Жители села Шерхони Гиссарского района находятся в 10 км от столицы.

Но это, если по прямой линии — на пути стоит вода.
В обход – почти 50 км, и это дороже в десятки раз. Ведь «паромщик» Сафармурод берет всего 1 сомони с человека, то есть около 10 центов.
Путь рискованный, но выбора нет, и так из года в год местные жители добираются до «большой земли».
Власти как-то не замечают это селение на карте страны… Им остается надеяться, что если не мост им построят, то может быть создадут первый в стране «речной порт»?
🇹🇯 🇹🇯 🛶 🛶 👨‍👩‍👧‍👧👨‍👩‍👧‍👧
Сокинони деҳаи Шерхонӣ дар ноҳияи Ҳисор ҳар рӯз бо қаиқ рӯди Кофарниҳонро гузашта, худро ба Душанбе мерасонанд.
Ин ягона роҳи наздик байни онҳо ва пойтахт аст. Аммо мегӯянд, роҳи осон нест, чун ҳар лаҳза эҳтимоли чаппа шудани заврақ ва ғарқшавӣ вуҷуд дорад.
Сафармурод Файзуллоев, сокини деҳаи Шерхонии ноҳияи Ҳисор, ҳабдаҳ сол боз мусофиркашонӣ мекунад. Вале на бо мошин, балки бо заврақ.
Мардуми корафтодаи деҳаи Шерхонии ноҳияи Ҳисорро, ки ҳамагӣ дар 10-километрии марзи ҷанубу ғарби Душанбе ҷойгир аст, қаблан бо заврақи чӯбӣ ва ҳоло бо қаиқи резинӣ аз як соҳил ба соҳили дигар мерасонад. Кори Сафармурод шабонарӯзӣ аст.
Ин деҳа то маркази ноҳияи Ҳисор роҳи мошингард дорад. Вале барои ба Душанбе рафтан ба ҷойи 10 километр роҳ бояд 35 километр то маркази ноҳия рафт ва тақрибан 20 километри дигар аз Ҳисор то Душанбе тай кард.
Саидаъзам Азизов, муовини раиси маҳаллаи Шерхонӣ, гуфт, "мушкили мо ҳамин аст, ки тақрибан чаҳорсад хонанда пас аз хатми синфи 9 дигар ба таҳсил идома надоданд.
Рости гап, ҳар сол дар дарё як ё ду нафар ғарқ мешавад. Соли гузашта оилаам ҳамроҳ бо 11 нафар, аз ҷумла духтару бачаам ба дарё афтода, бо азобе баромаданд."
Сокинони деҳаи Шерхонӣ чанд дафъа ба мақомоти маҳаллӣ ва марказии ҷумҳурӣ муроҷиат кардаанд. Вале то кунун...
#tjk #hissor #road #river #ozodisocial #гиссар #река #дорога #ҳисор

НА ЛОДКЕ ғ В ДУШАНБЕ

Комментарии

Комментариев нет.