ХАЁТ ЧИ КАДАР ЗЕБОСТ !

Духтар хусни бехамто дошт! Аз дигар духтархо куллан фарк мекард. Ниггохи у нисбати хаёт хеле чидди буд. Духтар 18 сола буд. Дар хусн у бехамто буд. Барои он ки зебо ва дилкаш буд, талабгорони бисёр хам дошт. Аммо у ба он чавононе, ки бар атрофи у парвона буданд эътибор хам намедод. Духтар интизори мухаббати гайриодди буд. У боварии комил дошт,ки рузе аз рузе ба чунин мухаббати орзунамудаи худ ру ба ру хохад шуд. Рузе аз рузхо у ба дарс даромада дар руи партааш дастаи гули сурх ва дар банди гул дастхатеро мебинад, дар он чо чунин навишта шуда буд- «ХАЁТ ЧИ КАДАР ЗЕБОСТ!» Аз чи бошад ки дар лабони духтар табассуми ширине хувайдо шуда, дар калбан эхсос кард… Чанд руз ин хол такрор шуд. Духтар мехост фахмад сохиби ин гул ки бошад? Дар яке аз рузхо духтар аз хоб хеста, тирeзаашро кушод, сахнае, ки у дар рубаруяш дид, хаячоновар буд. Дар девори сафеди дукони гулфурушии рубару, расми диле кашида, дар дохили онрасми дил харфи аввали номи духтарро навишта буд, аз хама ачибаш он буд, ки дар поёни расм он дастхати сехрнок дида мешуд. «ХАЁТ ЧИ КАДАР ЗЕБОСТ!» Тамоми он рузхо фикри духтарро он чавони сехрнок банд мекард. Духтар хис мекард, ки чавон низ нихони зиндагии уро мушохида мекунад. Хамеша аз байни одамон акси уро чустучу мекард. Духтар, ки аввалхо хаёливу ором мегашт, акнун аз лабонаш табассум дур намерафт. Табассумаш ачаб чозибадор буд. Духтар. Гуле ки ба у фиристода мешуд бо завк буй мекард ва ба назараш зиндаги боз ширинтар менамуд… Як рузи бахори духтар дар хиёбон бо дучарха сайр мекард, ки занчири дучархааш баромад, мехост онро чо ба чо кунад, лек аз дасташ намеомад. Хамин лахза чавони дучархасворе ба наздаш омада истод. - Бубахшед ёрдам даркор аст. - Рахмат… Не ман, худам... - Мана ин тавр бояд шавад- у занчирро ба чояш гузошт. - Рахмат… Духтар ба чавон бо диккат нигарист. Чавони хушкаду комат, дар лабонаш ачаб табассуми ширине хувайдо буд - Намеарзад - кутохакак чавоб дод ва сурудеро хуштаккашон замзама карда аз духтар дур шуд. Духтар бошад аз кафои чавон бо нигохи хайратомез менигарист… Аз таърихи пайдо шудани ГУЛХОИ СУРХ кариб як мох гузашта буд, лекин холо хам барои духтар сохиби ГУЛХОИ СУРХ хамчун муаммо монда буд. Рузе аз рузхо духтар аз донишгох каме дертар ба хона бармегашт. Осмонро абри тира гирифта борон меборид. Раъд мегуррид, хаво торик мешуд. Духтар бо максади доштани такси ба истгох наздик шуд. Гарчанде хонааш наздик бошад… Дар истгох касе набуд. Хамин вакт овози ширини шинос ба гушаш расид- - Бубахшед ёрдам лозим аст. Ин хамон чавони дучархасавори пагохирузи вохурдааш буд. Аз чи сабаб бошад худаш хам намедонист, аз дидани он чавон чехрааш кушода шуд. Лекин хурсандиашро аз чавон пинхон кардани мешуд. - Не, лозим нест, худам… - Ба фикрам борон холо дурудароз меборад. - Чи шумо мехохед, ки маро бо мошинатон ба хона баред, - Фикри бехтаре дорам. Чавон шитобон ба кучое рафт ва дар даст ду чатр яке сафеду дигар сурх баргашт. - Бахор дар ин хел рузхои борони сайр кардан ачаб кайфияте дорад. Онхо пахлуихам мерафтанд. Духтар аз дил мегузаронд ки сохиби ГУЛХОИ СУРХ хамин чавон бошад У донистан мехост. Барои хамин эхтиёткорона ба гап огоз кард. - Шумо ба хар як духтари аз пешатон мебаромада ёрдам мекунед? Ба хар якаш не ба хамааш… Онхо хандиданд… Вакте ки сари чорроха омаданд, духтар эътибор медод, ки чавон ба кадом тараф мегардад. Вакте чавон беихтиёр ба самти хонаи духтар гашт, духтар аз фикраш гузаронид ки ин хамон чавон аст. - Хато накунам дуруст рафта истодаем- гуё фикри духтарро фахмида буд чавон. - Ха наздик омадем - дилтанг мешуд духтар. - Мархамат карда гуед чи хаётро чи хел таъриф мекунед. - Ба фикри ман хозир вакти ин хел саволу чавоб кардан нест.- ширин табассум кард чавон. Онхо ба хонаи духтар наздик шуданд. Мана ба хонаамон наздик шудем он тарафаш худам меравам, рахмат ба шумо. - Соябонро барои худ монед, ба ман сафедаш хам мешавад. - Эй худо ин чавон аз кучо медониста бошад ки ман ранги сурхро дуст медорам.? - Хайр ман рафтам. Духтар баъди якчанд кадам дур шудани чавон уро фарёд кард. - Эй, ба саволи ман чавоб надодедку? Чавон дар лабон бо хамон табассуми ширин чавоб дод. - ХАЁТ ЧИ КАДАР ЗЕБОСТ!. Дили духтар тез- тез мезад, у хатто садои дили худро мешунид. Чавон бошад хамон суруди ширинро хуштаккашон замзама карда аз у дур шуд. Аз пагохии хамом руз аз чи сабаб бошад, ки барои духтар дигар гулдаста намеомадаги шуд. Хаёли духтар парешон буд. Вай доим дар орзуи он буд ки хозир чавон аз кучое- «БУБАХШЕД БА ШУМО ЁРДАМ ДАРКОР АСТ»-гуён пайдо мешавад. Лекин на аз чавон ва на аз гулдаста дараке буд. Дар ду се рузи охир духтар хеле дилтанг менамуд, у хатто боре бидуни ихтиёр гириста фиристод. Ха… Духтар ошик шуда буд, инро худаш намефахмид. Рузе он овози форамро шунид. - Салом. - Салом.- чавоб гардонид духтар. - Рози бошед каме сайр мекардем. - Дар рузхои беборони сайр кардан хам завке дошта бошад? - Албатта. Онхо якумин бор дар хиёбоне, ки нахуст вохурда буданд сайр мекарданд.Онхо дар хар мавзуъ сухбат мекарданд ва нихоят чавон ба духтар як дона ГУЛИ СУРХ пешниход кард. Гул бе дастхат буд. Духтар саволомез ба у нигарист. Чавон чун харвакта табассуми ширин мекард. Мана он чи ки интизораш хасти. Чавон кафи дастонашро кушода ба духтар нишон дод. Дар кафи дастон бо хати зебо чунин навиштачот буд. - ХАЁТ ЧИ КАДАР ЗЕБОСТ!. Рузхо монанди хоб хушу гуворо мегузаштанд. Баъди вохурии онруза духтар дарк кард ки чавонро дуст медорад. Духтар аз он ки, ба ишки хаёлиаш муваффак шуда буд, хурсандиаш каноре надошт. Чи хел мухаббати зебое… Чавон рассом буд,ба духтар хар хел манзарахои зебову дилкашро нишон медод. Духтар гуё ба олами афсонаи хаёлхои худ афтида бошад худро хушбахт мешуморид. Чавон расми духтарро дар руи тахтае кашида ба у тухфа кард. Расм хеле нозук ва чозибадор кашида шуда буд. - Чаро расми маро дар байни абрхо кашидед?- пурсид духтар. - Чунки ту фариштаи ман хасти. Чавоб дод чавон. Хар лахзаи ин ошики ширину гуворо мегузашт. Духтар магрури ишк хатто хаёл хам намекард, ки такдир чи имтихонхое барои у тайёр кардааст. Тирамох шуд. Рузи вохуриро духтар хеле мунтазир шуд, чавон наомад. Пагох вакте, ки онхо хамдигарро вохурданд, чавон ба назар парешонхотир менамуд. Чавон табассум мекард, лекин дар паси табассум чашмони махзунро мушохида кардан душвор набуд. - Чи шуд? - Хеч, узр дируз омада натавонистам. Духтар медонист, ки чавон дакикае хам дер намекард, барои хамин дар таачуб афтод. Лекин хамон руз чавон чизе нагуфт. Дигар рузхояшон хуш мегузашт, лекин духтар дар чашмони чавон як маънои нихонеро пай мебурд чавон харакат мекард бо духтар тез- тез вохурад. Як руз бошад духтар дар хиёбон омадани чавонро хеле интизори кашид. Аз чавон дараке нашуд у хост ки равад. Лекин хамин вакт чавон пайдо шуд. - Салом. - Салом. - Ха чаро мелангед, поятон дард мекунад, чи? - Хеч гап не, аз дучарха афтидам барои хамин, мелангам. Онхо дар чои вохури нишаста гуруби тиллоии хуршедро тамошо карданд. Аз чи сабаб бошад, ки дили духтар гаш буд, ба назари у чунин менамуд, ки онхо гуёбори охирин пахлуихам менишастанд...Рузи дигар духтар хабар ёфт, ки чавон ба беморхона афтидааст. Вай тез ба беморхона расида омад. Уро ба назди чавон даромадан намонданд. Духтар фахмид, ки чавон ба касалии вазнин гирифтор шудааст. Вакте касалаш авч мегирад ба беморхона меоранд. Ба у харакат мумкин набуд лекин у гурехта ба хиёбон омада будааст. Мана окибат у пойхояшро хис намекард. Шал шуда буд. Бадани духтар ларзид. У худро дошта натавониста гирист. Вакте, ки чавон бедор шуд, ба духтар ичозати даромадан доданд. Чавон рангпаридаю бехол, руболо мехобид. -Медони чи - охиста ба гап даромад чавон - Туро якумин бор дар синфи 7- ум дида будам, хамон вакт дар сар лентаи сурх карда буди, хеле зебо буди, аз хамон вакт фикри бо ту якумр зиндаги кардан ба ман пайдо шуда буд. Лекин гумон надоштам ки сарнавишт дигар чи мехостааст. - Бас, илтимос ин хел нагуед.- духтар талх мегирист. - Гиря накун, наздиктар биё. Духтар наздик шуд. Чавон рухсорахои уро навозишкунон гуфт - Кадом вакте ки хаёт туро гам медихад,кадом вакте ки касеро ба ёд меори оби дидагонатро ин тавр пок карда парто,- гуён чавон бо ангуштон ашки чашмони духтарро пок кард, чунки «ХАЕТ ЧИ КАДАР ЗЕБОСТ!». Он шаб духтар то кариби руз гирист. Хамон шаб у дарк кард, ки чавонро чи кадар сахт дуст медорад. Ман якумр бо у мемонам, ба худ карор дод духтар. Пагох духтар чавонро аз касалхона наёфт. Ба у гуфтанд, ки чавонро ба мамлакати хорича фиристоданд. Духтар ба девор такя карда монд. Аз сараш хаёлхои хархела дур намешуданд. Чаро!... Хамин вакт хамшираи шавкат ба у гулдастаи сурхе оварда дод. Духтар аз банди гул дастхатеро гирифта, бо дастони ларзон кушод, дар он дастхат чунин навишта шуда буд. - Медони чи духтурхо мегуянд? Барои зинда мондани ман умеде нест, инсулт руз аз руз вазнин мешудааст. Ман медонам, ки ту маро партофта намерафти. Лекин ман хушбахтии туро мехохам. Ман ба чойхои дур меравам. Медони-а ман туро чи кадар сахт дустат медорам. Агар ту хам маро заррае дуст дори, ИЛТИМОС аз ту барои хардуямон хушбахтона зиндаги кун. Хеч гиря накун. Хангоми гиряат дон, ки дили ман хам гамгин мешавад. Хубми? Мумкин ман пагох аз хоб дигар намехезам. Лекин ХАЁТИ МАН ЗЕБОСТ чунки давомдихандаи он ту хасти… Духтар мактубро ба дидагонаш молида хеле гиря кард. У ду сол бо хотирахои чавон зиндаги кард. У мекушид, ки васиятхои чавонро ичро кунад, гохе ба назараш менамуд, ки чавон пинхони аз кучое мисли пештара назорат дорад. Бо чавоне хонадор шуд, аммо бо хотирахои худ зиндаги мекард. Вакте ки писардор шуд уро бо номи хамон чавон номид. Лекин такдир ба духтар имтихонхои нав тайёр мекард. Аз таваллуди писараш каме нагузашта, шавхараш ба садамаи автомобили дучор шуда аз олам чашм пушид. Ашки духтар боз равон шуд. - Эй такдир чаро ту ин кадар баром имтихони зиёде дори??? Бо ин азобхо ман то кай зинда хохам монд… Яке аз паси дигаре наздиконамро аз ман ддур месози… БАС АКНУН!!! Аз байн 4- сол гузашт. Акнун барои духтар писарчааш ва хотирахояш боки монда буду халос. Писарашро ба богча бурд, дар бозгашт ба хамон хиёбон омад «ХАЕТ ЧИ КАДАР ЗЕБОСТ», Духтар хамон чавон ва хандахои ширини уро ба ёд овард. Аз байн 8- сол гузашта бошад хам, лекин мухаббати чавон дар дили духтар катрае хам кам нашуд, бар замми ин баракс руз то руз меафзуд. Баъди ба хона баргаштан у гуё хис мекард, ки имруз дилаш дигар хел тапидан дорад. Духтар куттие ки «ХОТИРАХОИ ШИРИН» номида буд, гирифта охиста кушод- Хамон расми дар тахта кашидашуда, соябони сурхранг ва дасхатхо… Хамаашро як як дида баромад ва беихтиёр ашк аз чашмонаш чори мешуд. Писарчааш ба хона даромада, модарро гирён дид ва ба модар наздик шуда гуфт: - Модарчон кадом вакте, ки хаёт шуморо гам медихад, кадом вакте ки касеро сахт ёд мекунед ашкро ин тавр пок карда партоед. Модар ба писарчааш ки ашки чашмонашро пок мекард бо хайрат нигарист. - Инро ки... ки ба ту гуфт писарам? Як мард, модаратро хеч гох хафа накун гуфтанд, номамро пурсиданд. Ба ман расмкаширо хам ёд доданд. Дили духтар монанди хамоншаба ба задан даромад. Чавон он шаб бори аввал «ХАЁТ ЧИ КАДАР ЗЕБОСТ!»- гуфта буд. Наход у зинда бошад. Духтар ба худо нола кард ки аз орзуяш ноумед накунад. Пагох ба богча омад. Муаллими расмро пурсон шуд.Уро ба хонае дароварданд. Духтар расми нав кашидашударо шинохт. Ин хамон расми аз тиреза дидааш буд. Расми дил дар байни он харфи якуми номи духтар навишта шуда буд. Духтар дар хаячон буд. Дилашро гургон тала мекарданд. - Бубахшед ёрдам даркор аст.- овози форам, овозе ки духтар 8 сол интизораш буд, шунида шуд. Пас гашта суи овоз нигарист, дар рубаруяш хамон чавоне ки бо табассуми ширин ром карда буд, меистод. Чавон дар хорича 3-сол табобат гирифта, 2- соли дигар бо аробачаи маъюби гашта охиста-охиста тамоман сихат ёфта буд. Онхо ба якдигар дурудароз нигаристанд. Духтар дар пеши худ хамон чавони зебои хуштабассумро медид. Духтар баъди 8- соли чудоиву хичрон бори аввал аз хушбахти мегирист. Чавон ба духтар наздик шуд. - Кадом вакте ки хаёт туро гам медихад, кадом вакте ки касеро сахт ёд мекуни, ашкро ана ин тавр пок карда парто. Чумлаи ояндаро бошад, онхо баробар такрор карданд, охир- - «ХАЁТ ЧИ КАДАР ЗЕБОСТ

Комментарии