- вчера 11:51
Дар Душанбе намояндагии "Хадамоти шиноснома ва раводид"-и ВКД-и Русия ифтитоҳ меёбад.
Маросими ифтитоҳ 28 майи соли равон бо ширкати вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколсев ва мақомдорони тоҷик дар назар аст.
"Дар маросими ифтитоҳ муовини якуми вазири корҳои дохилии Русия Горовой Александр Горовой, сардори Сарраёсати муҳоҷирати ВКД Русия Велентина Казакова ва иҷрокунандаи вазифаи директори генералии КВД “Хадамоти шиноснома ва раводид”-и ВКД Русия Олег Молодиевский низ ширкат хоҳанд кард”, - гуфт манбаъ.
Бино ба иттилоъи он, иқдоми мазкур дар пайи мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар амри татбиқи муқаррароти Созишнома бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Русия гирифта шудааст. - 26 мая
- 25 мая
Ду шаҳрванди Тоҷикистон ба далели омодагӣ ба ҳамлаҳои террористӣ дар Беларус боздошт шуданд.
Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии Беларус Наталя Сахарчук хабар дод.
"Кормандони Сарраёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил ва коррупсияи ВКД бо дастгирии Дастаҳои махсуси вокуниши фаврӣ дар шаҳри Минск ду шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир намуданд, ки қасд доштанд дар Тоҷикистон амалҳи террористӣ анҷом диҳанд", - шарҳ дод ӯ ба РИА Новости.
Сахарчук афзуд, онҳо аллакай ба ватанашон истирдод шуда, ба кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД Тоҷикистон супурда шудаанд. - 23 мая
- 23 мая
Раҳмон Алиевро ба Тоҷикистон даъват кард
Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ пас аз мулоқот бо раҳбари Озарбойҷон эълон кард, ки Илҳом Алиевро ба Душанбе даъват кард.
“Мо бо камоли майл дӯст ва бародари гиромиам Илҳом Ҳайдарович Алиевро ҷиҳати анҷом додани боздид аз Тоҷикистон даъват кардам”, - гуфт Раҳмон. - 15 мая
Давлатзода хост пулҳои зиёфат ё оши тӯй барои корҳои хайриявию эҳсонкорӣ сарф шаванд.
Сулаймон Давлатзода раиси кумитаи дин, дар парлумон маҳдудиятҳои нав дар гузаронидани тӯйҳоро шарҳ дод.
Ба гуфтаи вай, дар моддаи 12-и лоиҳаи қонуни мазкур илова ба муқаррароти мавҷуда оид ба тӯйи домодию арӯсӣ, гузаронидани на зиёда аз ду маърака дар тӯйҳо пешбинӣ гардидааст.
Вай таъкид кардааст ки, ташкили маъракаҳои дигари бо тӯйи домодию арӯсӣ алоқаманд манъ карда шуданд.
“Ба ҷойи додани зиёфат ё оши тӯй ба шаҳрвандон имкони сарф намудани маблағҳо барои корҳои хайриявию эҳсонкорӣ, аз ҷумла таъмири роҳ, кашидани хатти об, сохтмон ва ё таъмири иншооти иҷтимоӣ ва пулҳо пешниҳод шудааст”, - гуфт ӯ. - 14 мая