Ба номи Худои бахшанда ва мехрубон.....
хаети хазрати Марям
Хонум Ханна ва Имрон а.с ду фарзанд доштанд яке писар ва дигаре духтар бади ин ду фарзанд ин Ханна дигар фарзандор нашуд аз байн солхо гузашт доимо тоати Аллохро мекард рузе ин модари азиз Ханна дуо кард Худое бади ин кадар солхои дароз бароям фарзанде насиб гардон ва ман Уро тарбият карда дар хизмати Масчид вобаста мекунам то охирин нафасаш массчидро нигохубин кунаду номи Маро човидон гардонад ин дуое буд ки дархои осмон кушода шуд ва ба Тири хичобат расид ва Ханна хомиладор шуд Ханна гумон дошт ки ин писар аст, хуласи зиед пеш аз тавалудаш хамсараш Имрон вафот мекунад бади вафоти Имрон Ханна тавалуд мекунад ки духтарчаи зебо ва мохбарин хушруй боз дасти дуо мебардорад Эй Худое ман духтар таввалуд кардам гумони ман ин буд ки писар тавалуд мекунам ва Уро дар хонаи Ту хизматгор мефиристам дар ин чо Худованд гуфт: эй Ханна Худои ту АЗ ин донотар аст ин духтаре ки ту тавалуд карди шояд ягон писар ба у баробар шуда натавонад ва е мартабае ба ин духтари ту ояд шояд дар ягон писар наояд барои хамин ман аз вадаи ту хабардор ки будам ин духтархам бошад уро дар хизмати Масчит месупори.Ханна гуфт:эй Худое ман номи ин духтарчаамро Марям гузоштам то ин ки доимо тоату ибодати туро кунаду АЗ хама харомкардахои Ту дур истида. Марями дуструякро модараш Ханна то сини 2 солагиаш калон кард бурда ба масчид супорид чунки ин ахди худаш буд. Дар он масчит язнааш Яьне Шуи апааш Закарие Имом буд хам паембари Худо буд хамаи сокинони маччид чам шуданд то ин ки яке АЗ онхо марямро бурда дар хонааш то сини 6 солагиааш тарбият кунаду сипас оварда дар масчид супорад чунки Марям моли масчид буд Закарие гуфт:Марямро ман бурда калон мекунам АЗ хамаи шумо дида ба ман наздиктар аст апаи У хамсари ман аст Марямро хуб нигохубин мекунад шайххо гуфтанд не мо Марямро меберем хулас гуфтанд инхел намешавад курра мепартоем Марям да курраи касе баромад Марямро хамон мебарад куррахоро таер карданд назди даре рафтанд гуфтанд харкадомамон ин куррахоро ба ин даре мепартоем курраи кадоми рост истод дар мукобили об Марямро у мегирад.хама шайххо куррахоро партофтанд об куррахои онхоро бурд, вахти навбати Закарие а.с шуд курраи худро партофт бо фармони Худо курраи Закарие дар мукобили об рост истод ба Монанди як сутуме ки дар замин мекуби рост меистад хаминхел рост истод ва Марямро бурда то сини 6 солагиаш калон кард.Марям худ ба худ коркунак шуд Закарие а.с УРО гирифта овард дар боми Масчит хоначае барои зисташ сохту дар ончо Марями 6 соларо монд то ин ки хизмати Масчидро кунад. Марям масчидро меруфт тоза мекард ва боли ин у доимо тоати Худоро мекард бисери холатхо Марям руза мегирифт Закарие гох-гох ба хабар гирии Марям мерафт дар чои хоби Марям чизхоера медид хайрон мешуд дар фасли замистон дар назди Марям хар нави мевахоро медид сипас ба у гуфт: эй Марям дар ин вахт дар ин мулки Шом мева нест ин мевахо АЗ кучост Марям гуфт: эй паембари Худо Закарие ин мевахо аз чониби Худованд аст барои ман фиристод. Закарие як таконе хурду гуфт: эй Худое ту ба хама кор кодиру тавоно хасти ки дар ин вахт дар ягончой мева нест баро Марям мева медихи чи мешавад ки барои ману хамсарам дар ин сини пириямон фарзанд насиб гардони ки бади ман номи маро човид гардонад Закарие бефарзанд буд солаш ба 90 расидаги буд хамсараш апаи Марям буд соли вай хам ба 70 расидаги буд ин дуои Закарие а.с ба ичобат расид Парвардигор гуфт:эй Закарие ман барои ту писаре медихам ки у паембар мешавад номаш Яхе а.с аст пешбарандаи китоби инчил ва дусти Исо мешавад хамаи гумрохонро ба рохи хак дават мекунанд дар Боби Закарие ва писараш Яхе ягон вахти дигар сухбат мекунам,холо мавзу дар Боби Марям аст. Марям 14 сола мешавад рузе берун АЗ масчид меравад барои коре дар чое мерасад ки ончо касе нест ва берун аз махалаашон аст, дар пешаш як чавон мебарояд чунон зебо аст ки АЗ дидани ин чавон Марям норохат мешавад ва дар хичолат мемонад. Марям мегуяд эй чавони зебо аз ту ба Аллох панох мебарам дар ин чойи беодам эй чавон ман аз он духтархое нестам ки ба ман наздик шави агар нияти бад дошта боши аз Худо тарсу ба ман кор нагир мон ки ман равам. базе ровиеи китоб мегуянд он чавони зинокори яхуди буд амо бе далел аст. Ин киссаро ибни Аббос ривоят мекунад ки он чавон чабраил а.с буд ки гуфт: эй Марям АЗ ман натарс ман пайки Худо Чабраил хастам барои ту АЗ чониби Аллох хабари хуш овардам ки ин муждаро ба ту расонам. Марям гуфт: чи муждае АСТ? Чабраил гуфт Худованд барои ту фарзанде насиб мегардонад ки у паембар ИСО а.с аст ва у хама мушрикону яхудихоро ба якто парасти дават мекунад. Марям гуфт: эй Чабраил ман шавхар надорам чихел мешавад ки бе шавхар ман фарзанд ба дуне биерам. Чабраил а.с гуфт Худо ба хама кор кодир аст вахте Одам алайхи саломро офарид дар кучо падару модар дошт ин хукми Иллохи аст ки АЗ ту бе Падар фарзанд ба дуне биеорад барои ту ин мушкил аст ки хама яхудихо туро маломат мекунанд ва ба ту бовар намекунанд ки ту бе шавхар тавалуд карда боши. Марям 14 сола буд дар ин сол хомиладори осон нест аммо Худованд ба у кувват дод ва бо як калимаи Кум Исоро дар батни марям пайдо кард Манои калимаи Кум пайдо шав мешавад. Базе муфасирин мегуянд Марям дар байни 3 соат хомиладор шуду тавалуд кард аммо ин бе далел аст Марям мисли занхо хомиладори кард 9 мох Исоро дар батнаш нигах дошт вахти охири хамлаш шуд берун аз махала рафт дар он дашт як дарахти хушк шуда буд дар назди он шишт дар фикр афтод чи гуна ман тавалуд мекарда бошам гамгин шуда буд Чабраил .а с АЗ дури посбонии Марямро мекард ва садо баровард гуфт: эй Марям ту танхо нести Аллох туро нигах дорад пушт ба дарахт зан ба мучарази пушташро ба дарахт расондан дарахти хушк шуда сабзид ва хурмохои тару тоза дар он дарахт пайдо шуд.Исои хурдакакро тавалуд кард ва Чабраил а.с гуфт Марям даст ба навдаи ин хурмо зан то ин ки АЗ ин хурмо тановул куни дар инчо малум мешавад ки хар занеки бади тавалуд хурмо хурад барояш хуб аст агар чизи дигаре барои хурдани бад аз тавалуд хуб мешуд албата худованд хамончизро пайдо мекард барои Марям инхам як далели занхои тавалуд карда шуда аст ки хурмо хуранд бади тавалудашон ин барояшон хуб аст. Сипас Марям Исоро бо матохои бихишти печониду бо сари хам ба суи махала рафтан гирифт худ ба худ фикр мекард ки ман чи гуна ба халки махала мефахмонам Худованд дар инчо гуфт: Марям ту зик нашав ба махала ки рафти аз ту пурсиданд ки ин кудакро АЗ кучо оварди ту гап назан танхо барошон бигу аз кудак пурсед худаш чавоб гуяд.Яхудихо Вахти мебинан ки Марям дар дасташ кудак ба суи махала омадаистодааст уро ман мекунанд мегуянд эй Марям ох ту касе нести ки ба ин ифлоси даст зани ин кудаки ту АЗ кучост падари ту Имрон бисер инсони Худотарс буд модарат Ханна доимо шабу руз тоати Худоро мекард ох ту харомзода аз кучо пайдо шуди ки харомиро ба худат раво диди фикри авлоди покатро накарди Марями зебо сараш хам чизе намегуфт дар ончо як яхудие садо баровард ки ин аз Закарие шавхари апааш хомила шуда тавалуд кард Закарие а.с рохи гурез кофт ва яхудихо уро аз пасаш сур карданд дар як чои чангалзор расиданд Закарие дуо кард Худое ба ин дарахт амр кун то маро печонад дар дарунаш Худованд дарахтро амр кард Закариеро дарахт дар дарунаш пинхон кард Шайтони лаин чомаи Закариеро кашиду камеашро намоен кард яхудихо фахмиданд ки Закарие дар даруни ин дарахт аст ара оварда дарахтро мебуранд Закариерохам бо буридани дарахт калаашро мебуранд ин яхудихои худо нотарсон АЗ хамон давраи паембарон то хозир яктопарастонро азоб метианд Худо онхоро нобуд гардонад.Боз гаштанд ба назди Марям бисер маломат карданд гапхои кабех гуфтанд Марям гуфт: аз худи кудак пурсед ба шумо чавоб медихад яхудихо гуфтанд ту модараш хасти забону акл дори аз омадаат хич сухане нагуфти ин кудаки навзод чихел ба саволхои МО чавоб медихад ба шунидани ин сухан Исои навзод чашмонашро кушода дар огуши модараш рост истоду гуфт: аввали суханаш ин буд ки ман бандаи худоям нагуфт ки ман писари худоем е инки шарики худоям шумо Маро ва модарамро парстед инхел нагуфт сухани аввалаш ман бандаи Худоям ва У Маро бо китоби инчил ба назди шумо паембар фиристод то шуморо ба рохи рост хидоят кунам ва шуморо аз бихишту дузахт хабардор кунам хама яхудихо бо шунидани ин сухан каме ором шуданд ва Марямро ичозат доданд ба хонааш равад.
Ман инкиссаро хеле кутох навистам иншоАллох хаминаш барои шумо кифояги мекунад.....
Худованд тавфиқатро зиёд гардонад бародари азиз!!!