Наҷотбахшони тоҷик ба Туркия расиданд

КҲФ хабар дод, ки ҳавопаймо бо имдодгарони тоҷик субҳи имрӯз дар фурудгоҳи Истамбул фуруд омад.

Зикр гардид, ки наҷотбахшон ҳамроҳ бо худ тамоми таҷҳизоти садамавӣ ва наҷотро низ бурданд.
"Дар ин ҳайат мутахассисони баландихтисос, духтур-ҷарроҳ ва травматологи соҳибтахассус шомил шудаанд", - омадааст дар хабарномаи КҲФ.
Тоҷикистон бори нахуст имдодгарони худро ба хориҷи кишвар барои расонидани кумак сафарбар кард.
Наҷотбахшони тоҷик ба Туркия расиданд

Комментарии