Муҳаммад Содиқов
14 апр

🔸🔹 ПУРСИШ ВА ПОСУХ 🔹🔸

🔸 Матни пурсиш:
Оё мард метавонад бе далил ва аз рӯйи майл занашро талоқ диҳад?
Оё мард метавонад ғиёбӣ дар ҳузури ду шоҳид занашро талоқ диҳад?
Оё зан метавонад ба далили мушкилдор будани мард дар бачадор шудан аз ӯ талоқ бигирад? Таклифи зан чист? Хуб зан бача мехоҳад вале мард мушкил дорад.
🔸 Матни посух:
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1 . Талоқ додани зан бидуни далил уқалойи нест ва зоҳиран ҳеҷ оқиле занашро бидуни далил талоқ намедиҳад; Чароки дастким аз чизе дар ӯ кароҳат дорад ва кароҳат доштан аз чизе дар ӯ далил маҳсуб мешавад. Бо ин васф, метавон гуфт ки назар ба умум ва итлоқи оёт ва ривоёт, талоқ додани зан ба ҳар далил «Саҳиҳ» аст ва мурод аз «Саҳиҳ» он аст ки воқеъ мешавад, на инки «Мубоҳ» аст; Зеро талоқ додани зан назар ба мафосиде ки барои фард ва ҷомеъа дорад, ҳеҷ гоҳ мубоҳ нест, балки баста ба далили он гоҳе ҳаром, гоҳе макрӯҳ, гоҳе мустаҳаб ва гоҳе воҷиб аст; Ба ин тартиб ки ҳаргоҳ бидуни айбе дар ақида ё амал ё зоҳири зан ва танҳо ба қасди озурдани ӯ бошад, ҳаром аст; Чароки Худованд фармуддаст: ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/3930/

Комментарии

Комментариев нет.