Қуръони карим ҳамон китоби муқаддаси осмонист, ки суди хонданаш барои бандаи муъмин дар дунё ва ҳам дар охират мерасад, барои охират ин ки Худо барои хондани ҳар як ҳарфи он даҳ аҷр медиҳад ва дар дунё барои хонандааш шифо ва оромиро ба ӯ мебахшад. Ибни Масъуд дар ривояте мегӯяд:وعن ابن مسعود رضي الله عنه قال: قال النبي صلى الله عليه وسلم: (إن هذا القرآن مأدبة الله، فتعلموا من مأدبته ما استطعتم، إن هذا القرآن حبل الله، وهو النور المبين، والشفاء النافع، لمن تمسك به، ونجاة لمن تبعه...، فاتلوه، فإن الله يأجركم على تلاوته بكلِّ حرف عشر حسنات، أما إني لا أقول ألم حرف، ولكن ألف عشر، ولام عشر، وميم عشر )Паёмбари Худо (с) фармуданд: «Ин Қуръон маъдабаи Худо аст, ҳар чи ки метавонед аз маъдабаи ӯ таоло биомӯзед, ин Қуръон ресмони худовандӣ аст, он нури равшан аст, он шифои судбахш аст, барои касе, ки ба он чанг бизанад, ва наҷот аст барои касе, ки аз он пайравӣ кунад… Куръонро бихонед! Зеро Худованд барои хондани ҳар як ҳарфи он барои шумо даҳ аҷр мебахшад. Ман намегӯям, ки Алиф-Лом-Мим як ҳарф аст, балки Алиф даҳ аст (яъне барояш даҳ аҷр аст), Лом даҳ аст ва Мим даҳ аст»Худо тиловаткунандагони Қуръонро сутуда мефармояд:{إن الذين يتلون كتاب الله وأقاموا الصلاة وأنفقوا مما رزقناهم سرّاً وعلانية يرجون تجارة لن تبور ليوفيهم أجورهم ويزيدهم من فضله إنه غفور شكور }«Ба таҳқиқ онон, ки китоби Худоро (Қуръонро) мехонанд ва намоз мегузоранд ва аз он чӣ ба онҳо додаем, пинҳониву ошкоро садақа мекунанд, умедвор ба тиҷорате ҳастанд, ки ҳаргиз зиён намекунанд. Зеро Худо мукофоташонро ба тамомӣ медиҳад ва аз фазли худ чизе бар он меафзояд. Ба таҳқиқ Худо омурзандаву пазирандаи сипос аст»(Сураи Фотир: 29-30)Паёмбари Худо (с) мефармояд:مثل المؤمن الذي يقرأ القرآن مثل الأترُجَّة، ريحها طيب وطعمها طيب«Муъмине, ки Қуръон мехонад монанди ҳандалаест, ки ҳам бӯяш хуб аст ва ҳам мазааш лазиз аст» (Бухорӣ ва Муслим)Ва низ мефармояд:اقرأوا القرآن فإنه يأتي يوم القيامة شفيعاً لأصحابه«Қуръонро бихонед, зеро рӯзи қиёмат он (яъне Қуръон) меояд ва аз ёрон ва ҳамнишинони худ шафоат менамояд» (Муслим)Чи хуб аст, ки банда худ Қуръонро биомӯзад ва дигаронро таълим диҳад, Паёмбари Худо мефармояд:خيركم من تعلّم القرآن وعلّمه«Беҳтарини шумо касест, ки Қуръонро меомӯзад ва ба дигарон меомӯзонад» (Бухорӣ)2- Фазилат ҳифзи ҚуръонДар бораи ҳифз кардани Қуръони карим низ ҳадисҳои зиёде аз Паёмбари Худо (с) ривоят шудааст, ба гунае, ки инсони муъминро водор месозад то Қуръон ва ё сураҳое аз онро ҳифз дошта бошад, зеро мусалмоне, ки чизе аз Қуръонро азбар надошта бошад монанди хонаи вайрон аст, ки аз он ҳеҷ суде нест. Аз Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (с) мефармояд: «Касе, ки чизе аз Қуръонро ҳифз накардааст, монанди хонаи вайрона аст».Абуҳурайра (р) ривоят намудаанд, ки Паёмбари Худо (с) фармуданд:«Аҳли Қуръонро рӯзи қиёмат меоваранд ва Қуръон мегӯяд: Парвардигоро! Ба ӯ подоши нек бидеҳ. Сипас тоҷи каромат бар сари ӯ гузошта мешавад. Пас он Қуръон мегӯяд: Парвардигоро барои ӯ бештар фармо. Сипас ҷоизаи каромат ба ӯ дода мешавад. Қуръон боз ҳам мегӯяд: Парвардигоро аз ӯ хушнӯд шав. Худованд низ аз ҳофизи Қуръон хушнуд мешавад ва ба ӯ гуфта мешавад: Қуръонро бо сӯзи дил қироат кун! Ба хотири ҳар ояте, ки мехонад, хайру неъмат барояш афзун мегардад».Низ аз Бурайда ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Ҳар кас, ки Қуръонро бихонад ва онро ба дигарон таълим диҳад ва ба он амал кунад, рӯзи қиёмат тоҷе аз нур бар сари ӯ ниҳода мешавад, ки дурахшиши он монанди нури офтоб аст, ва бар тани падару модараш хилъате пушонида мешавад, ки аз ҳамаи дунё боарзиштара аст. Онҳо мегӯянд ба хотири чи ин хилъатҳоро ба мо пушонидаед? Гуфта мешавад: бинобар он ки фарзанди шумо аҳли Қуръон буд»Дар поён ҳамон гуфтаи Ибни Масъудро ёдовар мешавем, ки фармудаанд:«Холитарин хона аз хайру баракат ҳамон хонаест, ки чизе аз Қуръон (яъне аз қироат ва ҳифзи он) дар он хона вуҷуд надошта бошад»Абдулҳаннони АбдурраҳмонҚуръон дар оташ маҳфуз мондХолиқи Сангин(Муъҷиза ё тасодуф?)Ман аз ин қабл борҳо шунида будам,ки Худованди қодиру тавоно китоби осмонии хеш – Қуръони маҷидро аз ҳар гуна таҳрифу тағйири амдии бандагон ва дар бархе аз маворид аз расидани хар навъ зарару зиён ва осеби моддӣ худ ҳифз ва ҳимоят менамояд. Ҳодисаи аҷибе, ки тобистони соли 1998 дар шаҳри Покачии вилояти Тюмени Русия иттифоқ афтод бори дигар ба эъҷози ғайри башарӣ будани Қуръон ва дурустии ваъдаи Худованд дар мавриди хифзу ҳимояти дину китобаш мӯҳри таъйид гузошт. Яке аз мусалмонони маҳаллӣ бо мақсади қироат дар манзили хеш аз масҷид китоби Қуръонро,ки ҳамроҳ бо тарҷумаи русӣ буд, бо худ ба манзил овард. Вале чанд рӯз нагузашта буд,ки дар манзили марди Қуръон оварда фоҷиаи нохуш рух дод; бар асари оташсӯзии ногаҳонӣ манзили марди қасди Қуръон дошта комилан ба хокистар мубаддал шуд ва аз ҷиҳозу ашёи он чизе боқӣ намонд. Баъд аз оташсӯзӣ соҳибони манзил талош карданд дастикам чизаке аз ашё ва маводи маишии манзил дарёфт намоянд, вале ҳайҳот натавонистанд ҷуз хокистари сӯхта чизе пайдо намоянд. Бинобар нақли шоҳидон оташсӯзӣ хеле муҳиб ва шадид, ба гунае,ки мардум аз тарсу шокзадагӣ қодир набуданд такаллум намоянд ва даст ба иқдоме бизананд. Дуду хокистар, гарду хок ва лулаи обрасонӣ - ин ҳамаи он чизе буд,ки оташсӯзи аз худ боқӣ гузошта буд. Танҳо рӯзи дигар ба ёди ман омад, ки ба соҳиби манзили сӯхта як китоби Қуръон дода будам ва он дар дохили манзил буд. Фикр кардам, шояд аз Куръон баъд аз оташсӯзӣ осоре боқӣ монда бошад. Инро ба соҳиби манзил гуфтам ва ҳар ду аз нав ба ҷустуҷӯи каломи Худо, оне, ки мусибату фоҷиаҳоро бар сари бандагон меорад ва ба лутфу марҳамати хеш ин ҳама балову мусибатҳоро аз сари мо дур месозад, пардохтем. Мардум ба мо мегуфт, наход шумо ин фикрро дар сар дошта бошед, ки метавонед чизе дар маҳалли сӯхтор пайдо намоед? Вале натоиҷи бозрасии муҷаддад ҳамаро буҳтзада намуд: Дар миёни чизҳои дигар сӯхта варақҳои сиёх шудаи дорои матни арабиро пайдо намудем. Худоро шукр намудем,ки чизе аз Қуръон дарёфт намудем. Дар манзил ман варақҳои нимасӯхтаву сиёҳшудаи Қуръонро бо диққат аз назар гузаронидам, то бидонам кадом оёт дар авроқи ёфт шуда боқӣ мондааст. Ҷолиб ин буд, ки мо,ки забони арабиро намедонистем бисёр оятҳо бо забони русӣ ҳифз шуда буданд. Ин мисли он буд,ки тавассути ҳамин чанд варақи сӯхта, вале ҳифз шудаи Куръон Худованд ба мо ҳушдор медод. Дар варақҳои нимасӯхта аз боло чуни ноёт ба назар мерасид: «соате фаро хоҳад расид, онҳоеро, ки бандагии Худоро напазируфтанд, хоҳиши таслим дар баробари амри Худ фаро хоҳад гирифт». Дар порчаи варақи дигар чунин сатрҳо боқӣ монда буд: « Ҳар ойина мо Қуръонро мо ҳидояте барои бандагон нозил кардаем ва онро дар ҳифзу паноҳи худ нигоҳ медорем. Ва дигари оёти боқимондаи Қуръон бандагонро аз омадани рӯзи сахти ҳисоб ва парҳез кардан аз оташи ҷаҳаннам ҳушдор медиҳад. Натоиҷи бозёти мо чунин буд: истилоҳан Қуръоне кӯчаке боқӣ монда буд,вале дар он қалби Куръон ҳифз шуда буд.
Шеърхои Исломи
:Usmon Umarov
Фазилати хондани Қуръон
Қуръони карим ҳамон китоби муқаддаси осмонист, ки суди хонданаш барои бандаи муъмин дар дунё ва ҳам дар охират мерасад, барои охират ин ки Худо барои хондани ҳар як ҳарфи он даҳ аҷр медиҳад ва дар дунё барои хонандааш шифо ва оромиро ба ӯ мебахшад. Ибни Масъуд дар ривояте мегӯяд:
وعن ابن مسعود رضي الله عنه قال: قال النبي صلى الله عليه وسلم: (إن هذا القرآن مأدبة الله، فتعلموا من مأدبته ما استطعتم، إن هذا القرآن حبل الله، وهو النور المبين، والشفاء النافع، لمن تمسك به، ونجاة لمن تبعه...، فاتلوه، فإن الله يأجركم على تلاوته بكلِّ حرف عشر حسنات، أما إني لا أقول ألم حرف، ولكن ألف عشر، ولام عشر، وميم عشر )
Паёмбари Худо (с) фармуданд: «Ин Қуръон маъдабаи Худо аст, ҳар чи ки метавонед аз маъдабаи ӯ таоло биомӯзед, ин Қуръон ресмони худовандӣ аст, он нури равшан аст, он шифои судбахш аст, барои касе, ки ба он чанг бизанад, ва наҷот аст барои касе, ки аз он пайравӣ кунад… Куръонро бихонед! Зеро Худованд барои хондани ҳар як ҳарфи он барои шумо даҳ аҷр мебахшад. Ман намегӯям, ки Алиф-Лом-Мим як ҳарф аст, балки Алиф даҳ аст (яъне барояш даҳ аҷр аст), Лом даҳ аст ва Мим даҳ аст»
Худо тиловаткунандагони Қуръонро сутуда мефармояд:
{إن الذين يتلون كتاب الله وأقاموا الصلاة وأنفقوا مما رزقناهم سرّاً وعلانية يرجون تجارة لن تبور ليوفيهم أجورهم ويزيدهم من فضله إنه غفور شكور }
«Ба таҳқиқ онон, ки китоби Худоро (Қуръонро) мехонанд ва намоз мегузоранд ва аз он чӣ ба онҳо додаем, пинҳониву ошкоро садақа мекунанд, умедвор ба тиҷорате ҳастанд, ки ҳаргиз зиён намекунанд. Зеро Худо мукофоташонро ба тамомӣ медиҳад ва аз фазли худ чизе бар он меафзояд. Ба таҳқиқ Худо омурзандаву пазирандаи сипос аст»
(Сураи Фотир: 29-30)
Паёмбари Худо (с) мефармояд:
مثل المؤمن الذي يقرأ القرآن مثل الأترُجَّة، ريحها طيب وطعمها طيب
«Муъмине, ки Қуръон мехонад монанди ҳандалаест, ки ҳам бӯяш хуб аст ва ҳам мазааш лазиз аст» (Бухорӣ ва Муслим)
Ва низ мефармояд:
اقرأوا القرآن فإنه يأتي يوم القيامة شفيعاً لأصحابه
«Қуръонро бихонед, зеро рӯзи қиёмат он (яъне Қуръон) меояд ва аз ёрон ва ҳамнишинони худ шафоат менамояд» (Муслим)
Чи хуб аст, ки банда худ Қуръонро биомӯзад ва дигаронро таълим диҳад, Паёмбари Худо мефармояд:
خيركم من تعلّم القرآن وعلّمه
«Беҳтарини шумо касест, ки Қуръонро меомӯзад ва ба дигарон меомӯзонад» (Бухорӣ)
2- Фазилат ҳифзи Қуръон
Дар бораи ҳифз кардани Қуръони карим низ ҳадисҳои зиёде аз Паёмбари Худо (с) ривоят шудааст, ба гунае, ки инсони муъминро водор месозад то Қуръон ва ё сураҳое аз онро ҳифз дошта бошад, зеро мусалмоне, ки чизе аз Қуръонро азбар надошта бошад монанди хонаи вайрон аст, ки аз он ҳеҷ суде нест. Аз Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (с) мефармояд: «Касе, ки чизе аз Қуръонро ҳифз накардааст, монанди хонаи вайрона аст».
Абуҳурайра (р) ривоят намудаанд, ки Паёмбари Худо (с) фармуданд:
«Аҳли Қуръонро рӯзи қиёмат меоваранд ва Қуръон мегӯяд: Парвардигоро! Ба ӯ подоши нек бидеҳ. Сипас тоҷи каромат бар сари ӯ гузошта мешавад. Пас он Қуръон мегӯяд: Парвардигоро барои ӯ бештар фармо. Сипас ҷоизаи каромат ба ӯ дода мешавад. Қуръон боз ҳам мегӯяд: Парвардигоро аз ӯ хушнӯд шав. Худованд низ аз ҳофизи Қуръон хушнуд мешавад ва ба ӯ гуфта мешавад: Қуръонро бо сӯзи дил қироат кун! Ба хотири ҳар ояте, ки мехонад, хайру неъмат барояш афзун мегардад».
Низ аз Бурайда ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Ҳар кас, ки Қуръонро бихонад ва онро ба дигарон таълим диҳад ва ба он амал кунад, рӯзи қиёмат тоҷе аз нур бар сари ӯ ниҳода мешавад, ки дурахшиши он монанди нури офтоб аст, ва бар тани падару модараш хилъате пушонида мешавад, ки аз ҳамаи дунё боарзиштара аст. Онҳо мегӯянд ба хотири чи ин хилъатҳоро ба мо пушонидаед? Гуфта мешавад: бинобар он ки фарзанди шумо аҳли Қуръон буд»
Дар поён ҳамон гуфтаи Ибни Масъудро ёдовар мешавем, ки фармудаанд:
«Холитарин хона аз хайру баракат ҳамон хонаест, ки чизе аз Қуръон (яъне аз қироат ва ҳифзи он) дар он хона вуҷуд надошта бошад»
Абдулҳаннони Абдурраҳмон
Қуръон дар оташ маҳфуз монд
Холиқи Сангин
(Муъҷиза ё тасодуф?)
Ман аз ин қабл борҳо шунида будам,ки Худованди қодиру тавоно китоби осмонии хеш – Қуръони маҷидро аз ҳар гуна таҳрифу тағйири амдии бандагон ва дар бархе аз маворид аз расидани хар навъ зарару зиён ва осеби моддӣ худ ҳифз ва ҳимоят менамояд. Ҳодисаи аҷибе, ки тобистони соли 1998 дар шаҳри Покачии вилояти Тюмени Русия иттифоқ афтод бори дигар ба эъҷози ғайри башарӣ будани Қуръон ва дурустии ваъдаи Худованд дар мавриди хифзу ҳимояти дину китобаш мӯҳри таъйид гузошт. Яке аз мусалмонони маҳаллӣ бо мақсади қироат дар манзили хеш аз масҷид китоби Қуръонро,ки ҳамроҳ бо тарҷумаи русӣ буд, бо худ ба манзил овард. Вале чанд рӯз нагузашта буд,ки дар манзили марди Қуръон оварда фоҷиаи нохуш рух дод; бар асари оташсӯзии ногаҳонӣ манзили марди қасди Қуръон дошта комилан ба хокистар мубаддал шуд ва аз ҷиҳозу ашёи он чизе боқӣ намонд. Баъд аз оташсӯзӣ соҳибони манзил талош карданд дастикам чизаке аз ашё ва маводи маишии манзил дарёфт намоянд, вале ҳайҳот натавонистанд ҷуз хокистари сӯхта чизе пайдо намоянд. Бинобар нақли шоҳидон оташсӯзӣ хеле муҳиб ва шадид, ба гунае,ки мардум аз тарсу шокзадагӣ қодир набуданд такаллум намоянд ва даст ба иқдоме бизананд. Дуду хокистар, гарду хок ва лулаи обрасонӣ - ин ҳамаи он чизе буд,ки оташсӯзи аз худ боқӣ гузошта буд. Танҳо рӯзи дигар ба ёди ман омад, ки ба соҳиби манзили сӯхта як китоби Қуръон дода будам ва он дар дохили манзил буд. Фикр кардам, шояд аз Куръон баъд аз оташсӯзӣ осоре боқӣ монда бошад. Инро ба соҳиби манзил гуфтам ва ҳар ду аз нав ба ҷустуҷӯи каломи Худо, оне, ки мусибату фоҷиаҳоро бар сари бандагон меорад ва ба лутфу марҳамати хеш ин ҳама балову мусибатҳоро аз сари мо дур месозад, пардохтем. Мардум ба мо мегуфт, наход шумо ин фикрро дар сар дошта бошед, ки метавонед чизе дар маҳалли сӯхтор пайдо намоед? Вале натоиҷи бозрасии муҷаддад ҳамаро буҳтзада намуд: Дар миёни чизҳои дигар сӯхта варақҳои сиёх шудаи дорои матни арабиро пайдо намудем. Худоро шукр намудем,ки чизе аз Қуръон дарёфт намудем. Дар манзил ман варақҳои нимасӯхтаву сиёҳшудаи Қуръонро бо диққат аз назар гузаронидам, то бидонам кадом оёт дар авроқи ёфт шуда боқӣ мондааст. Ҷолиб ин буд, ки мо,ки забони арабиро намедонистем бисёр оятҳо бо забони русӣ ҳифз шуда буданд. Ин мисли он буд,ки тавассути ҳамин чанд варақи сӯхта, вале ҳифз шудаи Куръон Худованд ба мо ҳушдор медод. Дар варақҳои нимасӯхта аз боло чуни ноёт ба назар мерасид: «соате фаро хоҳад расид, онҳоеро, ки бандагии Худоро напазируфтанд, хоҳиши таслим дар баробари амри Худ фаро хоҳад гирифт». Дар порчаи варақи дигар чунин сатрҳо боқӣ монда буд: « Ҳар ойина мо Қуръонро мо ҳидояте барои бандагон нозил кардаем ва онро дар ҳифзу паноҳи худ нигоҳ медорем. Ва дигари оёти боқимондаи Қуръон бандагонро аз омадани рӯзи сахти ҳисоб ва парҳез кардан аз оташи ҷаҳаннам ҳушдор медиҳад. Натоиҷи бозёти мо чунин буд: истилоҳан Қуръоне кӯчаке боқӣ монда буд,вале дар он қалби Куръон ҳифз шуда буд.