистон дар ҳоле ба абарқудрати дигари минтақавӣ -- Чин наздиктар шудааст, ки як миллион шаҳрванди бекори кишвар дар Русия ҷойи кор ёфтаанд.
Аз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ то ба ҳол Қазоқистон ва Қирғизистон ба Созмони АвроОсиёи Путин ҳамроҳ шудаанд ва акнун чашм сӯи Тоҷикистон дӯхтаанд, ки ин кишвар чӣ тасмим мегирад. Тоҷикистон мегӯяд, ки мавқеъи худро дар бораи узвият ба ин созмон мушаххас накардааст, зеро таҳлилҳо бохти молии узвият дар ин ташкилотро аз бурди он бештар мебинанд. Аммо бисёри таҳлилгарон бовар дорад, ки дер ё зуд ва ё ба хубӣ ё ба гандагӣ Тоҷикистонро ба ин созмон ҳамроҳ мекунанд.
Сафири Қазоқистон, дар ҳамоиши “Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар даврони истиқлол” гуфт, ки Тоҷикистон дар муносибат бо созмонҳои минтақавӣ, бахусус тарҳи иқтисодии “Роҳи абрешим”-и Чин ва Иттиҳодияи кишварҳои Авруосиё тавозунро риоя намекунад. Агибай Смагулов, сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон бо такя ба нашрияҳои давлатии Тоҷикистон гуфт, ки “матбуоти Тоҷикстон масъалаи эҳёи камарбанди иқтисоди “Роҳи абрешим”-ро нисбат ба Иттиҳодияи Авруосиё бештар бозтоб мекунанд, дар ҳоле ки ҳар ду тарҳ ба нафъи кишварҳои минтақа ва аз ҷумла Тоҷикистон мебошанд.”
Чунин мавзеъгирии сафири Қазоқистон ба вокуниши масъулони Тоҷикистон рӯ ба рӯ шуд, ки гуфтанд, Тоҷикистон беҳтар медонад, ки кадом тарҳ ба манфиати миллиаш созгор аст. Абдулло Раҳнамо, як масъули Маркази мутолеоти стратегии назди президенти Тоҷикистон
Абдуллоҳи РаҳнамоАбдуллоҳи Раҳнамо
гуфт, "мебинам, ки бисёре аз коршиносон хусусан дар сатҳи матбуотӣ ҳамеша сиёсти хориҷии Тоҷикистонро зери солу мегузоранд, ки мавқеи мо дар ин ё он самт чист. Сиёсати Тоҷикистон ҳавоӣ набуда, балки як сиёсати усулманди дорои принсипҳои муайяни коркардшуда аст ва ҷойи савол надорад."
Бо вуҷуди ин иддае аз сиёсматдонон ва таҳлилгарони тоҷик устувор будани сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ба чолиш кашидаанд. Абдунабӣ Сатторзода, собиқ муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва сиёсатшиноси тоҷик бар ин аст, ки аз ин баъд Тоҷикистон бояд барои муайян кардани сиёсати хориҷияш таъсири омилҳои берунаро кам кунад. Зеро аз нигоҳи ӯ, чунин вобастагӣ бештар метавонад натанҳо ба манфиатҳои миллӣ таъсиргузор бошад, балки эҳтимоли хатар ба истиқлоли сиёсиро ба вуҷуд меорад.“
Сатторзода бо ишора ба манофеи геополитикии кишварҳои қудратманде, ҳамчун Амрико, Чин ва Русия гуфт, ки таъсири кишварҳои дигар ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон бояд ҳадди муайян дошта бошад ва меъёри асосии муйянкунандаи ин марз, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, истиқлоли сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ бошад.
Аммо Музаффар Олимов, таҳлилгари Маркази назарсанҷии “Шарқ” мегӯяд, Тоҷикистон ҳанӯз дар он сатҳе нест, ки худро муқобили кишварҳои абарқудрат қарор бидиҳад. Ҷаноби Олимов афзуд, қабл аз матраҳ кардани чунин пешниҳодҳо бояд имконоти иқтисодии Тоҷикистонро ба назар гирифт.
“Тоҷикистон дар минатқа аз кишварҳое нест, ки битавонад тамоман вобаста набошад. Масалан, аз лиҳози ҷуғрофӣ аллакай мушкилоти зиёд дорад ва то як андоза баъзе кишварҳои анкалавро ёд меорад. Мушкилотҳои амниятии минтақа ҳамчун омил ба таври мустақил ба роҳ мондани сиёсати Тоҷикистон таъсир дорад. Аз ин лиҳоз, яктарафа будан ба манфиат нест, балки аз кадом кишваре, ки ба мо кӯмак шавад ва пешниҳодҳои онҳо агар ба манфиати миллии мо созгор бошад, мо бояд аз онҳо истифода барем” - гуфт таҳлилгари Маркази "Шарқ"
Ҷаноби Олимов баръакс пешниҳод дорад, ки Тоҷикистон ҳаддалимкон аз сиёсати дарҳои боз кор бигирад ва аз кишварҳое, ки бо Тоҷикистон муносибатҳои хуб доранд, сарфи назар накунад.
Музаффар ОлимовМузаффар Олимов
Зимнан, баҳсу баррасиҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар ҳолест, ки Тоҷикистон солҳо боз аз сиёсати дарҳои боз кор гирифтааст ва бо вуҷуди пасу баланд шудани шиддати муборизаҳои геополитикӣ равобити хубро бо ҳамаи давлатҳои манфиъатдор дар минтақа ба роҳ мондааст. Равише, ки онро шарики стратегии Тоҷикистон - Русия хуш надорад. Аммо сарфи назар аз мавқеъи Русия дар масоили ҷаҳон ва минтақа Тоҷикистон, на мустақилияти баъзе қаламравҳои Гурҷистонро эътироф кард ва на аз бархӯрди Русия дар қиболи Украина пуштибонӣ намуд.
Равобити дипломатии Тоҷикистон бо ҷаҳони берунӣ бо касби истиқлоли ин кишвар дар соли 1992 барқарор шуд ва ҳамакнун ин давлати хурде дар Осиё Марказӣ бо беш аз 100 кишвари дунё муносибатҳоро ба роҳ мондааст.

Комментарии

  • 12 сен 2015 17:46
    Дорогие друзьяя Внимание Внимание:: Россия раньшее  и навсегда думал о своих выгодах и сейчась тоже думает о своих выгодах,,,, так что надо быть очень осторожными с политиками россии а то будит хана,  ещё хуже будит!!!
  • 12 сен 2015 17:46
    Дорогие друзьяя Внимание Внимание:: Россия раньшее  и навсегда думал о своих выгодах и сейчась тоже думает о своих выгодах,,,, так что надо быть очень осторожными с политиками россии а то будит хана,  ещё хуже будит!!!
  • 12 сен 2015 18:17
    мы молимся и стараемся чтобы быт на самамом деле не завысими  ин ша Аллах молодеж Таджикистан  думает о будуще а не о карман и ташим родину в перед только перед    и забудым о будуще
  • 12 сен 2015 19:01
    Майлаш хамрох нашаван имруз патент 3 000 пагох 7 000 ё 10 000 мекунаташ баъд мо мачбур мешем худамон биёему Авро осиё ба хамрох шавем
  • Комментарий удалён.
  • 12 сен 2015 20:22
    Е худоба шукр бо холи мо мухочиро бад мешудасде худаш патент кимат кор кам шудос бо  кин мешудас Худованд дар панохаш нигах дорад хамаи мухочироя
  • 12 сен 2015 20:23
    Холо бухрони иктисодй,пулаш бекурб,сокрашение,.. Наоед! Хеч фоида нее. Барои хамин боз як бахонаи хамрох нашудан. Хеч фоида набуд,халки мо азоб кашиданд. Агар ки кор мекарданд, ин бар ивази ваенная база ки бе пул дар давлати мо чой кардаанд буд. Агар монанди дигар чойхо пул медод 40 сол ва боз ба 40соли оянда садхо заводу фабрикахо сохта мешуд. Ва агар хамрох шавад амрико ва чин инвистиции карданро бас мекунад.
  • 12 сен 2015 20:27
    Пас аз чанги шахрванди тамоми заминхо ба ичора дода шуда кишт мешуд,халк аз гушнаги намурд ку,пеш карданд пеш кардан гиранд ин русхои бадбахт!Зинда бод досу каланди бобоги,худованд ризку рузирасон аст на ин,ки бандааш!Чи вохима фаро гирифта бошад хамин халкро намефахмам!?
  • 12 сен 2015 20:36
    Бародар рост гуфтиду ояндая фикр кунед ки хама мухочиро бар гардан ба точикистон бекор мемонан чанги шахрванди а бекория сар мешавад
  • 12 сен 2015 20:46
    То вакте халки точик дар мухочират аст касе фикрашро намекунад.Хама мухочирон вакте баргаштанд,хукумат дар он вакт фикри корхонасозиро мекунад ва ин хам як намуди тарсидан аз шуриши халки мебошад.Ха дар мухочиратанд,нонашонро ёфта хурда истодаанд гуфта,хама даромади пулиро мансабдорон ба чайбхои худ зада истодаанд.Ба хамин фикри ман рози бош!
  • 12 сен 2015 22:13
    Хайр чи бошад. Хама дар Панохи Худованд бошад.
  • 12 сен 2015 22:23
    Ягбор бинед дар ватан чи гапай бад фигротона нависен то хами сола точкистон тенч бдак вахтеки курби руси поен шидак ва патен кимат шидак да ватан но ороми сар шидак ними точик чиход рафтан ними дигашь ватан холи агар ай россия хама ватан раван одам. Хури мешава
  • Комментарий удалён.
  • 12 сен 2015 22:28
    Хеч гап намешавад,бародар вохима накун!Худо бандаро офаридаст ризку рузияшро хам дар кучое,ки набошад медихад.Хох дар таги об боши як умр.
  • 12 сен 2015 22:30
    Паст шудани курб як дар Точикистон нест дар хама руи дунёст.
  • 12 сен 2015 23:09
    Ма вохима накадам неки замистон ай пешай холи набурем мебинем чи меша проста ягбор ба атрофи худат нигох кун чика одамо бе кор ва гишнаеанд оддами сер парвой гишна надоранд
  • Комментарий удалён.
  • Комментарий удалён.
  • 13 сен 2015 09:16
    Рос мегиша... Ин калонои МО пул доран молу мулк доран, дар хонагон свет доран дар тагошон 10 сошинхои хоричи доран инхо фикри мардуми одира надоранд, 2 мелон мухосира фикраша надоран ки онхо берун аз ватан чи хол доран худ дар хонаи гарм нишастан, мана Кыргизора бине бе патент мегарданд бо як регистратся ба чои 4 хазор патент кватира мегиран зато хони гарм......   Бародарои мухочир хамакаса ба тарафдори Евросз!!!!!
  • 13 сен 2015 14:39
    Дуо кунем хамакаса хуб мешавад
  • 13 сен 2015 15:19
    Ин ша Аллах
  • 13 сен 2015 20:41
    Э хами тинчии ватан хастай хамиш басай шкрона кунед
  • 15 сен 2015 13:03
    Хуб Гуфти Бародар Иншаолох Хамааш Хубаст