Нақшаи даъват 68,4% иҷро шуд.

Боз ду ноҳияи вилояти Хатлон нақшаи даъвати баҳории навҷавонон ба сафи артиши Тоҷикистонро иҷро намуданд.

13 апрел ноҳияи Носири Хусрав ва 15 апрел шаҳри Норак низ аз иҷрои ин чорабинӣ пеш аз муҳлат хабар доданд.

Қаблан ноҳияҳои Вахш, Фархор, Муъминобод ва Хуросони вилояти Хатлон аз иҷрои нақша хабар дода буданд.

Ба иттилои Комиссариати ҳарбии вилоят ба ҳолати 14 апрел рафти даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ҳудуди Хатлон 68,4 фоиз иҷро шудааст.
Нақшаи даъват 68,4% иҷро шуд.

Комментарии

Комментариев нет.