5 апр 2018

ҚИССА!

То охираша хонед
Шахсе ба писараш васият кард, ки пас аз маргам чуроби кухнае ба поям бипушонед, мехохам дар кабр дар поям бошад.
Вакте ки падараш фавт кард ва часадаш руйи тахтаи шустушуй гузоштанд, то гусл бидиханд, писар васияти падари худро ба олим изхор кард. Вале олим мамониъат кард ва гуфт: Тибки асоси дини мо хеч майитро ба чуз кафан чизи дигаре пушонида намешавад!
Вале писар бисёр исрор варзид то васияти падарашро ба чой оваранд. Саранчом тамоми уламои шахр якчо шуданд ва руйи ин мавзуъ машварат карданд, ки саранчом ба мунокаша анчомид...
Дар ин мачлис бахс идома дошт, ки ногахон шахсе вориди мачлис шуд ва номаи падарро ба дасти писар дод. Писар номаро боз кард, маълум шуд, ки номаи падараш аст ва ба садои баланд хонд: Писарам! Мебини бо вучуди ин хама сарват ва дорои, хатто ичоза нест як чуроби кухнаро бо худ бибарам.
Як руз марг ба суроги ту низ хохад омад, хушёр бош, ба ту хам ичозаи як кафан бештар нахоханд дод. Пас кушиш кун аз дороие, ки бароят гузоштаам истифода куни ва дар рохи неку хайр ба масраф бирасони ва дасти афтодагонро бигири, зеро ягона чизе ки бо худ ба кабр хохи бурд, хамон аъмолат аст.

Комментарии