Маркази омўзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ойинномаи худ, ба омўзиши масъалаҳои рушди ҷаҳонбинии илмӣ, омўзиши равандҳое, ки ба ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ саҳм мегузоранд ва ё садди роҳи он мегарданд ва ҳамчунин ба оянданигарӣ ва ба нақшагирию моделсозии илмии ин равандҳо машғул мебошад. Яке аз самтҳое, ки барои ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ дар ҷаҳони муосири иттилоотӣ бисёр таъсирпазир аст, доштани сомона (сайт) барои ҳар муассисаи илмӣ мебошад, то тавонад дар бархурдҳои расонаӣ муқовимат кунад.