Зикру ёди Аллоҳ дар ҳар лаҳзае ва дар ҳар гуна ҳолатҳоятон дар робита бо сифате аз сифатҳояш мешавад. Аҳёнан бо азамат ва кибриёву ҷалол ёдаш мекунед, ва гоҳо бо раҳмату лутфу караму фазлаш. Гоҳо бо қаҳру интиқомаш ва шадидул-азоб буданаш! Ва «ибодати Аллоҳ бо ному сифатҳояш» ҳамин аст. Ва ҳамчунин вобаста ба ниёзҳои шумо мешавад! Дар ҳолате ки маъсияте кардеду иштибоҳе содир шуд, мағфират мепурсед, ва дар ҳоли ибодату тоъату фармонбардорӣ, тасбеҳу ҳамду санояш мегӯед. Ва хулосаи матлаб ин аст, ки шумо илоҳи ҳақро, ки парвардигоратон мебошад, ки соҳиби номҳои зебо ва сифоти комил аст, ёд мекунед.