Ҷиноятҳои таҷовус ба номус ва авбошӣ дар Тоҷикистон зиёд шудааст.


Дар ин бора Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии кишвар зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта 1414 ҷинояти авбошӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам нисбат ба як соли пеш 187 ҳолат бештар аст.

Ҳамчунин 47 ҷинояти таҷовуз ба номус дар як соли гузашта сабт шудааст, ки дар қиёс ба соли 2022, 10 ҳолат зиёдтар аст.

Дар умум бошад, давоми як соли сипаришуда 21319 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.

Комментарии

Комментариев нет.